«Шояд ақлро ба кор баред!»

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон,
Ҳамду сано мар Худойро, ки Рабби оламиён аст, дуруду сано ба беҳтарин паёмбари Ӯ Муҳаммад саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, ки шафоатхоҳи рӯзи ҷазост ва бар олу асҳоби эшон.
Сарлавҳа тарҷумаи ояти дуввум аз сураи «Юсуф»-и Қуръони карим аст. Худованд дар панҷоҳ ояти каримаи китоби худ сароҳатан пиромуни дар ҳар афъол аз ақл кор гирифтанро ба мо бандагон таълим додааст. Ва уламои дини Ислом, бахусус муфассирин ақлро аз зуҳуроти табии инсонӣ номида, сифату расои онро комилан иртибот ба илм маънидод мекунанд. Яъне, агар ақл аз давраҳои аввали нумӯъ ва ташаккул ёфтан ба илм мураттабии пурра дошта бошад, он ба зуди илми ҳаққу ботилро ҷудо карда метавонад.
Худованд ба Расули худ дарс дода мегуяд: «Бигу (ай Расули мо) онон, ки соҳиби ақли илму маърифатанд (дар қадру манзалат) оё бо мардуми ҷоҳилу нодон яксонанд (ҳаргиз яксон нестанд)» (сураи «Зумар», ояти 9).
Комилан равшан аст, ки дини мубини Ислом ҳаргиз ҷоҳилу фозилро дар як радиф ҷой намедиҳад. Дар ҳама давру замон аҳли Ислом мартабаи илму уламоро дар пояи баланди эҳтиром гузоштааст. Алҳамдулиллоҳ, имрӯз ҳам ин анъана идома дорад. Барои тасдиқи фикри худ мехоҳам аз ояти 11-уми сураи «Муҷодала» ёдовар шавам, ки Парвардигори оламиён тазаккур додааст: «... Худо мақоми аҳли имон ва донишмандони оламро (дар ҳарду ҷаҳон) баланд мегардонад. Ва Худованд ба ҳар чи (аз нек ва бад) кунед, ба ҳама огаҳ аст».
Паёмбари Ислом (с) дар аҳодиси фаровони худ қадри илму дониш ва олиму мутаъаллимро хеле ба дараҷаи аъло нишон дода, савоби як соат таҳсили илмро беҳтар аз ҳазор ракъат намози нафл баён кардааст. Ва низ дар ҳадиси дигар ҳазрати Муҳаммади мустафо (с) фармудаанд: «Савобу самараи як боби илм, ки олиме ба шогирди худ таълим медиҳад, барои ӯ беҳтар аст аз дунё ва он чи, ки дар дунё (аз ашёву амвол) аст».
Бо далоили равшан аз манбаъҳои муътамад гуфта метавонем, ки Ислом аз аҳкому аркони он сад дар сад аз рӯзҳои аввали пайдоишаш тарғибгар ва талқингари беҳтарин дурдонаҳои ақливу накдӣ буду ҳаст. Парвардигори олам дар даҳҳо ояти мубораки худ таъкид ба бандагон мекунад ва бор-бор бо ин маънӣ, ки «оё соҳибони ақл тафаккур мекунанд, тасаввур намекунанд?...» «Мо барои соҳибони ақл дар рӯи замин нишонаҳои бузург муҳайё кардаем...».
Ақли имон ва аҳли Ислом ба сифати беҳтарин бародарон ва хоҳарон бояд, ки ба суханони иқтибосшуда комилан бовар намоянд ва мутмаин бошанд, ки ин дунё ва соири амволу ашё ва мавҷудоти рӯи замин беҳикмат офарида нашудаанд. Қуръони карим агар китоби хондании Парвардигори олам аст, махлуқоту мавҷудоти олам ҳама китоби дидании Худост. Ва беҳтарин нишонаҳои Худои таъоло ба фармудаи Ӯ Офтоб ва Моҳ аст, ки дар ин хусус ояти алоҳида нозил шудааст.
Дини мубини Ислом ва пайғамбари ин оини илоҳӣ Ҳазрати Муҳаммади мустафо «Талаб-ул-илми фаризатун ъало кулли муслимин ваммуслиматин...» гуфта аз рузҳои аввал талаби илмро фарзу қарзи ҳар як мард ва зани мусулмон гардонд. Ҳазрати Пайгамбар (с) тибқи таълимоти Худои донову тавоно хеле хуб медонист, ки касро ба дараҷаи баланди тарақиёти илму маърифат агар илми холис бардошта натавонад, дигар зуҳуроти инсонӣ ба ин қодир нест. Аз ин ру, Қуръон истимроран ба ин маъни муаккид аст: «... золикум хайруи лакум ин кунтум таъламун!». Яъне, ҳамин тариқ илм барои шумо аз ҳама дигар чизи дунё беҳтар аст.
Ахиран, бисёр мехоҳам сари як ояти мубораки дигари илоҳӣ сари андеша фуруд орем. Худой таъоло дар оятҳои 64-65-и сураи «Намл» кулли бандагонашро ба тадаббур ва тафаккур даъват мекунад ва бо оҳанги миннат мефармояд: «(Оё) он кист, ки нахуст офаринишро оғоз мекунад... ва ҳамаро ба суи худ бозмегардонад. Ва он кист, ки аз осмону замин ба шумоён рузӣ медиҳад. Оё бо вуҷуди худоии Худо (боз дигар) худое ҳастӣ! (ҳаргиз нест!). (Ай Муҳаммад) мушриконро бигу, агар рост мегӯед, ғайри Худо (боз) касе (зоти дигаре) дар офариниш муассир аст?! Бар даъвои худ бурҳоне оваред! Ай Расули мо, бигӯ, ки дар ҳамаи осмонҳо ва замин ҷуз Худо касе аз илми ғайб огаҳ нест ва халқ намедонад, ки чӣ ҳангом зинда ва барангехта хоҳад шуд».
Иншоаллоҳ, ки ба қадри тааққули ақди ҷомеа дар ин боб ҳаттаал-имкон ибрози ақида кардам ва аз одоби хирадмандони дини мубини мову шумост, ки дар ихтитоми сухани худ мугӯянд ва мо низ аз ин одоб берун кадам ниҳода наметавонем...
Валлоҳу аъламу бис-савоб! (Худо донотар аст аз рӯи илм).
Суханронии Президент
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
Муфассалтар