ЗИНДАГИИ БЕ ХУШУНАТ ЗЕБОСТ
Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим
Ҳамду сано Худовандеро, ки моро ба беҳтарин сурат офарид ва ба мо неъматҳои фаровон ва ақлу тадбир ато намуд. Дуруду саломи бепоён бар хотами пайғамбарон ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва бар хонадони поку ёрону пайравонаш бод.
Оила такягоҳи аслии низоми иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва динии ҷамъияти инсонӣ ва исломӣ аст. Оила ҷойгоҳи оромиши тану рўҳи инсонҳо, махсусан зану шавҳар ва фарзандони онҳост. Бинои оила, асоси бунёди ҳалқаҳо ва силсилаҳои ба ҳамдигар васлшавии ҷомеъаи инсонӣ барои башарият будааст. Дар тўли таърих мақоми оила ба сифати пайванди ногусастании идомаи наслҳо барои ҳамаи дину мазҳабҳо чун падидаи ғайри тағйирёбанда ба шумор мерафтааст. Новобаста ба он ки ҷузҳое аз низому тартиб ва анъанаву русум дар ақидаи мардум дар манотиқи мухталифи ҷаҳон аз ҳам фарқ мекардааст, боз ҳам ҳамон ҷавҳари аслии он, ҳастаи асосӣ барои пайванди ҷомеаи инсонӣ вазифаашро адо карда омадааст.
Мақсад аз ташкили оила дар назди Худованд офаридани оромиш ва осоиш дар оила мебошад то ки падару модар фарзандони хешро солеҳ тарбия намуда, дар рушд ва нумўи ҷомеа саҳмгузор бошанд. Ҳақ таъоло мефармояд:
«Ва Худо аз ҷинси худатон барои шумо ҷуфт офарид ва аз он ҷуфтҳо писарон ва духтарон ва наберагон бар шумо халқ фармуд ва аз неъматҳои покизаву лазиз рўзӣ дод. Оё мардум (бо вуҷуди ин ҳама неъматҳои Худо) боз ба ботил мераванд ва ба неъмати Худо кофир мешаванд». (Сураи «Наҳл», ояти 72).
Ислом меъёрҳоеро муқаррар кардааст, ки ҳама равандҳои никоҳ ва ҳаёти оилавиро то ҷузъиёташ танзим менамояд. Ҳамин тавр, бастани никоҳ масъулияти азимеро бар души шахс бор мекунад. Ҳамсарон бояд фарзандони худро солим, солеҳ, соҳибмаълумот ва шаҳрвандони хубу содиқро ба воя расонанд.
Барои ташкили оилаи хушбахту мустаҳкам, ки бо риштаҳои ишқу муҳаббат ва тафоҳуми байни якдигарӣ пайвастанд, ҳар як узви оилаи ояндаро зарур аст, ки ба таври хеле хуб ҳамаи дастуроти Исломро аз худ намояд ва барои бунёди оилаи солим ҳаматарафа омода шаванд. Бояд гуфт, ки омода набудан ба оиладорӣ, паст будани маърифатии динӣ, надоштани маълумоти касбӣ, паст будани маърифати ҳуқуқӣ, огоҳ набудан аз ҳуқуқҳои худ ва надоштани одоби муошират дар зиндагии оянда мушкилот эҷод менамояд, ки ин барои сар задани хушунат дар хонавода замина муҳайё мекунад. Доштани саводи казоӣ ва одоби муошират чӣ барои духтарон ва чӣ барои писарон, инчунин бархурдор будан аз маърифати дини муқаддаси Ислом дар ҳаёти мустақилонаи минбаъдаи онҳо ҳамдигарфаҳмиро бо аъзоёни оилаи шавҳар ва ё зан, инчунин осудагии зиндагиро таъмин хоҳад кард.
Азбаски мақсаду ҳадаф аз издивоҷ оромиши рўҳ ва нигаҳдории насли башарӣ аз заволу фисқу фасод аст, дини Ислом барои зан ва шавҳар ҳуқуқу масъулият ва вазифаҳо ва одоберо муқаррар намудааст, ки онҳо ҳатман бояд аз ҷониби ҳамсарон риоя шаванд. Худованд мефармояд:
«Ва занонро низ ҳуқуқест бар шавҳарон, чунончи шавҳаронро бар онҳо ҳуқуқе машрўъ аст». (Сураи «Бақара», ояти 228)
Дар ҳама давру замон мутафаккирон, ходимони дин, ҳуқуқшиносон, шоиру нависандагон хушунату зӯровариро маҳкум намуда, ҷомеаро ба дилсӯзиву хайрхоҳӣ ва муросову созишкорӣ даъват мекарданд. Мутаассифона, дар асри пешрафти илму технология, ки сатҳу сифати зиндагии сокинони сайёра ба маротиб боло рафтааст, ҳодисаҳои хушунату зӯроварӣ зиёд мушоҳида мешавад.
Таҷрибаи ҳаёт муайян намуд, ки хушунат дар рӯзгори мардум аз қабили хушунати мардон нисбати занон – ҳамсарон, хушунати хусуру хуштоман нисбати келинҳо, хушунати падарону бародарон нисбати духтарону хоҳарон ва дар баъзе ҳолатҳо хушунати калонсолон нисбат ба хурдсолон, яъне кӯдакон зоҳир мегардад. Таҳлили ҳодисаҳои вобаста ба зӯроварӣ нишон медиҳад, ки дар сурати надидани чора ва ислоҳ нашудани вазъ мумкин аст кор ба фоҷиа анҷом ёбад.
Дини бузурги Ислом ба хотири пойдории оила, эҳтироми аъзои оила ба якдигар ва пешгирӣ аз ҳар гуна ихтилофоту нофаҳмиҳо ба ҳар як узви оила вазифаҳои зиёдеро вогузор кардааст. Оила дар ҳамон вақт метавонад мустаҳкам шавад, ки ҳар як узви он вазифаи худро иҷро намояд. Бинобар ин, на танҳо вазифаҳои худро хуб донистан зарур аст, балки онҳоро хуб иҷро намудан мебояд. Он вазифаҳо аз инҳо иборатанд:
- мардон ҳамчун сарвари оила бояд хушбахтӣ ва хурсандии худро фақат дар оилаи худ ҷустуҷў намояд, бояд худро нисбат ба дигар аъзои боқимондаи оила баркамол ва ҷиддӣ ҳис намояд, барои онҳо тамоми маводи заруриро таъмин намуда, шароити мувофиқро барои татбиқи тарзи ҳаёти солим муҳайё намоянд;
- занон, дар навбати аввал, кўшиш намоянд, ки дар назди шавҳаронашон вазифаҳои худро иҷро кунанд, бо ишқу муҳаббат, навозиш ва таваҷҷуҳи худ онҳоро фаро гирифта, шаъну шарафи худро ҳифз намоянд;
- мард ва зан, шавҳар ва ҳамсар бояд фикру ақидаи якдигарро ҳурмат намуда кўшиш кунанд, ки сирри оилавиро пинҳон дошта, новобаста ба нофаҳмию ихтилофоти ба вуҷудомада якравӣ зоҳир накунанд;
- падару модар барои фарзандони худ бояд намунаи хуб бошанд, талаботи ҳам моддӣ ва ҳам маънавии онҳоро дар ҳадди имкон таъмин намоянд. Нисбат ба фарзандон адолатпеша бошанд, онҳоро аз рафиқони бад ва рафтору одати ношоиста пешгирӣ намуда, ба онҳо тарбияи хуб диҳанд. Чун кўдакон калон мешаванд, ба онҳо кўмак кунанд, то ҳамсафари зиндагии ботарбия ва тақводорро пайдо намоянд;
- фарзандон ҳамчун меваи ҳаёт бояд падару модари худро эҳтиром намоянд, бо сухан ва бо рафтори нолоиқ онҳоро хафа накунанд, баъди вафоташон хоҳиши онҳоро иҷро намуда, бо некӣ ёдовар шаванд;
- бародарон ва хоҳарон бояд нисбат ба якдигар бо эҳтиром ва муҳаббат муносибат намоянд, муносибати наздик ва хешу таборӣ дошта бошанд.
Оилае, ки тибқи ин тавсияҳо зиндагӣ мекунад, умед меравад, ки оилаи мустаҳкам ва солим бидуни хушунат ва зўроварӣ бошад. Дар чунин оилае ҳамеша ишқу муҳаббат, эҳтироми якдигарӣ, хушбахтӣ ва хурсандӣ ҳукмрон аст.
Хонаводаи хушбахт фақат бо муҳаббат намеистад, балки бояд онро як рўҳияи азхудгузаштагӣ ва бурдборӣ фаро гирад. Бурдборӣ ва тасомуҳ танҳо бо гумони нек доштан ва эътимод кардан ба якдигар сурат мегирад. Таовун омили асосӣ дар омода кардани хонаводаи хушбахт аст ва бидуни он арзиши муҳаббат ва тасомуҳ суст мегардад. Таовун ва ҳамкорӣ метавонад адабӣ ва моддӣ бошад. Аввалӣ дар маҳорати зану шавҳар дар ҳалли мушкилоти хонавода таҷассум меёбад. Бештари машаққатҳо ба сабаби таҳаммул надоштани яке аз зану шавҳар ранҷҳои дигареро ва ё дар назар нагирифтан ва риоя накардани ҳуқуқи шарикаш сарчашма мегиранд.
Мутаассифона, имрӯз дар баъзе хонадон хушунат ва зӯроварӣ нисбати зан ва кӯдак ба “як қоидаи маъмулӣ” табдил ёфтааст. Бо истифода аз ҷисми қавӣ мардон зӯриву дағалиро истифода бурда, ҳамсари худро ҳатто дар пеши чашмони фарзандонашон зери мушту лагад қарор медиҳанд. Ҳол он ки мард вазифадор аст оилаи хешро эҳтиром намояд, хушунат кардан нисбати занро раво надонад ва барои тарбияи фарзадони рўҳану ҷисман солим фазои солимро муҳайё созад. Зӯроварӣ дар оила фазои солими хонаводаро вайрон карда, боиси ба миён омадани нобоварӣ, бедоршавии ҳисси нафрат ва аз байн рафтани муҳаббату самимият мегардад, зеро оилаи солим дар заминаи муҳаббату эҳтироми дуҷонибаи аҳли хонавода бунёд меёбад.
Дар ин самт шавҳар вазифадор ва масъул аст, ки бо зан зиндагии хуб ва гуворо дошта бошад, зеро Худованд мефармояд:
«Ва бо занон бо хушрафторӣ зиндагонӣ кунед». (Сураи «Нисо»,ояти 19)
Ба ҳамин хотир, шавҳар аз корҳо ва рафторҳое, ки сабаби озор ва зарари зан ва аҳли хонавода мегардад, чӣ аз нигоҳи маънавӣ, чӣ аз нигоҳи маишӣ – иҷтимоӣ, бояд бипарҳезад, зеро дар ҳадис ривоят шудааст, ки Расули Худо (с) чунин фармуданд: «На ба касе зарар расон ва на аз касе зарар бикаш». (Ривояти Молик ва Ибни Моҷа).
Хулоса, моро зарур аст, ки дар кадом соҳае фаъолият накунем, бояд дар рафти мулоқот бо мардум ҳамеша таъкид бояд кард, ки ба хотири таъмини ҳимояи ҳуқуқҳои худ, ташкили оилаи солиму бидуни хушунат, тарбияи насли солим, устувории ояндаи давлату миллат, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлату миллат, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва амнияти саросарии кишвар азму талош ба харҷ диҳанд.
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар