Асосӣ Мақолаҳо ФАЗИЛАТИ ДАҲАИ МОҲИ ЗУЛҲИҶҶА

ФАЗИЛАТИ ДАҲАИ МОҲИ ЗУЛҲИҶҶА

ФАЗИЛАТИ ДАҲАИ МОҲИ ЗУЛҲИҶҶА
2023-06-13
899

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Ҳамду сано Худованди якторо, ки моро ба беҳтарин сурат офарид ва ба мо неъматҳои фаровон ва ақлу тадбир ато намуд. Дуруду саломи бепоён бар ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва ҳамаи хонадони поку ёрону пайравонаш бод.

Аз фазлу раҳмати Худованд аст, ки дар тайи сол барои бандагони худ мавсимҳое қарор медиҳад, то дар он ба аъмоли солеҳ бипардозанд. Яке аз ин мавсимҳои исломӣ даҳаи моҳи Зулҳиҷҷа аст. Дар фазилат ва бузургии ин даҳаи муборак далелҳои бисёре аз Қуръону суннат ворид шудааст:

  1. Аллоҳ – субҳонаҳу ва таъоло – мефармояд: «Қасам ба сапедадам ва қасам ба шабҳои даҳгона». (Фаҷр; 1-2).

Дар тафсири ин оят омада, ки: «Манзур аз ин даҳ шаб даҳаи Зулҳиҷҷа аст, ҳамон тавре ки Ибни Аббос (р), Ибни Зубайр (р), Муҷоҳид ва дигарон гуфтаанд. (Ривояти Бухорӣ).

  1. Аллоҳ – субҳонаҳу ва таъоло – мефармояд: «Ва номи Аллоҳро ёд кунанд дар рўзҳои мушаххас». (Ҳаҷ; 28). Ибни Аббос (р) дар тафсири худ мегўяд: «Яъне рўзҳои даҳгонаи Зулҳиҷҷа».
  2. Аз Ибни Умар (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Ҳеч айёме нест, ки амали солеҳ дар он маҳбубтар аз ин айёми даҳгона бошад, пас дар ин рўзҳо таҳлил (Ло илоҳа иллаллоҳ), такбир (Аллоҳу Акбар) ва таҳмид (Алҳамду лиллоҳ) бисёр бигўед».   (Ривояти Аҳмад).

Аъмоле, ки дар ин даҳа мустаҳаб аст

1. Намоз: Дар ин айём зуд рафтан барои анҷоми фароиз дар масҷид ва бисёр анҷом додани ибодоти нафлӣ мустаҳаб аст, зеро ин аъмол аз ҷумлаи беҳтарин қурбатҳост. Савбон (р) мегўяд: Шунидам, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Бар ту бод бисёр саҷда бурдан барои Аллоҳ, ки ту саҷдае барои Аллоҳ намебарӣ, магар он ки Аллоҳ туро ба хотири он дараҷае боло мебарад ва гуноҳеро аз гуноҳонат пок мекунад». (Ривояти Муслим).  Ин фазилат дар тамоми сол вуҷуд дорад.

2. Рўза: Аз Ҳунайда ибни Холид (р) аз ҳамсараш ва ў аз баъзе ҳамсарони Расули Худо (с) ривоят мекунад, ки «Пайғамбари Худо (с) нуҳуми Зулҳиҷҷа, рўзи Ошўро ва се рўз аз ҳар моҳро рўза мегирифт». (Ривояти Аҳмад, Абўдовуд ва Насоӣ).

3. Такбир, таҳлил ва таҳмид: Ба далели он чи дар ҳадиси Ибни Умар (р) гузашт: «Пас дар ин рўзҳо таҳлил (Ло илоҳа иллаллоҳ), такбир (Аллоҳу Акбар) ва таҳмид (Алҳамду лиллоҳ) бисёр бигўед». Равиши гуфтани такбир чунин аст: «Аллоҳу Акбар, Аллоҳу акбар, ло илоҳа иллаллоҳу валлоҳу акбар, Аллоҳу Акбару ва лиллоҳи-л-ҳамд».

4. Рўзаи рўзи Арафа: Рўзаи Арафа ба далели он чи аз Пайғамбар (с) дар ин маврид ба субут расидааст, мустаҳаб мебошад. Пайғамбар (с) мефармояд: «Ман аз Худованди мутаъол умед дорам, ки рўзаи рўзи Арафа каффорати гуноҳони як соли қабл ва як соли баъд гардад».  (Ривояти Муслим). Аммо ҳоҷие, ки дар Арафот ҳозир бошад, рўза барояш мустаҳаб нест, зеро Расули Худо (с) дар ҳоле ки дар Арафа вуқуф намуданд, рўзадор набуданд.

 5. Фазилати рўзи қурбонӣ: Ба назари бархе аз донишмандон ин рўз мутлақан беҳтарин рўзи сол, ҳатто беҳтар аз рўзи Арафа аст. Чунонки дар Сунани Абўдовуд аз Расули Худо (с) ривоят аст, ки фармуданд: «Бузургтарин айём назди Аллоҳ – субҳонаҳу ва таъоло – рўзи Наҳр аст ва пас аз он рўзи Қар». Рўзи Қар рўзи истодан дар Мино, яъне рўзи ёздаҳуми Зулҳиҷҷа аст. Гуфта шудааст, ки Рўзи Арафа беҳтар аст, зеро рўзаи он каффорати гуноҳони дусола аст. Худованд моро ба қадрдонии ин мавсими хайр муваффақ бидорад!

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:04
Пешин12:40
Аср15:15
Шом17:13
Хуфтан18:43
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар