Асосӣ Мақолаҳо ФАЗИЛАТИ ИДИ ҚУРБОН

ФАЗИЛАТИ ИДИ ҚУРБОН

ФАЗИЛАТИ ИДИ ҚУРБОН
2023-06-26
619

Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим

Ҳамду сано Худовандеро, ки моро ба беҳтарин сурат офарид ва ба мо неъматҳои фаровон ва ақлу тадбир ато намуд. Дуруду саломи бепоён бар ҳамаи онҳо ва хусусан бар хотами пайѓамбарон ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва бар хонадони поку ёрону пайравонаш бод.

Инак боз як иди фархунда ва хучаста, яъне иди Қурбон бар мо соя афкандааст. Иде, ки мардуми мусулмонро бо чонфидоиҳои ниёгони худ чун ҳазрати Иброҳим (а) ва Исмоил (а) ошно месозад. Иде, ки ба падару модарон услуби тарбияи фарзандонро дар рўҳияи худотарсӣ ва эҳтиром ба волидайн ва дигар муқаддасоти динӣ меомўзад.

Дар истилоҳи мардуми кишвари мо тоҷикон ин идро иди Қурбон мегўянд, зеро дар ин рўз тибқи суннати Иброҳим (а) ва фармудаи Худову Расул (с) бандагони доро ва сарватманд қурбонӣ карда, ба камбизоатон қисме аз он гўштро садақа мекунанд.

 Дар дини мубини Ислом рўзҳои хурсандиовару кўмак ба якдигар ва зиёрати якдигар хеле зиёд аст, аммо рўзи иди саиди Фитр ва рўзи иди Қурбон барои мусалмонон хеле машҳуру маъруф аст, чунки дар ин рўзҳои муборак ба сабаби анҷом додани амалҳои нек мо метавонем розигии Парвардигору бандагонашро ба даст биёрем, ҳамчунон, ки Паёмбари гиромии Ислом (с) фармудаанд:

«Парвардигори шумо барои шумо ду рўзеро ихтиёр кардааст, ки он аз ҳама рўзҳо беҳтар аст: рўзи Азҳо ва рўзи Фитр». (Ривояти Абўдовуд).

Мақсад аз ин ду рўз иди саиди Фитр ва иди саиди Азҳо, яъне иди Қурбон мебошад. Дар дигар ҳадисҳои Паёмбари гиромии Ислом (с)  омадааст, ки ин рўз иборат аз рўзи хурсандӣ ва дўстиву бародарӣ,  бахшидани якдигар, дур кардани кинаву адоват аз дилҳо, хусусан кўмак кардан ба оилаҳои камбизоат ва ятимон мебошад. Ҳамчунон, ки бузурге дар маънои ин ҳадис мефармояд:

Ҳар ки хандонад ятими хастаро,

Дар кушояд Ҷаннати дарбастаро.

Имрўз, ки дар фазои тинҷиву оромӣ ва ваҳдату амният зиндагӣ дорем, бояд шукронаи ин неъмати гаронбаҳоро ба ҷо биёрем. Чунонки дар Қуръони карим омадааст:

 «…Агар шумо шукргузор бошед, неъматҳоямро меафзоям». (Сураи Иброҳим, ояти 7)

Бояд мо мусулмонон бидонем, ки иди саиди Қурбон аз замони ҳазрати Иброҳим (а) сарчашма мегирад.

Вақте, ки ҳазрати Иброҳим (а) ҷавон буд, дар сарзамини Бобули Ироқ муборизаро бар зидди бутпарастон ва шахсиятпарастон шурўъ кард. Подшоҳи ҳамон замон Намруд мункири Худо буд ва ба хотири даъвати ба сўи Парвардигор Иброҳимро ба оташ партофт, вале он Офаридгоре, ки Иброҳим ба хотири ризои Ў мубориза менамуд, аз ҳоли Иброҳим огоҳӣ дошт ва хитоб ба оташ карда гуфт:

«Барои дўсти Ман сарду осоишта бош». (Сураи Анбиё; 69).

 Воқеъан ҳам дар шоҳидии гурўҳи азиме аз мардум оташ барои Иброҳим (а) ба боѓу гулистон табдил шуд, ки ҳама ба чашми сар мушоҳида менамуданд. Чанде баъд фармони Худованд ба Иброҳим (а) омад, ки ҳиҷрат аз он диёр ва тарки ватану зодгоҳи азизаш кунад.

Ҳазрати Иброҳим (а) фармони Худоро ба ҷо овард ва ба сарзамини Фаластин рафт. Вақте, ки аз ҳамсараш Соро фарзанд нашуд, ба Ҳоҷар издивоҷ кард ва аз ў фарзанде ба номи Исмоил ба дунё омад. Фармони Худованд шуд, ки ҳамсараш Ҳоҷар ва фарзандаш Исмоилро ба сарзамини Маккаи Мукаррама, ки дар он вақт ҷуз як ҷазираи беобу гиёҳ чизи дигаре набуд, сафар намуданд. Он ҷоро барои ҳамсару фарзанди азизаш ватан ихтиёр намуд. Сипас ваҳй омад, ки эй Иброҳим (а), онҳоро дар ин ҷо бигузор. Иброҳим (а) онҳоро дар он ҷо гузошт ва худаш ба тарафи Фаластин баргашт. Иброҳим (а) ҳангоми ҷудо шудан аз ҳамсару фарзандаш фармуд:

«Парвардигоро! Ман баъзе аз фарзандонамро ба фармони ту дар як сарзамини бекишту заръ дар канори хонаи Ту, ки таҷовуз ва бетаваҷҷуҳӣ нисбат ба онро ҳаром сохтаӣ, сукунат додаам, Худовандо, то ин ки намозро барпой доранд, пас чунон кун, ки дилҳои гурўҳе аз мардумон барои зиёрати хонаат мутаваҷҷеҳи он гардида ва онҳоро аз меваҳо ва маҳсулоти дигар кишварҳо баҳраманд фармо, шояд, ки аз алтоф ва инояти ту бо намоз ва дуо сипосгузорӣ кунанд».  (Иброҳим; 37).

  Зимни рафтуомад Ҳазрати Иброҳим (а) аз Фаластин ба Ҳиҷоз боре дар маҳалли Байтуллоҳи ҳаром қарор гирифт ва бо ҳамсараш Ҳоҷарахотун ва писараш Исмоил вохўрӣ намуд. Пас дар хоб аз тарафи Худованд ба Ҳазрати Иброҳим (а) ваҳй шуд, ки бояд писарат Исмоилро қурбонӣ кун. Шайтон фурсатро ѓанимат дониста ба назди Ҳоҷарахотун рафт ва ба ў гуфт, ки Иброҳим мехоҳад бо баҳонаи як хоб писаратро қурбонӣ кунад.

Ҳоҷарахотун гуфт: Ин кор иродаи Худованд аст ва ҳар чизе, ки Худо бихоҳад, ба он розӣ ҳастем. Баъдан шайтон се бор ба суроѓи Исмоил рафт ва гуфт: Падарат мехоҳад шуморо сар бибурад. Ў низ гуфт: Ман ба дастури Худованд розӣ ҳастам ва аз ў итоат мекунам ва дар ҳар се бор шайтонро санг зад. Лизо дастури сангзании шайтон дар ин се макон барои ҳоҷиён воҷиб буда, аз ин моҷаро маншаъ гирифтааст.

Ҳангоме ки Ҳазрати Иброҳим (а) бо писараш барои анҷоми қурбонӣ ба кўҳи Мино расиданд, Ҳазрати Исмоил аз падараш пурсид, ки ҳайвони қурбонӣ куҷост?  Падараш бо дили пурхун ва дидаи пуроб гуфт:

«Эй фарзандам! Ман дар хоб чунон мебинам, ки бояд туро сар бибурам ва қурбоният кунам, бинигар назарат чист? Исмоил гуфт: Эй падар! Коре, ки ба ту дастур дода мешавад, бикун, ба хости Худо маро шикебо хоҳӣ ёфт».

«Ҳангоме ки падару писар ҳар ду таслими фармони Худо шуданд ва Иброҳим рухсораи ўро ба хок андохт, фарёдаш задем, ки эй Иброҳим! Ту хобро рост дидӣ ва донистӣ, дар баробари фармони Худо амал кардӣ ва маъмурияти худро ба ҷой овардӣ (даст нигаҳ дор, ки дар ин озмоиши бузург муваффақ шудӣ, беш аз ин ранҷи ту ва фарзандатро намехоҳам). Мо ин гуна ба некўкорон ҷазо медиҳем». (Соффот; 102-105).  

Баъдан Ҳазрати Ҷабраил ба дастури Худованд гўсфандеро барои Ҳазрати Иброҳим овард, то онро ба ҷойи Ҳазрати Исмоил қурбонӣ кунад. Чунонки Худованд мефармояд:

«Мо қурбонии бузург ва арзишмандеро фидои Исмоил кардем».  (Соффот; 107).

Пас, Иброҳим (а) ба ҷои фарзандаш гўсфандро қурбонӣ намуд. Ба ҳамин хотир аст, ки тамоми мусалмонон дар рўзи иди Қурбон гўсфанд қурбонӣ мекунанд.

Иброҳими Халил (а) ба ҳама фарзандони Одам новобаста аз он ки араб ё ѓайри арабанд, дарси садоқату амонатдорӣ ва фидокорӣ додааст ва ба ин васила худ ба авҷи қабули даргоҳи илоҳӣ ноил шуда, ба мартабаи аълои халилият, яъне дўстӣ бо Худованд расидааст.

Дар рўзи иди Қурбон меҳмонии фақирону камбизоатон ва ятимон тавассути дорандагон анҷом мегирад, бинобар ин онҳое, ки имконияти қурбонӣ кардан доранд, бояд аз ҳоли фақирону ятимон ва камбизоатону нодорон бохабар шаванд, чаро, ки ин рўз рўзи дўстиву муҳаббату бародарӣ аст.

 Таълимоти Ислом моро пайваста ба он даъват мекунанд, ки дар ин рўз кинаву кудрату душманиро аз дил дур сохта, бародаронамонро дар оѓўш гирем. Имрўз метавонад ҳамчун рўзи садоқат ва ваҳдату якпарчагии мо мусулмонон ҷашн гирифта шавад.

Пас мебояд, ки ҳар неъмати Худовандро шукргузорӣ намуда, дар ҳаққи ватан ва кишвари азизамон, хусусан дар ҳаққи Сардори давлат дуои нек ва пешрафти давлатро аз Худованди мутаъол илтиҷо намоем.

 Қобили зикр аст, ки рўзи Арафа, яъне як рўз пеш аз иди Қурбон аз фазилати бузурге бархўрдор аст. Дар ин рўз рўза гирифтан мустаҳаб буда, савоби бузурге дорад. Пайѓамбар (с) мефармояд: «Ман аз Худованди мутаъол умед дорам, ки рўзаи рўзи Арафа каффорати гуноҳони як соли қабл ва як соли баъд гардад».  (Ривояти Муслим).

Ҳар як мусулмони озод хоҳ зан бошад, хоҳ мард, дар сурате, ки сарватманд бошад, дар рўзи иди Қурбон бояд чорвоеро ба унвони қурбонӣ забҳ кунад. Бояд қурбонӣ то намози шоми рўзи сеюми ид ба ҷо оварда шавад.

 Чорвоҳои қурбонишаванда метавонад, ки гўсфанд, буз, шутур ва чорвои калони шохдор бошад. Як чорвои калони шохдор ва як шутурро метавонанд то ҳафт нафар қурбоникунандагон шарик шуда, бо маслиҳат қурбонӣ намоянд.

 Агар он чорвоҳои номбаршударо бо таври зинда ба камбаѓалон ва созмонҳои хайрия туҳфа намоянд, ба савоби қурбонӣ кардан баробар намешавад. Зеро ки хуни чорворо резонидан шарти асосии қурбонӣ мебошад.

 Чорвое, ки як чашмаш кўр, ланг ва ё аксари дандонҳояш рехташуда, бегўш, бечашм, бедум, лоѓар, ниҳоят бемадор мебошад, қурбонӣ кардан дуруст нест.

 Мустаҳаб аст, ки қурбоникунанда сеяки гўштро барои худаш ва сеяки дигарро барои ҳамсояҳо ва сеяки дигарашро ба камбаѓалон диҳад. Агар ҳамаи онро ба камбизоатон тақсим намояд, раво мебошад. Пўсташро метавонад, ки дар хона истифода барад ва ё ба камбаѓале диҳад, ки дар болои он намоз хонад.

Аз Анас (р) ривоят аст, ки Пайѓамбар (с) фармудаанд:

«Ҳар касе ҳоҷати як фард аз уммати маро бароварад ва мақсади ў шод кардани вай бошад, маро шод кардааст, ҳар касе маро шод  кунад, Худовандро шод кардааст ва ҳар кассе Худовандро шод кунад, Худованд ўро вориди биҳишт мекунад». (Ривояти Байҳақӣ).

    Ҳамон тавр ки аз ин ҳадис маълум гардид, эҳсону некӣ аз ҳар навъе, ки бошад, амалест, ки Худовандро хушнуд мегардонад. Хусусан кўмак ва дастгирии ятимону ниёзмандон дар рўзҳои ид боиси аҷру савоби бешумор ва хушнудии Худованд ва Расули ўст. 

Дар охир як бори дигар ҳама ҳамватанони гиромиро ба муносибати иди Қурбон табрику муборак бод гуфта, барояшон хушиҳои зиндагиро тамано дорем.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:49
Пешин12:40
Аср17:27
Шом19:26
Хуфтан20:57
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар