ҲИКМАТҲОИ ҲАҶ ВА ФАВОИДИ ТАВОФИ ХОНАИ КАЪБА
Дар шариати Ислом ибодат ба се навъ тақсим мешавад: 1. Ибодати баданӣ мисли намозу рўза. 2. Ибодати молӣ, мисли закоту садақаи фитр ва ғайра. 3. Ибодати мураккаб аз ҳар ду, ҳам баданӣ ва ҳам молӣ, мисли ҳаҷ.
Фаризаи ҳаҷ яке аз аркони дини мубини Ислом мебошад. Ҳаҷ ба касоне, ки қудрати молӣ ба рафта ба суи хонаи Каъбаро дошта бошанд, фарз мебошад. Аъмоли ҳаҷ асосан аз умури зерин иборат мебошад: Бастани эҳром аз миқот, тавофи қудум, саъй байни Сафо ва Марва, вуқуф дар Арафот, шабгузаронӣ дар Муздалифа, ҳузур дар Мино ва рамйи ҷамарот, забҳи қурбонӣ, тарошидан ё кўтоҳ намудани мўи сар, тавофи зиёрат ва тавофи видоъ. Дар ҳар яке аз ин аъмоли ҳаҷ фалсафа ва ҳикмате нуҳуфтааст, ки ҳадаф аз анҷоми ҳаҷ дарёфтан ва ноил гардидан ба ин ҳикмати илоҳӣ мебошад.
Уламо ва донишмандон фарз гардидани ин фаризаи илоҳиро ба чанд манофеъи динӣ ва дунявӣ таъбир ва тафсир намуданд. Мавлоно Ашрафалии Таҳонавӣ (рҳ) дар китоби худ “Аҳкоми Ислом аз дидгоҳи ақл” баъзе ҳикматҳои машруъияти ҳаҷ ва тавофи Каъбаи мушаррафаро чунин зикр намудааст:
1. Дар олами муҳаббат рўҳи инсон ҳар вақт перомуни маҳбуби худ давр мезанад ва остонаи ӯро мебӯсад. Хонаи Каъба дар олами ҷисмонӣ барои ошиқони илоҳӣ як намуна ва рамзе мебошад, ба сўи инсонҳо нидое мерасад, ки бубинед: Ин хонаи Ман аст ва Ҳаҷарул-асвад санги остонаи хонаи Ман аст. Ин намунаро ба ин ҷиҳат қарор додааст, ки инсон ба таври ҷисмонӣ ишқу муҳаббати худро зоҳир кунад. Пас ҳаҷкунанда дар мақоми ҳаҷ ба таври ҷисмонӣ дар ҳолати фурўтанӣ ва хузуъу хушуъ гирдогирди хонаи Каъба мегардад, гӯё дар муҳаббати илоҳӣ девона ва маст аст. Зебу зинатро тарк мекунад, сари худро метарошад ва ба сурати маҷзубон ба гирди хонаи Каъба тавоф мекунад ва санги остонаи хонаро мебўсад.
2. Дар вақти адои фаризаи ҳаҷ мусулмонон аз ҳар гўша ва манотиқи олам ба ҳамдигар дар як дарбор ҳамсуҳбат ва мулоқот мекунанд ва аз аҳволи ҳамдигар бохабар мегарданд. Аз иҷтимоъи онҳо азамати шаъоири дин зоҳир мешавад.
3. Дар сафари ҳаҷ мушкилот ва машаққатҳои зиёд пеш меояд. Инсон дар ин ҳангом ҳамаи ин машаққатҳо ва сахтиҳоро таҳаммул мекунад, ки он ибодати холиси Аллоҳ таъоло аст ва ба сабаби он гуноҳон ва хатоҳои ў муоф мешавад.
4. Мўъмин ба сабаби тавофи хонаи Каъба чун фариштагони муқарраб мебошад, ки онҳо ба гирди арши илоҳӣ тавоф мекунанд. Мўъмин парвонавор тавофи ҳазрати улуҳиятро ба ҷо меорад ва хонаи Каъба дар зоҳир намуна ва рамзи дарбори илоҳӣ мебошад.
5. Иҷтимоъи мусалмонон дар ҳаҷ камоли иттиҳоди аҳли Исломро ифода намуда, инчунин барои онҳо, ки дар либоси эҳром ҳама якранг мебошанд, растохез ва ҳашру нашри рӯзи қиёматро ёдоварӣ менамояд, то ки мўъминон ин манзараро мушоҳида намуда, ҳашри рўзи ҷазоро ба хотир оваранд ва барои охират омодагӣ бинанд.
6. Ҳикмати саъй кардан дар миёни Сафо ва Марва, чун ғуломе, ки дар дарбори подшоҳи худ бор-бор мераваду меояд, ба ин умед, ки дар хидмат ихлоси худро зоҳир кунад ва ба назари раҳмат мушарраф шавад. Саъйкунанда дар дарбори илоҳӣ такрор ба такрор мераваду меояд ба ин умед, ки агар бори аввал раҳмат накунад, пас шояд бори дуюму сеюм ва чорум раҳмат мекунад. Саъйкунанда дар байни Сафо ва Марва низ бо ҳамин умед саъй мекунад.
Гуфт Паёмбар ки чун кўбӣ даре,
Оқибат з-он дар бурун ояд маре.
Сояи ҳақ бар сари банда бувад,
Оқибат ҷўянда ёбанда бувад.
Чун зи чоҳе меканӣ ҳар рӯз хок,
Оқибат андар расӣ дар оби пок.
Ҳаҷи хонаи Худо агар саҳеҳ ва бо риояти одоби он анҷом шавад, самарот ва дастовардҳои бисёр муҳим ва ширине ба ҳамроҳ дорад. Агар ҳоҷӣ ҳаҷҷи худро бидуни нуқсон ба анҷом расонад, аввалин подошаш омурзиши гуноҳон ва вуруд ба як зиндагии ҷадид аст. Худованд ба ҳамаи ҳоҷиён ҳаҷҷи мабрур ва амали мақбул насибу рўзӣ гардонад.
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар