Асосӣ Мақолаҳо ҲАЁТ ВА ЭҶОДИЁТИ СЎФӢ АЛЛОҲЁР (РҲ)

ҲАЁТ ВА ЭҶОДИЁТИ СЎФӢ АЛЛОҲЁР (РҲ)

ҲАЁТ ВА ЭҶОДИЁТИ СЎФӢ АЛЛОҲЁР (РҲ)
2023-07-17
466

Сўфӣ Аллоҳёр (рҳ) дар нимаи дуюми асри 17 ва аввали асри 18 дар хонии Бухоро умр ба сар бурда, ҳамчун олими фақеҳ ва шоири мутасаввифи зуллисонайн (яъне тоҷикӣ ва ўзбекӣ) дар тарғибу ташвиқи дини мубини Ислом ва ахлоқӣ ҳамидаи муҳаммадӣ дар таърихи мардуми Осиёи Миёна нақши босазое гузоштааст. Дар бораи соли таваллуди Сўфӣ Аллоҳёр афкори мухталиф мавҷуд аст. Ў тахминан дар байни солҳои 1630 -1650 ва мувофиқи таҳқиқоти охирин соли 1663 дар деҳаи Минглари Каттақурғон ба дунё омадааст. Бобои Сўфӣ Аллоҳёр Темурёр ва падараш Аллоҳқулӣ ашхоси дар илми замони худ пешқадам, соҳиби обрў ва парҳезгор буданд.

Сўфӣ Аллоҳёр дар панҷсолагӣ савод бароварда, дар синни шашсолагӣ қуръонро хатм мекунад. Маълумоти ибтидоиро дар деҳаи Шайхлар гирифта, сипас дар синни дувоздаҳсолагӣ ба Бухорои шариф меравад ва дар мадрасаи ҷўйбор таҳсилро идома медиҳад. Дар омўзиши илми фиқҳ Хоҷа Мўъмин ва Мавлавӣ ғазолӣ ба ў устозӣ мекунанд. Дар синни бисту панҷсолагӣ Сўфӣ Аллоҳёр ба мансаби сардори муҳтасибони Бухоро мушарраф мегардад. Ў дар ин вазифа фидокорона ва ҳалол заҳмат кашида, дар пур кардани хазинаи хонӣ ҳиссаи муносиб мегузорад ва сазовори таҳсину эҳтироми хон мегардад. Вале баъд аз муддате фисқу фасоди аҳли мансаби хонии Бухоро ва аҳволи фуқарои одиро дида, аз вазифаи худ даст мекашад ва роҳи зуҳду тақворо пеш мегирад.

Ниҳоят бо инояти Худованд дидаи басираташ кушода мешавад ва даст аз ин дунёи фонӣ кашида ба аҳли сулук мепайвандад. Сўфӣ Аллоҳёрро пири муршидаш Хоҷа Наврўз ба тариқаи нақшбандӣ ҳидоят карда, асрори тасаввуф ва роҳу равиши онро таълим медиҳад. Сипас ў ба шайхи машҳури нақшбандӣ ҳабибуллоҳи Бухорӣ дасти инобат дода, ба ў дувоздаҳ сол хидмати муридӣ мекунад ва худ низ ба дараҷаи шайхӣ мерасад. Барои ба мардум фаҳмонидани таълимоти шариат ва тасаввуф Сўфӣ Аллоҳёр ба мавзеъҳои гуногуни Тоҷикистон (Панҷакенту қубодиён, навоҳии Водии ҳисору Рашт) ва Ўзбекистон ((Ургуту Шаҳрисабз, ғузору Деҳқонобод, Бойсуну Шеробод, Деҳнав ва ғайра) сафар карда, дар ин маконҳо зиндагӣ мекунад ва ба толибони илму ирфон аҳкоми шариату тариқатро таълим медиҳад.

Сўфӣ Аллоҳёр (рҳ) солҳои охири ҳаёти худро (1710 - 1721) дар яке аз деҳаҳои Деҳнави Сурхондарё – Катта Вахшивор мегузаронад. Ў ин деҳаро обод намуда, аз қаробулоқ ном чашма ба деҳа ҷўй кашида об меоварад ва соли 1713 бо роҳи ҳашар масҷид бунёд мекунад, ки то ҳол ба мардум хидмат карда истодааст. Сўфӣ Аллоҳёр (рҳ) соли 1721 дар деҳаи Катта Вахшивор вафот мекунад ва дар ҳамон ҷо дафн карда мешавад.

Осори Сўфӣ Аллоҳёр (рҳ) ба се забон навишта шудааст: «Маслакул-муттақин» ва «Муродул-орифин» ба забони форсии тоҷикӣ, «Суботул-оҷизин» ба забони ўзбекӣ ва «Махзанул-мутеъин» ба забони арабӣ. Аммо бузургтарин ва пурмуҳтавотарин асари Сўфӣ Аллоҳёр (рҳ) «Маслакул-муттақин» (Роҳи парҳезгорон) аст, ки дар байни хоссу ом бо номи «Маслак» машҳур аст. Ин китоб дар мадрасаҳои Осиёи Миёна, Афғонистон ва ҳиндустон ҳамчун маводи дарсӣ истифода мешавад. «Маслакул-муттақин» манзумаи фиқҳии ирфонӣ дар мазҳаби ҳанафӣ буда, аз 12000 байт иборат аст ва зиёда аз 135 мавзўъро дар бар мегирад. Сўфӣ Аллоҳёр (рҳ) асари худро бо 60 байт дар ҳамду санои Худованд оғоз карда, 15 байтро дар наъти Расули акрам (с) мебахшад. Дар бораи ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат, мақомоти авлиё ва каромоти онҳо сухан мегўяд. Баъд дар бораи норасоиҳои худ сухан гуфта, ба фарзандаш насиҳат мекунад ва аз давру замони худ, ки фисқу фуҷур ва беҳаёӣ ривоҷ ёфта, хамру зинову рибо ҳамаро фаро гирифта буд, шикоят намуда, китоби «Таҳорат»-ро оғоз мекунад. Масоили зарурӣ оид ба таҳорату намоз ва закоту рўзаро бо як зеҳни закӣ ва биниши амиқ бо овардани иқтибосҳо аз  китобҳои машҳури зиёда аз сад нафар уламои ҳанафӣ дар асари худ ҷой медиҳад.

Бояд гуфт, ки дар баробари риояи меъёрҳои ахлоқӣ, одоб  ва муомилоти исломиро, ки дар зиндагии рўзмарраи мардуми мусулмон зарур аст, дар алоқамандӣ бо талаботи маслаки нақшбандӣ баён мекунад. Аз ин лиҳоз, бобҳои «Муноҷот», «Аз норасоиҳои мусанниф», «Насиҳат ба фарзанд», «Китоби забоеҳ», «Китоби сайд» ва «Баёни масоили мутафарриқа» хеле ҷолибанд. Китоби «Маслакул-муттақин» бо як забони сода ва ба мардуми одӣ фаҳмо бо забони форсии роиҷи асрҳои 17-18 навишта шудааст.

Дар охир мехоҳам номҳои баъзе китобҳои уламои ҳанафиро, ки Сўфӣ Аллоҳёр (рҳ) ҳамчун маъхаз истифода бурдааст, зикр кунам, то ин ки дар дили хонанда бовари комил пайдо шавад, ки «Маслакул-муттақин» дар ҳақиқат яке аз китобҳои муътабари мазҳаби ҳанафӣ аст ва дар ҳаққи мусаннифаш дуои хайр кунад ва сабаби некбахтӣ ва саодати ў гардад. Умед аз ҳамаи хонандагон низ ҳамин аст.

Китобҳо дар фиқҳи ҳанафӣ, ки муаллиф дар таълифи «Маслак» аз онҳо истифода бурдааст:

  1. Фатово-ал-Аминия – аз Муҳаммадамин Абдуллоҳи Мўъминободӣ (номи яке аз деҳаҳои атрофи Бухоро)
  2. ғуня – китоби фатво – аз Маҳмуд ибни қунавӣ
  3. Фатовои Заҳирия – аз Заҳируддин Муҳаммад ибни Аҳмад (в. 619 ҳ.)
  4. Зиёдот (Аз-Зиёдот фӣ вуруъил-ҳанафия) – аз Муҳаммад ибни ҳасани Шайбонӣ
  5. Кабирӣ – китоби фатво – аз Кабируддини Самарқандӣ
  6. Канзул-ибод – шарҳи машҳури «Аврод» - аз Алӣ ибни Аҳмади ғурӣ (ба забони арабӣ ва форсӣ навишта шудааст).
  7. Кифоя – шарҳи ҳидоя – аз саид ҷалолуддини Хоразмӣ
  8. Фатовои Кофурия – аз Муҳаммад ибни ҳасани Самарқандӣ
  9. Фатовои қозихон – аз Фахруддин ҳасан ибни Мансури Ўзҷандӣ
  10.  Мабсут – аз Имом Муҳаммад ибни ҳасани Шайбонӣ (в. 189 ҳ.), вале нусхаи аслии ин китоб то замони мо нарасидааст. Аз Имом Муҳаммад якчанд Мабсут ривоят шудааст, ки машҳуртаринашон аз Абўсулаймони ҷузҷонӣ (в. 200 ҳ.) ба ҳисоб меравад. Шарҳҳои зиёде бар Мабсут навишта шудааст, аз ҷумла, Мабсути Кабири Шайхулислом Хоҳарзода (в. 483 ҳ.), шарҳҳои Шамсулаиммаи ҳалвоӣ (в. 456 ҳ.), Шамсулаиммаи Сарахсӣ (в. 500 ҳ.), Абулусри Паздавӣ (в. 484 ҳ.), Абулюсри Паздавӣ (в. 493 ҳ.), Носируддини Самарқандӣ (в. 536 ҳ.), Абуллайси Самарқандӣ (в. 376 ҳ.)
  11. Музмарот – номи аслии ин асар ҷомеъул-музмарот вал-мушкилот аст, аз Юсуф ибни Умар ибни Юсуфи Сўфии Кодурӣ (в. 832 ҳ.)
  12.  Мултақат – номи аслияш Ал-Мултақат фил-фатово-ал-ҳанафия аст, аз Имом Носируддин ҳусайни Самарқандӣ (в. 556 ҳ.), дар соли 549 ҳ. навишта шудааст.
  13. Мунятул-мусаллӣ – аз Садруддини Кошғарӣ (в. 705 ҳ.)
  14. Муҳиммотул-муслимин – рисола барои хурдсолон навишта шудааст. Рисолаи «Фарзи айн» дар асоси ҳамин китоб мураттаб гардидааст. Муаллифаш номаълум аст.
  15. Мабсути Шайхулислом ба номи Мабсути Кабири Шайхулислом Муҳаммад ибни ҳусайни Бухорӣ (в. 483 ҳ.), ки бо лақаби Абўбакри Хоҳарзода маъруф аст.
  16. Мишкот – номи пуррааш Мишкотул-масобеҳ - асари Валиюддин Муҳаммад Хатиби Табрезӣ, ки соли 737 ҳ. навишта шуда ва тадвини дубора ва такмили китоби Масобеҳус-суннаи Имом ҳусайн ибни Масъуди Бағавӣ мебошад. Шарҳҳои зиёде бар Мишкот навишта шудааст, ки машҳуртаринашон Мирқотул-мафотеҳ - асари Нуруддин Мулло Алии қории ҳаравии Маккӣ (в. 1014 ҳ.) мебошад.
  17.  Мухтасарул-виқоя – асари машҳури Убайдуллоҳ ибни Масъуд ибни Тоҷушшариаи Бухорӣ (в. 747 ҳ.) буда, ихтисоре аз китоби Виқоятур-ривоя – таснифи бобояш Маҳмуд ибни Садрушшариа  (в. 673 ҳ.) мебошад. Номи аслии асар Нуқоя буда, бо номи Мухтасар машҳур шудааст.
  18.  Навозил – номи пурраи ин асар Ан-Навозил фил-фуруъ буда, онро фақеҳи машҳур Абуллайси Самарқандӣ (в. 376 ҳ.) навиштааст. Дар ин асар ривоятҳои фиқҳие, ки Имоми Аъзам (рҳ) аз Ибни Шуҷоъ, Ибни Муқотил ва Ибни Салама ривоят кардаанд, ҷамъоварӣ шудааст.
  19.  Ниҳоя – шарҳи ҳидоя – аз ҳусомуддин ҳусайн ибни Алӣ ибни ҳаҷҷоҷ ибни Алии Сиғноқӣ (в. 714 ҳ.)
  20.  Салоти Масъудӣ – аз Масъуд ибни Маҳмуд ибни Юсуфи Самарқандӣ, ки ба забони форсӣ навишта шудааст.
  21.  Сироҷия – китоби фатво - аз Алӣ ибни Муҳаммад Сироҷуддини Ўшӣ (в. 596 ҳ.)
  22.  Таҷнис – яке аз Имом Абўбакри Хоҳарзода (в. 483 ҳ.) ва дигаре аз Бурҳонуддини Марғинонӣ (в. 593 ҳ.). Бурҳонуддини Марғинонӣ дар осори худ масъалаҳои нодири дар китобҳои қаблан таълифнамудаашро шарҳ додааст.
  23.  Таҷрид – бо ин ном асарҳо зиёд аст, вале машҳуртаринашондоир ба фиқҳи ҳанафӣ «Ат-Таҷрид»-и Абулҳасани қудурӣ (в. 428 ҳ.) мебошад.
  24.  Тоторхония – аз Олим ибни Алои ҳанафи Деҳлавӣ (в. 786 ҳ.).
  25.  Фатовои қозихон – аз ҳасан ибни Мансури Ўзҷандӣ (в. 592 ҳ.), ки яке аз муътабартарин асарҳои фатво дар мазҳаби ҳанафӣ ба шумор меравад.
  26.  Фатовои Умда – аз ҳусомуддин Садри Шаҳид (в. 536 ҳ.)
  27.  Фатовои Ширъа – аз Рукнулислом Имомзода. Аслан ин китоби фатво нест, балки доир ба масъалаҳои фиқҳӣ ва одобу ахлоқи исломӣ навишта шудааст. Номи аслии он Ширъатул-Ислом аст.
  28.  Фусули Имодия – аз Имомуддин Абдурраҳим ибни Абўбакр (в. 651 ҳ.) – набераи Бурҳонуддини Марғинонӣ, ки дар Самарқанд навишта шудааст.
  29.  Хулосатул-фатово – аз Ифтихоруддин Тоҳир ибни Аҳмад ибни Абдуррашид ибни ҳусайни Бухорӣ (в. 542 ҳ.)
  30.  ҳидоя – аз Бурҳонуддин Абулҳасан Алӣ ибни Абўбакри Марғинонӣ (в. 593 ҳ.) – фақеҳи машҳури ҳанафӣ мебошад.
  31.  ҳусомия – аз Мухаммад ибни Муҳаммад ибни Умар ҳусомуддини Ахсикатӣ (в. 644 ҳ.) доир ба усули фиқҳ аст, ки бо номи «Ал-Мунтахабул-ҳусомия» машҳур аст.
  32.  ҷавоҳирул-фатово – аз Абўбакр Муҳаммади Кирмонӣ (в. 543 ҳ.), ки дар асоси фатвоҳоифақеҳони Мовароуннаҳр навишта шудааст.
  33.  ҷомеъус-сағир – яке аз шаш асари зоҳири ривояти Имом Муҳаммад ини ҳасани Шайбонӣ (в. 189 ҳ.). Мувофиқи маълумоте, ки дар Кашфуз-зунун омадааст, дар он 1532 масъала баён шуда, 170 масъалаи ихтилофӣ ва танҳо ду масъала дар қиёс ва истеҳсон зикр гардидааст. Дар бораи аҳаммияти ин китоб гуфтаанд, ки касе ин китобро нахонда бошад, ҳаққи фатво додан надорад. Аз ин лиҳоз, бар ин китоб шарҳҳои зиёде навишта шудааст. Аз ҷумла, фақеҳони машҳури ҳанафӣ – Имом Таҳовӣ, Абўбакри ҷассос, Абуллайси Самарқандӣ, Абулқосими Розӣ, Имом Сарахсӣ, Садрулисломи Паздавӣ, Абулмуъини Насафӣ, Абўбакри Балхӣ, қозихон ва дигарон.
  34.  ҷомеъус-сағири Хония – шарҳи ҷомеъус-сағир аз қозихон.
  35.  ҷомеъур-румуз – аз Мавло Шамсуддини қуҳистонӣ, шарҳе аст дар ду муҷаллад бар китоби Мухтасарул-Виқоя.
  36.  Шарҳи Аврод – аз Алӣ ибни Аҳмади ғурӣ, ки шарҳест бар китоби Авроди Шиҳобуддини Суҳравардӣ.
  37.  Шарҳи Бирҷандӣ – аз Абдулалии Бирҷандӣ, шарҳест бар китоби Мухтасарул-Виқоя.
  38.  Шарҳул-Виқоя – аз Убайдуллоҳ ибни Масъуд (в. 747 ҳ.), ки дар он китоби Виқоятур-ривоя – асари бобояш Маҳмуд ибни Аҳмад (в. 673 ҳ.)-ро шарҳ додааст.
  39.  Шарҳи Зоҳидӣ – аз Зоҳиди ғазминӣ, шарҳест бар китоби Мухтасари қудурӣ.
  40.  Шарҳи Кабир – аз Мавлавӣ Абулмакорим, шарҳест бар китоби Мухтасарул-Виқоя.
  41.  Шарҳи Кофӣ – аз Шамсулаиммаи Сарахсӣ, шарҳест бар китоби Кофӣ аз ҳокими Шаҳид.
  42. Ширъатул-Ислом – аз Муҳаммад ибни Абубакри Чуғӣ, ки бо номи Рукнуддини Имомзода машҳур аст.
  43.  Янобеъ – аз Муҳаммад ибни Бадруддини Шалабӣ, шарҳест бар китоби Мухтасари қудурӣ. Ал-Янобеъ фил-усул ном асар низ мавҷуд аст, ки муаллифаш Абулқосим Аҳмади Байҳақӣ аст.
  44.  Ат-Таҷрид фил-фиқҳ, Ал-Изоҳ, Ал-Фатово, Ал-Ишорот ва шарҳи ҷомеъул-кабир – муаллифи ин осор Имом Рукнуддин Абулфазл Абдурраҳмон ибни Муҳаммади Кирмонӣ (в. 543 ҳ.) аз бузургони уламои Хуросон аст.
  45. Танбеҳул-ғофилин, Бўстонул-орифин, шарҳи ҷомеъус-сағир, Ан-Навозил ва Хизонатул-фиқҳ – муаллифи ин осор Абуллайси Самарқандӣ Наср ибни Муҳаммад ибни Аҳмади Самарқандӣ (в. 376 ҳ.) аст, ки бо лақаби Имомулҳудо машҳур буда, аз ҷумлаи шогирдони Абўҷаъфари ҳиндувонӣ мебошад.
  46.  Китобул-аҳво вал-ихтилоф – аз Абўҳафси Кабири Бухорӣ (в. 217 ҳ.) аз ҷумлаи фуқаҳои бузурги ҳанафӣ дар Бухоро аст. Ўро бо унвони Фақеҳи машриқ ва Шайхи Мовароуннаҳр низ ёд мекунанд. Фарзандаш Муҳаммад низ аз фуқаҳои номдори ҳанафӣ аст, ки бо номи Абўҳафси Сағир шуҳрат дорад.
  47.  Нашрул-мазҳаб, Маносикул-ҳаҷ, Ал-Фароиз, Ат-Таҷнис вал-мазид, Мухтасарун-навозил, Китобул-Машоих, Китобул-Мазид фил-фруъил-ҳанафия, Шарҳи ҷомеъус-кабири Муҳаммади Шайбонӣ, Бидоятул-мубтадӣ, Кифоятул-мунтаҳӣ, ҳидоя ва ғайра – аз Шайхулислом Бурҳонуддин Абулҳасан ибни Абубакр ибни Абдулҷалил ибни Халил ибни Абубакри Марғинонии Рошидонӣ (в. 593 ҳ.) аз ҷумлаи фуқаҳои бузурги ҳанафия мебошад, ки насаби эшон ба Абубакри Сиддиқ мерасад.
  48.  Фатовои Заҳирия – аз Заҳируддин Абубакр Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Умари Бухорӣ (в. 619 ҳ.) фақеҳи ҳанафӣ ва муфтии Бухоро буд.
  49.  Фатовои Заҳирия – аз Заҳируддин ҳасан ибни Алии Марғинонӣ (в. 600 ҳ.) мебошад.
  50.  Тасҳеҳул-осор, Ан-Наводир, Ал-Музораба – аз Абўабдуллоҳ Муҳаммад ибни Шуҷоъ ибни Салҷии Бағдодӣ (в. 266 ҳ.) фақеҳи ҳанафӣ мебошад.
  51. Китобул-Хароҷ, Адабул-қозӣ, Китобул-ҳиял, Китобур-радд ало Сиярил-Авзоъӣ ва ғайра – аз осори муҳимтарини Имом АбўюсуфиқозӣЯъқуб ибни Иброҳими Ансории Кўфӣ (т. 113 ҳ./ в. 182 ҳ.) мебошад. Ў аз бунёнгузорони фиқҳи ҳанафӣ ва нахустин ривоҷдиҳандаи андешаҳои Имоми Аъзам (рҳ) ва ҳофизи ҳадис буд. Дар замони халифаи аббосӣ Маҳдӣ ба мансаби қазоват расид ва дар замони хилофати ҳодӣ ва ҳорун то вафоташ дар ин вазифа боқӣ монд. Ў аввалин қозӣ аст, ки унвони қозилқузоти Бағдодро соҳиб шудааст.
  52.  Фатовои қозихон – аз Имом Фахруддин Абулмаҳосин ҳасан ибни Абдулазизи Ўзгандии Фарғонӣ (в. 592 ҳ.). Осори дигари қозихон шарҳи ҷомеъус-сағир ва шарҳи Зиёдот аст.
  53.  Ал-Мабсут, Аз-Зиёдот, Ал-ҷомеъус-сағир, Ал-ҷомеъул-кабир, Ас-Сиярус-сағир, Ас-Сиярул-кабир – аз Имом Муҳаммад ибни ҳасан ибни Фарқади Шайбонӣ (т. 131 ҳ./ в. 189 ҳ.) яке аз шогирдони машҳури Имоми Аъзам (рҳ) аст, ки дар Кўфа ба воя расидааст. Имом Шофеъӣ, Абўҳафси Кабири Бухорӣ, Абўсулаймони ҷузҷонӣ, Абўсаҳл Мўсо ибни Насри Розӣ, Муҳаммад ибни Самок, Иброҳим ибни Рустам аз ў таълим гирифтаанд. Овардаанд, ки ў зиёда аз 900 китоб таълиф кардааст, вале шаш асари ў машҳур аст, ки дар боло номҳои онҳоро овардем. Ин осорро бо унвони «Зоҳири ривоят» ном мебаранд. Масоиле, ки дар мазҳаби ҳанафӣ бо ин ном меоянд, ба мазҳаб мухолиф наметавонад бошад.
  54.  Имом Маҳбубӣ. Маҳбубиҳо уламои Бухоро ҳастанд, ки насабашон ба саҳобаи Расули Худо (с) Убода ибни Сомити Ансорӣ (рз) (в. 34 ҳ.) мерасад. Машҳуртарини онҳо инҳоянд: 1. ҷамолуддин Абулмакорим Убайдуллоҳ ибни Абдулмалики Маҳбубӣ (в. 602 ҳ.) – муаллифи Шарҳи ҷомеъус-сағир. 2. Писари ў – Садрушшариъа Шамсуддин Аҳмад ибни ҷамолуддин Убайдуллоҳи Маҳбубӣ (в. 630 ҳ.) – муаллифи Талқиҳул-уқул фӣ фуруқил-манқул. 3. Писари ў Тоҷушшариъа Маҳмуд ибни Садрушшариъа Аҳмади Маҳбубӣ (в. 673 ҳ.) муаллифи Виқоятур-ривоя фӣ масоилил-ҳидоя. 4. Набераи ў Садрушшариъа Убайдуллоҳ ибни Масъуди Маҳбубӣ (в. 747 ҳ.) муаллифи шарҳи Виқоя ва Мухтасарул-Виқоя. Мазори авлоди Маҳбубиҳо замоне дар мавзеъи Шаръободи Бухоро аз зиёратгоҳҳои машҳур буд.
  55.  Китоби Усулул-фиқҳ, шарҳи Мабсут, Ас-Сиярул-кабир – аз Имом Абўбакр Шамсулаимма Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Абўсаҳли Сарахсӣ (в. 483 ҳ.) аз бузургтарин фуқаҳои ҳанафӣ ва шогирди Шамсулаиммаи ҳалвоӣ (ба сабаби ҳалвофурўш будани падараш ин нисбатро гирифтааст). Фахрулисломи Паздавӣ низ аз ҷумлаи шогирдони ў буданд.
  56.  Хизонатул-акмал, шарҳи Зиёдот, шарҳи ҷомеъус-сағир, шарҳи Мухтасари Кархӣ – аз Имом Муҳаммад ибни Яҳё ибни Маҳдӣ Абўабдуллоҳ ал-Фақеҳи ҷурҷонӣ (в. 398 ҳ.). Бурҳонуддини Марғинонӣ ўро аз ҷумлаи соҳибони тахриҷ медонад. қабраш дар Бағдод дар паҳлуи қабри Имоми Аъзам (рҳ) воқеъ аст.
  57.  Китоби Муснад, Ал-Махориҷ, Ал-Фиқҳул-акбар, Ал-Фиқҳул-абсат, Ал-олим вал-мутааллим – аз Имоми Аъзам (рҳ) Абўҳанифа Нуъмон ибни Собит ибни Зуто ибни Марзбон (т. 80 ҳ./ в. 150 ҳ.) фақеҳ ва мутакаллими номдори Кўфа, поягузори мазҳаби ҳанафӣ.
  58.  Китоби Мухтасари Кархӣ, шарҳи ҷомеъус-сағир, шарҳи ҷомеъул-кабир – аз Убайдуллоҳ ибни ҳусайни Даллоли Кархӣ (в. 340 ҳ.) фақеҳи Ироқ ва аз шайхони бузурги ҳанафӣ.
  59.  Китоби Ал-Фавоид, Ал-Фатово – аз қозӣ Абўалӣ ҳусайн ибни Хизри Насафӣ (в. 624 ҳ.) аз шогирдони Абўбакр Муҳаммад ибни Фазли Бухорӣ ва аз ҷумлаи устодони Шамсулаиммаи ҳалвоӣ мебошад.
  60.  Китоби Мухтасари қудурӣ, Ат-Таҷрид, Китобут-Тақриб, Масоилул-хилоф, Шарҳи Мухтасари Кархӣ, шарҳи Адабул-қозӣ – аз Абулҳусайн Аҳмад ибни Муҳаммад ибни ҷаъфар ибни ҳамиди қудурии Бағдодӣ (в. 428 ҳ.) аз машҳуртарин фақеҳони ҳанафӣ мебошад.
  61.  Китоби шарҳи Ақоиди Насафӣ – аз Аҳмад ибни Мўсо Мавлои Хаёлӣ (в. 860 ҳ.).
  62.  Китоби Ақоидун-Насафӣ, Ат-Тайсир фит-тафсир, Тилбатут-талаба, Манзуматул-фиқҳ, Ал-қанд фӣ зикри уламои Самарқанд ва Тафсири Насафӣ ба забони форсӣ – аз Абўҳафс Умар ибни Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Исмоил ибни Муҳаммад ибни Луқмон Муфтис-сақалайн Наҷмуддини Насафӣ (в. 537 ҳ.) фақеҳ, муфассир, муҳаддис ва муаррихи машҳури Мовароуннаҳр, шогирди Абулюсри Паздавӣ ва Абўнуъайми Насафӣ, устоди Бурҳонуддини Марғинонӣ.
  63.  Китоби Усулул-Баздавӣ – аз Абулюсри Паздавӣ (Баздавӣ) (в. 484 ҳ.) дар замони худ садри имомони ҳанафии Мовароуннаҳр буд. Абулюсри Паздавӣ бо таълифи китобҳои осонфаҳм машҳур шуда буд, бинобар ин ба ў лақаби Абулюср дода буданд. Бародари калони ў Фахрулисломи Баздавӣ баръакс бо таълифи асарҳои душворфаҳм машҳур буд, аз ин рў ба ў лақаби Абулъуср дода буданд.
  64.  Китоби Мақосид фӣ илмил-калом, Таҳзибул-мантиқ вал-калом, Мухтасарул-маъонӣ, шарҳи Ақоиди Насафӣ – аз Саъдуддин Масъуд ибни Умар ибни Абдуллоҳи ҳаравии Хуросонии Тафтозонӣ (в. 792 ҳ.) машҳур ба Алломаи Тафтозонӣ – фақеҳ, мутакаллим, мантиқӣ ва адиби Хуросон аст.
  65.  Китоби Муня – аз Садруддин Муҳаммад ибни Муҳаммади Кошғарӣ (в. 705 ҳ.).
  66.  Китоби Хизонатур-ривоёт фил-фуруъ – аз қозӣ ҷакани ҳанафии ҳиндӣ.
  67.  Китоби шарҳи Мабсут, шарҳи ҷомеъус-сағир, шарҳи ҷомеъул-кабир, шарҳи Зиёдот, Китобул-Кабир фӣ усулил-фиқҳ – аз Фахурлислом Абулҳасан Алӣ ибни Муҳаммад ибни ҳусайн ибни Абдулкарим ибни Мўсои Насафии Паздавӣ машҳур ба Абулюср аз ҷумлаи фуқаҳои машҳур ва бузурги ҳанафии Мовароуннаҳр аст.
  68.  Китоби Аҳкомул-қуръон, Ихтилофул-уламо, шарҳи Маъонил-осор, Ал-Мухтасар фил-фуруъ, Аш-Шурутул-кабир, Аш-Шурутус-сағир, Ал-Фароиз, Баёнус-суннати вал-ҷамоъа фил-ақоид – аз Абўҷаъфар Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Салома ал-Аздӣ ат-Таҳовӣ (в. 321 ҳ.) раиси ҳанафиёни Миср буд.
  69.  Китоби ҷомеъал-басотин, Ал-Воқеъот, Ал-Фатово – аз ҳусайн ибни Алӣ Абулқосим Имомуддини Ломишӣ (в. 522 ҳ.). Ў аз Ломиш ном деҳае аз Фарғона аст.
  70.  Китоби Тафсири Яъқуби Чархӣ, Найнома, Абдолия, Унсия, Шарҳи Асмоуллоҳ – аз Мавлоно Яъқуби Чархӣ (в. 851 ҳ.) аз бузургтарин намояндагони тасаввуф, пири тариқати нақшбандия, муриди Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд аст.

ҳомидов Абдулвоҳид

мутахассиси Раёсати фатво, омузгори калони ДИТ

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:49
Пешин12:40
Аср17:27
Шом19:26
Хуфтан20:57
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар