Асосӣ Мақолаҳо ПАДИДАИ ХУДКУШӢ ХИЁНАТ БА АМОНАТИ ИЛОҲИСТ

ПАДИДАИ ХУДКУШӢ ХИЁНАТ БА АМОНАТИ ИЛОҲИСТ

ПАДИДАИ ХУДКУШӢ ХИЁНАТ БА АМОНАТИ ИЛОҲИСТ
2023-09-01
649

Ба номиХудованди бахшояндаву меҳрубон

Ҳамду сано Худованди якторо ва дуруду салом ба Расули акрам (с) ва хонадону ёрони ў бод.

Ҳар гуноҳе, ки дар мавриди қатли дигарон вуҷуд дорад, ба худкушӣ низ бевосита дахл дорад, зеро худкушӣ  бо кадом сабабе рух надода бошад, ин нописандӣ кардани ҳукми илоҳӣ ҳисобида мешавад. Худкушӣ аз байн бурдани нафс ба ҳисоб меравад, ки Худованд онро ба амонат гузоштааст ва ҳеҷ кас ҳақ надорад нисбат ба ин амонат бетаваҷҷуҳӣ кунад.

   Дар ҳамон ҷое, ки инсон вуҷуд дорад ва зиндагӣ мекунад, пас мантиқан дар онҷо ин рафтор ё падидаи номатлуби инсонӣ вуҷуд дошта метавонад. Нахустин суоле, ки бояд пурсида шавад ин аст, ки инсон дар чи ҳолате даст ба худкушӣ даст мезанад? Тибқи ахбори сарчашмаҳо  маъмулан фард дар зиндагӣ ҳангоме даст ба худкушӣ мезанад, ки дигар умеде надошта бошад ва роҳи ҳалле барои мушкилии дар пешдоштаи худ намебинад ва онгоҳ ягона ва ба гуфти худаш осонтарин роҳи халосӣ аз ин вартаро дар ҳамин падида меёбад.

Дар бисёре аз адёни мухталифи ҷаҳон худкушӣ амали гуноҳ ва мамнуъ ва дар натиҷа ҳаром эълон шуда ва ин омилест, ки афродро аз даст задан ба ин амал боз медорад. Дини мубини Ислом низ даст задан ба худкуширо амали ҳаром ва зишт шумурда, оятҳои Қуръонӣ ва аҳодиси набавӣ бар зиштӣ ва нодуруст будани ин амал далолат мекунанд. Худованд дар ояти 29-уми сураи «Нисо» мефармояд:

«Ва худатонро макушед, Худованд нисбат ба Шумо меҳрубон аст ва ҳар ки ин амалро аз рўи таҷовуз ва ситам анҷом диҳад ба зудӣ ўро дар оташ ворид хоҳем кард ва ин кор барои Худо осон мебошад».

Дини мубини Ислом амали худкуширо  маҳкум мекунад ва ҷазои шахси ба ин амал дастзада аз ҷониби Парвардигор дўзах асту ҷаҳаннам. Ислом ба ин падида ҳамон тавре ки  зикр намудем, бо  диди манфӣ менигарад. Ин амали худкушӣ  нофармонӣ ва сарпечӣ аз дастуроти Худо аст ва касе, ки дастури Худоро нодида пиндорад ва даст ба худкушӣ бубарад, пас бешак ба азоби Худо гирифтор хохад шуд. Аз нигоҳи дини мубини Ислом худкушӣ далел бар адами яъс ва ноумед шудан аз Худо мебошад ва ноумедӣ аз Худованд бузургтарини гуноҳон аст, ки дар радифи ширк ва куфр қарор мегирад.

Ҳазрати Муҳаммад (с) дар ҳадиси худ мефармоянд: «Он ки худро бикушад, хештанро дар оташи ҷаҳаннам кушта аст ва он, ки бо найза худкушӣ мекунад, дар оташи ҷаҳаннам аст». Имрўз ҷомеашиносон ва муҳаққиқон низ гуфтаҳои болоро тасдиқ намуда, чунин мешуморанд, ки худкушӣ  аз  назари  равонӣ ва иҷтимоӣ падидаи номақбул аст. Инсон ба  ихтиёри худ ба олам    наомадааст  ва  ҳамчунин  ба  ихтиёри  худ  рафтан,  ин саркашӣ ва  розӣ набудан дар баробари ҳукми Худост.

           Пас ба фармудаи Хоҷа Ҳофиз бояд бигўем, ки:

Ман ба худ н-омадам ин ҷо, кизи худ боз равам,

Он, ки овард маро, боз барад бар ватанам.

          Зиндагӣ ва ҳама он чизе, ки дар дохили он аст, баъзан инсонро бо мушкилоте рў ба рў мекунад, ки инсон қодир ба гушодани ин гиреҳ нест ва як навъ падидаи яъсу дилсардӣ ба ў ҳамла мекунад. Аслан ҳамин падидаи ноумедӣ аз бузургтарин гуноҳон маҳсуб меёбад ва набояд аз зиндагӣ ноумеду дилшикаста гашт ва маъмулан он афроде, ки даст ба худкушӣ мезананд аз ҷумлаи нафарони ноумедгашта аз ҳаётанд. Бояд ба даргоҳи раҳмати Худованд такя кард ва набояд ба ҳаёт, ки арзиши волои инсон аз сўи Худост, таҷовуз кард. Ё бояд дар ин ҳолоти афсурдагӣ ва парешонӣ бо бузургоне муроҷиат кард ва насиҳатҳо гирифт. Ҳамчунин дар нигоҳи Ислом ва ҳама адёни ҷахон аз он ҷо ки Худованди Манон холиқи инсон  аст ва тамоми ин ҳастии мо аз Ўст, ҳеҷ касе на ҳаққи куштани дигареро дорад ва на ҳаққи куштани худро. Чун ҳаёт, зиндагӣ муҳаббату ишқи худовандӣ аст ва он касе, ки ин арзишро таҷовуз мекунад аз гунаҳкорон маҳсуб мешавад. Ҳар касс бояд бо чунин бовар бошад, ки ҳаёт амонати Худост ва хиёнат бар ин амонат аз назари чи ақлу, чи ахлоқ ҷинояти ғайри қобили бахшиш мебошад. Ин падидаи номатлубе, ки мо онро худкушӣ меномем, навъе иҳонату хиёнат ба Худованди мутаол аст ва онро гуноҳи нобахшиданӣ мешуморанд. Чун танҳо Худованд аст, ки ҳаётбахш аст ва ҳамчунин танҳо Ўст, ки ҳаётро поён мебахшад, пас дар ҳақиқат поён бахшидани ҳаёт аз ҷониби инсонҳо гуноҳест кабиру нобахшиданӣ.

        Бо вуҷуди он ки худкушӣ яке аз кирдорҳои ношоям эътироф шудааст, лекин солҳои охир теъдоди ҷавононе, ки даст ба худкушӣ мезананд, меафзояд. Тибқи пажуҳишҳои анҷомшуда аксари онҳое, ки худкушӣ мекунанд, ба зиндагӣ ноумед буда, ба мушкилиҳои иҷтимоиву равонӣ дучор шудаанд.

Равоншиносон мегӯянд, дар ҷаҳон мардон нисбат ба занҳо бештар ба худкушӣ даст мезананд. Аммо дар Тоҷикистон, Ҳиндустон, Эрон, Амрико, Русия бошад, баръакс занҳо ба ин амал зиёдтар даст мезананд. Тадқиқоте, ки оид ба худкушӣ миёни наврасон ҳамроҳи мутахассисони амрикоӣ гузаронида шуд, муайян намуд, ки худкушӣ дар миёни ҷавондухтарон бештар ба назар мерасад. Сабабҳои худкушии занону ҷавондухтарон низоъҳои хонаводагӣ, муноқишаҳои байни ошиқу маъшуқ, касалиҳои рӯҳӣ, бемориҳои мавсимӣ чун васвос, зиқшавӣ ва депрессия, яъне рӯҳафтодагӣ мебошад. Зеро духтарон дар 9-11-солагӣ хеле ҳассосшуда, баъзан аз фавти гурбаи худ ҳам маҳзун мегарданд ва фикри худкушӣ ба сарашон меояд. Дигар ин ки зӯроварии психологӣ – таҳқири хушдоману хоҳарони шавҳар низ боиси худкушии занон мешавад.

Инчунин сабаби аслии даст ба худкуши задании ҷавонон дар камсаводии онҳост, зеро ҳангоме шахс дониши диниву дунявии кофӣ надорад, сабру таҳаммул низ аз ӯ ҷудост ва дар ҳар шикасту рехти зиндагӣ мағлуб мешавад. Олимон ба ин амали номатлуб даст задани ҷавонону занони синну солашон миёна ва аз 50-сола болоро омӯхта, ба хулосае омаданд, ки ба ин вабо мубтало шудани онҳоро сабаб аз дин дур буданашон мебошад. Ба андешаи онҳо ибодат ва эътиқод ба Худо эҳтимолияти худкуширо байни ҷавонону занон паст менамояд.

Аз ин рӯ, мо бояд барои ҳалли ин масъала сатҳи маърифати динӣ ва дунявии ҷавонону занону фарзандонамонро боло бурда, онҳоро аз ҳуқуқ ва арзиши волои инсон дар пешгоҳи Худовандо гоҳ намоем, то ба ин васила пеши роҳи ин амали номатлубро ҷилавгирӣ намоем.

 

Ҳомидов Абдулвоҳид

Мутахассиси Раёсати

Фатвои Маркази исломӣ

Омўзгори калони ДИТ

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:04
Пешин12:40
Аср15:15
Шом17:13
Хуфтан18:43
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар