Асосӣ Мақолаҳо ФАЗИЛАТИ КАЛИМАИ «ТАЙИБА»

ФАЗИЛАТИ КАЛИМАИ «ТАЙИБА»

ФАЗИЛАТИ КАЛИМАИ «ТАЙИБА»
2023-06-02
1116

ФАЗИЛАТИ КАЛИМАИ «ТАЙИБА»

Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон

ҳамду сано Худовандро, ки соҳиби мағфирату шоистаи тақвост ва дуруду салавоту салому баракоти Худо бар Пайғамбар (с) ва олу асҳобаш бод.

Худованд ба мо амр намуда, то пайваста Ўро ёд кунем. Ў мефармояд:

«Эй касоне, ки имон овардаед, Худовандро бисёртар ёд кунед ва субҳу шом Ўро тасбеҳ гўед» (сураи «Аҳзоб», оятҳои 41-42).

Дар баробари ин, баъзе авқотеро, ки мартабаи бештар доранд, ихтиёр намуда фармудааст, то дар он ёдаш кунем. Масалан дуои баъди намоз ва дуо баъди дигар ибодатҳо. Худованд фармудааст:

«Вақте, ки намозро хондед, Худоро истода ва нишаста ва бо паҳлу ёд кунед. Албатта, намоз ба ҳама мўъминон дар вақташ фарз аст» (сураи «Нисо», ояти 103).

Боз фармуда: «Вақте, ки аз ибодатҳо фориғ шудед, Худоро ҳамчунон ёд кунед, ки падарони худро ёд мекунед ва ё аз он ҳам бештар» (сураи «Бақара», ояти 200).

Худоро ёд кардан фарогири тамоми тоатҳои қавлӣ ва феълӣ мебошад ва ҳама тоатҳо зикри Худованд ба шумор меравад. Мўъмин ҳамеша бо зикри Худост, хусусан агар бо забон «Субҳоналлоҳ», «Алҳамду лиллоҳ», «Аллоҳу акбар» ва «Ло илоҳа иллаллоҳ» гўяд. Ин кор ҳеҷ мушкиле надорад, зеро инсон метавонад ба ин кор савораю пиёда, истодаю нишаста ва дар дигар ҳолатҳо машғул шавад ва аз тарафи дигар забон монанди дигар узви бадан монда намешавад.

         Беҳтарин зикр ин гуфтани калимаи «Ло илоҳа иллалоҳ» мебошад. Мусалмон бояд ин зикрро бештар гўяд. ҳазрати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфтаанд: «Беҳтарин чизе, ки ман ва тамоми паёмбарони пешин гуфтаанд, ин «Ло илоҳа иллалоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳ лаҳул-мулку ва лаҳул-ҳамду ва ҳува ало кулли шайин қадир» мебошад» (Ривояти Тирмизӣ).

Аз сабаби он ки ин зикр дар байни дигар зикрҳо хеле мартабаи олӣ дорад, баъзе аҳкоми шариат вобастагӣ ба он дорад ва барои ин зикр аҳкоми махсус дода шудааст. Ин танҳо як калимае нест, ки ба забон гуфта шавад. Ин ибораест, ки тамоми мусулмонон онро дар азони қомат ва хутбаҳояшон гаштаю баргашта такрор менамоянд. Ин ибораест, ки замину осмон бар асоси он бино шудааст. Бо ин калима Худованд китобҳо нозил карда, паёмбарон фиристода ва шариатҳо овард. Ба сабаби ин ибора тарозу қоим аст ва девонҳо навишта шудааст ва бинои биҳишту дўзах барпост. Ин калимаест, ки мардумро ду гурўҳ намуда, мусалмононро аз кофирон ҷудо мекунад. Дар бораи ин ибора ва ҳуқуқҳои он рўзи қиёмат пурсида мешавад. Савобу азоб бар асоси ин калима мешавад қибла ҳам бо ин калима муайян гаштааст ва миллат пайдо шудааст. Ин ибора калимаи ислом, калиди биҳишт, калимаи тақво, ресмони мустаҳкам, калимаи ихлос аст. Бо ин калима аз куфр, шиканҷа ва нифоқ раҳо меёбем. ҳар ки ин калимаро бар забон ронд ва агар онро аз таҳти дил гуфта бошад, дар рўзи охират аз оташ наҷот ёфта, дохили ҷаннат мегардад. ҳамчуноне, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва салам фармудаанд: «Худованд бар оташи дўзах ҳаром гардонидааст касеро, ки ба хотири Худованд ло илоҳа иллалоҳ гуфта бошад» (Муттафақун алайҳ).

           Ин калимаи кўтоҳ, ки аз чанд ҳарф иборат аст, бар забон ронданаш осон, вале дар тарозуи охират вазни гароне дорад. Абусаиди Худрӣ аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ривоят мекунад, ки фармудаанд: «ҳазрати Мўсо (а) гуфт: Худоё, ба ман чизе биёмўз, ки ба он туро зикр намоям ва ба он туро бихонам. Гуфт: Эй Мўсо бигў: Ло илоҳа иллаллоҳ. Мўсо гуфт: Парвардигоро, тамоми бандагонат инро мегўянд. Гуфт: Эй Мўсо, агар тамоми осмонҳо бо он чи дар он аст, ғайри ман ва тамоми заминҳо дар як паллаи тарозу бошанд ва «Ло илоҳа иллаллоҳ» дар тарафи дигар, ин калима гаронтар меояд».

Ин калимаи бузург дорои ду рукн аст: Рукни аввал: Инкор, яъне инкори улуҳият аз ғайри Аллоҳ ва ин мафҳуми ибораи «ло илоҳа» мебошад. Рукни дуввум: Исбот, яъне исботи улуҳият барои Аллоҳи субҳон ва ин мафҳуми ибораи «иллаллоҳ» мебошад. Мафҳуми кулли он безорӣ аз ширку мушрикин ва ихлоси ибодат барои Худованд аст. ҳазрати Иброҳими Халилуллоҳ низ ба ҳамин маъно ба падараш гуфта буд: «Ва ҳангоме ки Иброҳим ба падар ва қавми худ гуфт: “ҳамоно, ман аз он чӣ мепарастед безорам. Магар он Худовандро, ки маро офарид ва ба зудӣ ҳидоятам мекунад» (сураи «Зухруф», ояти 26-27).

Маънои ин сухани илоҳӣ низ ҳамин аст, ки мефармояд: «Дар дин маҷбурӣ нест. Албатта роҳи дуруст ва каҷ маълум гаштааст. Пас ҳар ки ба шайтон кофир шуда, ба Худо имон оварад, дар ҳақиқат ба дастовези қавие чанг задааст, ки ҳеҷ гусастан надорад. Ва Худованд шунавои доност» (сураи «Бақара», ояти 256).

Мусалмон вақте ин калимаро ба забон меронад, безории худро аз ширку мушрикин эълон медорад ва динро холис барои Худо намуда Ўро мепарастад. Агар инсон дар ин гуфтаи худ содиқ бошад, лаззати дини Худоро дарёфта, дар охират хушбахт мегардад ва илло танҳо бар забон рондани он бидуни эътиқод ба мазмунаш ҳеҷ суде надорад. Мунофиқон ин калимаро борҳо бар забони худ меронданд, вале ба он бовар надоштанд, аз ин рў, мунофиқон дар табақаи поёнтарини дўзах мебошанд.

Аз дастуроти калимаи «Ло илоҳа иллаллоҳ» ва тақозои он ин аст, ки намозро барпо дорӣ, закотро адо намоӣ, моҳи Рамазонро рўза дорӣ, агар тавон дошта бошӣ, ҳаҷ кунӣ ва ба тоати Худованд амал намуда, аз манъкардаҳояш худдорӣ кунӣ.

«Пас дониста бош, ки ҳеҷ маъбуде ғайри Худованд нест ва барои гуноҳони худ ва мардону занони мўъмин омурзиш бихоҳ. Худованд макону ҷойгоҳи шуморо медонад» (сураи «Муҳаммад», ояти 19).

«Ло илоҳа иллаллоҳ» калимаи Ислом ва калиди сарои охират аст. Устувории осмону замин, дурустии фарзу суннат ва наҷоти ҳамагон дар қиёмат ба калимаи «Ло илоҳа иллаллоҳ» мебошад. Хушо ба ҳоли он касоне, ки маънои онро дарк намуда, онро қабул карданд ва дар ошкору ниҳон бо он амал намуданд ва бо ин амалашон дар қавлашон «Ло илоҳа иллаллоҳ» содиқ шуданд. Вой ба ҳоли касе, ки дар доми шайтон афтода, аз пайравӣ ба «Ло илоҳа иллаллоҳ» дурӣ ҷуста, аз он рўй гардонидааст. Оё ин сухани Парвардигорро нашунидаед, ки мефармояд: «Ононе, ки ғайри Худовандро мехонанд, шафоатеро соҳиб нестанд, магар он кас, ки дониста ба ҳақ шаҳодат медиҳад» (сураи «Зухруф», ояти 86).

Ҳазрати Исо (а) дар фазилати калимаи тайиба мефармояд: Аъмоли уммати Муҳаммад (с) дар тарозуи маҳшар ба ин хотир аз ҳама сангинтар хоҳад буд, ки забонашон одӣ ба калимае аст, ки бар умматони пешина сангин буд ва он калимаи «Ло илоҳа иллаллоҳ» аст.

Ин як амри возеҳу равшан аст. Он қадар, ки хондани ин калима дар миёни умматони Муҳаммадия (с) маъмул аст, дар миёни ҳеҷ уммате ба ин касрат маъмул набудааст. Теъдоди машоихи сулук ва орифон на ба садҳо ҳазор, балки ба миллионҳо нафар мерасад. Ва боз ҳар шайх садҳо мурид дорад, ки тақрибан ҳар яке аз онҳо рӯзона ҳазорон бор ин калимаро зикр мекунанд. Байт:

То дил зи баду неки ҷаҳон огоҳ аст,

Дасташ зи баду неки ҷаҳон кӯтоҳ аст.

3-ин пеш буду беҳазор андеша,

Акнун ҳама ло илоҳа иллаллоҳ аст.

Ва гуфтаанд, ки: Мумкин нест, ки банда Ҳазрати Ҳақ субҳонаҳуро дӯст дорад ва Ӯ бандаро дӯст надорад, балки муҳаббати Ҳазрати Ҳақ субҳонаҳу ғолиб аст бар муҳаббати банда Ӯро, зеро ки ҳар сифате аз сифоти ӯ бар ваҷҳи камол аст ҳамчу зоти Ӯ. Пас ҳар ки хоҳад бидонад, ки Ҳазрати Ҳақ субҳонаҳу ӯро дӯст медорад ва ё не, назар бар дили худ кунад, агар дили худро ба муҳаббати Ҳазрати Ҳақ субҳонаҳу меёбад бетараддуд бидонад, ки Ҳазрати Ҳақ субҳонаҳу ӯро дӯст медорад ва илло не. Чунонки гуфтаанд:

Ҷӯянда аз онӣ, ки туро ҷӯён аст,

В-ар ҷуёнӣ, дон, ки туро ҷӯён аст.

Дар «Саҳеҳайн» омада аз ривояти Анас ибни Молик (р), ки ӯ гуфт: «Марде гуфт: Ё Расулаллоҳ, (с), қиёмат куҷост? Гуфт: Вой ба ту, барои қиёмат чӣ омода кардаӣ? Гуфт: Барои қиёмат чизе омода накардаам, лекин ин ҳаст, ки Худойро субҳонаҳу ва Расули ӯро (с) дӯст медорам. Гуфт Пайғамбар (с): Ту дар охират бо он касӣ, ки ӯро дӯст медорӣ. Гуфт Анас (р): Мусалмонеро, ки баъд аз ислом ҳамчу шодмонии эшон аз ин башорати Пайғамбар (с) шодон шуда бошад, надидам».

Пас касе, ки ба ресмони матини «Ло илоҳа иллаллоҳ» чанг бизанад ва ин калимаро шиори зиндагии худ гардонад, Худованд ўро ба болотарин мақомоти ҷаннат мерасонад. Худованд ба ҳамагон тавфиқи ин фазилатро насибу рўзӣ гардонад.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:05
Пешин12:40
Аср15:15
Шом17:13
Хуфтан18:43
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар