Асосӣ Мақолаҳо ФАЗИЛАТИ МОҲИ МУҲАРРАМ

ФАЗИЛАТИ МОҲИ МУҲАРРАМ

ФАЗИЛАТИ МОҲИ МУҲАРРАМ
2022-08-01
1675

          Моҳи Муҳаррам нахустин моҳ дар солшумории ҳиҷрии қамарӣ ба шумор меравад. Дар соли 16-и ҳиҷрӣ дар замони хилофати ҳазрати Умар ибни Хаттоб (рз) бо машварати саҳобагони Паёмбар (с) ва бо таъйиди ҳазрати Усмон ибни Аффон (рз) ва ҳазрати Алӣ ибни Абӯтолиб (рз) ибтидои солшумории ҳиҷри қамариро моҳи Муҳаррам муайян кардаанд. Ин моҳест, ки Худованд онро ба худаш нисбат додааст, зеро ин моҳ саршор аз файзу баракат ва неъматҳои бешумор мебошад, рўзҳои ин моҳ беҳтарин рўзҳо баъд аз моҳи Рамазон барои рўза доштан мебошанд. Худованд мефармояд:

«Ҳаройина шумори моҳҳо назди Худованд дувоздаҳ моҳ аст дар китоби Худо, рўзе, ки осмонҳо ва заминро офарид, аз он ҷумла чаҳор моҳи ҳаром аст, ин аст дини дуруст, пас дар он чаҳор моҳ ба хештан ситам макунед». (Тавба; 36)

Мурод аз чаҳор моҳи ҳаром: Зилҳиҷҷа, Муҳаррам, Сафар, Рабиъу-л-аввал мебошад. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки тибқи ҳисобҳои тақвимӣ имсол моҳи Муҳаррам ба рўзи шанбе 30-юми июл рост меояд.

         Баъзе фазилатҳои ин моҳро дар ин ҷо мухтасаран зикр мекунем.

1. Нисбат додани Паёмбар (с) ин моҳро ба Худованд, (Шаҳруллоҳил-Муҳаррам) баёнгари он мебошад, ки ин моҳ назди Худованд ҷову манзалат ва хусусияти худро дорад.

2. Рўза гирифтан дар моҳи Муҳаррам: Абӯҳурайра (рз) аз Паёмбар (с) ривоят мекунад, ки он Ҳазрат (с) фармуданд: Беҳтарин рўза баъд аз моҳи Рамазон моҳи Худованд аст, ки Муҳаррам ном дорад.

3. Рўзи Ошўро дар моҳи Муҳаррам аст: Худованд ҳазрати Мусо (а) ва қавмашро аз зулму ситами Фиръавн дар ҳамин руз наҷот дод ва қавми Фиръавнро дар об ғарқ кард. Яҳудиҳо дар ҳамин рўз, ба хотири наҷот ёфтанашон, рўзаи шукрона мегиранд, Паёмбар (с) дар ин маврид мефармояд: Аз яҳудиҳо мо ба Мусо (а) наздикем, пас шумо ҳам рўзи Ошўроро пос доред.

4. Худованд ба ин рўз қасам ёд кардааст: Худованд дар сураи Фаҷр қасам ёд кардааст, чунонки мефармояд: Савганд ба шабҳои даҳгона. (Сураи Фаҷр; ояти 1)

5. Моҳи Муҳаррам беҳтарин моҳҳои сол ба шумор меравад, зеро аввалан Паёмбар (с) ин моҳро ба Худованд нисбат додааст, сониян беҳтарин моҳи чаҳоргона аст. Дигар ин ки беҳтарин рўзҳои ин моҳ даҳаи аввали он аст ва беҳтарин рўз рўзи даҳуми ин моҳ, яъне рўзи Ошўро мебошад.

6. Ҳаром гардонидани зулму қитол дар моҳи Муҳаррам: Худованди мутаъол қитол ва зулмро дар ин моҳ ҳаром гардонидааст, аз ҳамин лиҳоз ин моҳ манзалати олӣ дорад. Ҳазрати Қатода (рҳ) дар мавриди ояти «фало тазлимў фиҳинна анфусакум» - яъне пас дар ин рўзҳо ба худатон ситам макунед, чунин мегўяд: Ҳаройина зулм дар моҳҳои ҳаром нисбат ба дигар моҳҳо хато ва гуноҳи бузург аст. Имом Қуртубӣ (рҳ) мегўяд: Худованд моҳҳои ҳаромро барои зикр хос намудааст ва зулмро дар ин моҳҳо манъ кардааст, зеро ин моҳҳо назди Худованд манзалати олӣ доранд.

7. Оғози солшумории ҳиҷрии қамарӣ бо ин моҳ аст: Саҳобагони Паёмбар (с) барои ихтиёри моҳи аввали соли ҳиҷрии қамарӣ бо ҳам машварат анҷом доданд. Ҳазрати Умар, Усмон ва Алӣ (рз) моҳи Муҳаррамро ихтиёр намуданд, чунки дар ин моҳ қитолу зулм ҳаром аст, пеш аз моҳи Муҳаррам моҳи Зулҳиҷҷа меояд ва Зулҳиҷҷа моҳест, ки мусалмонон адои ҳаҷ мекунанд ва байъат низ дар моҳи Зулҳиҷҷа ба итмом расидааст.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:05
Пешин12:40
Аср15:16
Шом17:14
Хуфтан18:44
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар