Асосӣ Мақолаҳо БИТАРС АЗ КАСЕ, КИ НАМЕТАРСАД АЗ ХУДО ...

БИТАРС АЗ КАСЕ, КИ НАМЕТАРСАД АЗ ХУДО ...

БИТАРС АЗ КАСЕ, КИ НАМЕТАРСАД АЗ ХУДО ...
2022-09-06
997

Имрӯзҳо терроризм ва экстремизм ва ҳар гуна гурӯҳҳои номатлуб ҳамчун вабои аср фазои маҷозии тамоми ҷаҳонро фаро гирифта, ба амнияти ҷаҳон ва вайрон намудани мафкураи ҳар як сокини сайёра таъсир расонида истодааст. Ин гурӯҳҳо ва ташкилотҳои ифротӣ, ки яке аз он Паймони миллии Тоҷикистон, ки яке аз ташкилоти ифротӣ буда, зери роҳбарии Кабирӣ берун аз кишвар дар Аврупо фаъолият мебарад, мардумро бо ваъдаҳои бардуруғ ба сӯӣ гумроҳӣ бурда истодааст, ки дар мафкураашон нияти нопокашон соҳиби ҷоҳу ҷалол шудан аст.

Ин ашхосро зархарид бояд гуфт, зеро  ба ивази маблағҳо омода ҳастанд тамоми намуди ҷиноятро анҷом диҳанд.  Кабирӣ собиқ раиси ТЭТ ҲНИ, ҳоло берун аз кишвар қарор дорад, якчанд сол аст, ки фаъолияти хоинонаи худро нисбати миллати тоҷик ошкоро мебарад. Аксарияти мардуми кишвар аз амалҳои террористӣ ва ҷиноятҳои ӯ бохабар ҳастанд. Имрӯзҳо ин ашхоси бадният аз берун ба ҷониби кишвари тоҷикон санги маломат зада истода, бо ҳар гуна ақидаҳои носолим ва баромадҳои бардурӯғи худ байни мардум тафриқаандозӣ дорад.

Кабирӣ набояд фаромӯш созад, ки ҷавонони Тоҷикистон ғурури миллӣ дошта, ҳеҷ гоҳ фирефтаи хоинони миллат нахоҳанд шуд. Ногуфта намонад, ки Кабирӣ ва якчанд ҳаммаслакони ӯ исломро ба худ ҳамчун ниқоб истифода бурда, ба куштору ғорат даст зада истодаанд, ки ин ба дини мубини Ислом ҳеҷ алоқамандие надорад.  Мақсади ин ашхос танҳо ва танҳо гумроҳ сохтани ҷавонон ва халалдор сохтани сулҳу суботи кишвар мебошад. Ҳоло бошад, мардуми мо ҳақиқатро аз найрангу фиреб фарқ карда метавонанд ва душманони миллатро мешиносанд. Кабирӣ худро ин қадар миллатдӯст ва пуштибони муҳоҷирин мешуморад, ки гӯё “фариштаи муҳофиз”-и онҳо бошад, аммо ин суханҳо танҳо суханони пуч асту бас ва ҳеҷ як далелу исбот надорад, агар далел ҳам дошта бошад, пас он ҳам бофта аст.

Муҳоҷирон ва ҷавонон, умуман ҳама бояд бидонанд, ки Кабирӣ ва пайравони ӯ бо эҳсосоти онҳо бозӣ доранд ва аз ҷавонон чун сипар истифода мебаранд. Имрӯзҳо симои аслии Кабирӣ маълум аст ва мардуми Тоҷикистон ӯро ҳамчун як нафари хоин ва нокас мешиносанд.

Ин хоини миллат дар Аврупо зери пуштибонӣ ва сарпарастии хоҷагони хориҷ зиндагии муҳоҷирона ба сар бурда, як шахси дар ба дар, дур аз Ватан мебошад ва ин ҷазои ӯст, ки чунин дар ба дар мебошад. Зеро чунин аст ҷазои шахсони бадхоҳ ва ватанфурӯш. Ин гуна хиёнаткоронро на Ватан ва на ҷомеа ҳеҷ гоҳ намебахшад. Беҳуда бузургон нафармудаанд, «Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад намерасанд». Дар ягон давру замон ватанфурӯшон, хоинони миллат ва нохалафон ба мақсад нарасидаанд ва нахоҳанд расид.

Мо мардуми баномуси тоҷик ҳама аз як гиребон сар бароварда, бар зидди ин бадхоҳон ва хоинони миллат то абад мубориза хоҳем бурд ва кишвари азизи худ, модар ва пайвандону наздиконамонро аз ин ғуломони сарфурудовардаи хоҷагони хориҷ ва ҳар гуна гурӯҳҳои тундраву номатлуб эмин нигоҳ медорем. Муҳим он аст, ки ҷавонон зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд, ба ҳар гуна ваъдаҳову паёмҳои шахсони ғаразнок дар шабакаҳои иҷтимоӣ посух надиҳанд, ба ҳар гуна гурӯҳҳо шомил нагарданд, ки боиси пушаймони ва нобудсозии ҳаёти пиру барно мегардад. Мо бояд бикӯшем, ки фирефтаи доми ин зархаридон нагардем ва хоки ватани худро ҳамчун гавҳараки чашм муҳофизат намуда,  шукронаи Истиқлолият ва тинҷӣ намоем.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:05
Пешин12:40
Аср15:16
Шом17:14
Хуфтан18:44
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар