Асосӣ Мақолаҳо БУНЁДИ МАСҶИД НИШОНАИ ИМОН ВА САМАРАИ ҶОВИДОН АСТ

БУНЁДИ МАСҶИД НИШОНАИ ИМОН ВА САМАРАИ ҶОВИДОН АСТ

БУНЁДИ МАСҶИД НИШОНАИ ИМОН ВА САМАРАИ ҶОВИДОН АСТ
2023-06-12
868

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Ҳамду сано Худованди якторо ва дуруду салом бар Расули гиромӣ ва олу асҳобашон бод.

Худои таъоло инсонро офарид ва ўро дар замин мустақар сохт. Барои ҳар кас ватане қарор дод ва ободонии дунёву охиратро ба зиммааш гузошт. Мусулмони асил касест, ки дар ободонии диёри худ кўшиш мекунад ва дигаронро ба он ташвиқ менамояд. Зеро покизагӣ ва ободкорӣ нишонаи имондорӣ ва шиори дини мубини Ислом аст.

Намунаи барҷаста ва боиси пайравии ҳамагон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Пешвои миллат баҳри ободонии ватани азиз ҳамеша дар талош буда, тамоми кӯшиши худро ба харҷ медиҳанд, то кишвари мо боз ҳам ободтар гардад. Арҷгузорӣ ба хидматҳои фарзанди фарзонаи тоҷик, ғамхориҳои бемисл нисбат ба ятимону маъюбону пиронсолон, эътимоду дилбастагӣ ба муқаддасоти дини мубини Ислом, муаррифии гузаштаи пурифтихори миллати кўҳанбунёди тоҷикон ва муҳимтар аз ҳама, барқарории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба касе даст медиҳад, ки имон ба Худо ва нияти пок дошта бошад. Хушбахтона, мо онро дар шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебинем.

Ҳамин тариқ бунёди даҳҳо иншоотҳои ҳаётан муҳим, ободии минтақа, сарсабзии ҳар хонадон, шодиву сурури хурду калон аз он шаҳодат медиҳанд, ки бо сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат, Тоҷикистон роҳи пешрафту тараққиётро интихоб карда, ба сӯи ояндаи дурахшон қадамҳои устувор мемонад. Некиву накўкорӣ одамонро ба ободиву бунёдкорӣ ҳидоят мекунанд. Ҳамин ободиву бунёдкорӣ аст, ки имрўз Тоҷикистони соҳибистиқлол дар қатори дигар давлатҳои ҷаҳон мавқеи худро дорад ва ин ҳама аз дастовардҳои истиқлол аст.

Имрўз Тоҷикистони соҳибистиқлол бо беш аз 200 давлати дунё, аз ҷумла бо давлатҳои мусулмонӣ муносибатҳои дипломатӣ дорад. Мо ифтихор дорем, ки Худованд тавассути иродаи сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвари Давлати Қатар робитаҳои дўстона ва бародарона дар байни ин ду кишвари ҳамфарҳанг ду давлати соҳибистиқлол боз ҳам мустаҳкамтар гардонид. Ҳамаи ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат баҳри беҳбудии ҳаёти мардум буда, самараи истиқлолияти давлатӣ аст!

Дар ҳар давру замон мусулмонон бо тамаддуни қадима ва шаҳрҳои обод машҳур буданд ва ихтирооту иншоотҳои бузург мероси оламшумули мусулмонон аст. Яке аз ин осори мондагор бинои масҷид ба шумор меравад, ки он маркази даъват ва минбари таълиму иршод аст. Пас аз андак андеша ҳар касе дармеёбад, ки дар тарбият ва ҳифозати ин уммат, масҷид нақши бузурге дорад.

Мавриди зикр аст, ки дирўз дар кишвари азизи мо як воқеаи барои ҳар як тоҷики мусулмон хотирмон ба вуқуъ пайваст. Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бузургтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар расми ифтитоҳи масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе меҳмони олиқадр – Амири Давлати Қатар низ иштирок доштанд. Воқеан дидани манзараи ифтитоҳи ин масҷиди бузургу боҳашамат хеле хурсандибахш буд.

Ин масҷид бо харҷи қариб 100 миллион доллари амрикоӣ дар асоси шартнома бо ҷониби Давлати ба мо дўсти Қатар бунёд гардид. Ҳудуди умумии масҷиди мазкур 12 гектарро ташкил медиҳад, ки дар 3 гектари он бинои масҷид ҷойгир шудааст. Дар гирду атрофи иншоот дар масофаи 92000 метри мураббаъ корҳои кабудизоркунӣ гузаронида шуда, дар ду тарафи даромадгоҳ барои 500 мошин таваққуфгоҳ бунёд гардидааст.

Масҷид аз 4 манораи баландиаш 74 метр, ду манораи хурди ороишӣ бо баландии 21 метр, гумбази зебову мунаққаши калон бо баландии 43 метр ва 17 гунбази хурд бо баландии 35 метр иборат мебошад. Дар як вақт дар ин масҷиди муҳташам 133 ҳазор намозгузор метавонанд намози худро адо намоянд.

Ин дастоварди нодир ҳоло ба ҳайси ҷузъи таркибии суннати таҳаммулгароӣ дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва диниву фарҳангии кишварамон нақши бузург мебозад.

Худованд мефармояд: “Ҷуз ин нест, ки масҷидҳои Худоро касе иморат мекунад, ки ба Худо ва ба рўзи охир имон овардааст ва намозро барпо медорад ва закотро медиҳад ва ба ҷуз аз Худо [аз касе] наметарсад. Пас, умед аст, ки онҳо аз роҳёфтагон бошанд“  (сураи Тавба, ояти 18).

Масҷид макони муқаддасе аст, ки дар он инсон на танҳо ба ибодату парастиши Офаридгори худ машғул мешавад, балки маҳаллест, ки дар тазкия ва тарбияи маънавии инсон нақши муҳим дорад. Чӣ басо қалбҳоеро нуронӣ карда ва чӣ басо дилҳоро обод намудааст, олудагиҳои ҷаҳолатро аз он тоза намуда, зангори гуноҳонро аз он зудуда, решаҳои ҷаҳолату гумроҳиро қатъ намудааст. Ба кумаку ёрии Худованд наслҳои мўъмини покиза, мутеъу фармонбардореро ба вуҷуд оварда, ки бо хайру тоаташон заминро обод намуданд ва роҳи ҳақро барои мардум равшан намуда онҳоро ба роҳи рост ҳидоят мекарданд.

Худованд хушбахтии ҳар халқ ва ободии ҳар кишварро ба дасти худи ў вогузор кардааст. Ҳар миллате, ки мехонад, медонад, кўшиш мекунад ва заҳмат мекашад, албатта обод мешавад, зеро Қуръони карим фармудааст: «Худо ҳолатеро, ки ба қавме бошад, тағйир намедиҳад, то вақте ки онҳо (худ) он чиро, ки дар замирашон аст, тағйир диҳанд».

Хушнудӣ ва рўҳбаландии мардумро аз он далел интиҳо нест, ки маҳз бо иродаи Парвардигор ва ташаббуси Президенти Тоҷикистон ва натиҷаи ҳамкориҳои судманди ў бо роҳбарияти Давлати Қатар дар пойтахти азизамон ин масҷиди зебо ва муҳташам бино карда шуд, ки дар минтақа ҳамто надорад. Аз бунёди ин масҷид мардум пеш аз ҳама ба сарвари хеш дасти дуо мебардоранд ва дар ҳама маросимҳои динӣ орзу мекунанд, ки ба бахти мардуми мусалмони кишвар Ҷаноби Олӣ ҳамеша сиҳатманд ва саодатманд бошанд.

Мавриди тазаккур аст, ки бунёди масҷид ва дар ихтиёри мусалмонон гузоштани он яке аз амалҳои нек ва пурсавоб буда, аз дидгоҳи Ислом аз ҷойгоҳи хоссе бархурдор аст. Чунончи дар Қуръони карим иборати «боқиёти солиҳот» омадааст ва ҳар кори хуб ё ёдгори фоидаовареро, ки аз барои Худо бошад ва мондагор гардад, боқиёти солиҳот гуфтаанд:

 «… Ва боқиёту солиҳот (арзишҳои пойдор ва шоиста) савобаш дар назди Парвардигорат беҳтар ва умедбахштар аст» (сураи Каҳф, ояти 46).

 Паёмбари Ислом (с) низ дар яке аз ҳадисҳои мубораки худ фармуданд: “Ҳар ки барои (ризо ва хушнуди)-и Худованд масҷиде бисозад, Худованд барои ў дар Биҳишт хона (-и боҳашамате) хоҳад сохт” (Бухорӣ ва Муслим)

Худованд робитаҳои дўстона байни Тоҷикистон ва Давлати Қатарро боз ҳам мустаҳкам гардонад ва ин амали хайру мондагор – бунёди масҷиди муҳташамро холисона ба даргоҳаш бипазирад, онро сарчашмаи хайру баракат ва василаи ҳидояту саодат бигардонад ва ба мардуми ҳар ду кишвар ободии дунёву охиратро насиб созад. Худованд мефармояд: Ва он гоҳ, ки Иброҳиму Исмоил бунёдҳои Хонаро баланд мекарданд, (гуфтанд): «Эй Парвардигори мо! Аз мо бипазир, ҳамоно Ту Шунавои Доноӣ! (Сураи «Бақара», ояти 127)

Худованд сулҳу суботи Ватани маҳбубамонро доимӣ гардонад, муҳаббату садоқати фарзандони ин миллати сарбаландро ба ояндаи ободу осудаи ин сарзамин афзун созад ва кишвари биҳиштосои моро ҳамеша дар паноҳи офияташ нигоҳ дорад.Омин!

Саидмукаррам Абдуқодирзода-Раиси Шўрои уламо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:38
Пешин12:40
Аср15:15
Шом17:10
Хуфтан18:40
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар