Асосӣ Мақолаҳо РЎЗИ 16-УМИ НОЯБР – РЎЗИ ТАЪРИХӢ ВА МУҲИМ БАРОИ МИЛЛАТУ КИШВАР

РЎЗИ 16-УМИ НОЯБР – РЎЗИ ТАЪРИХӢ ВА МУҲИМ БАРОИ МИЛЛАТУ КИШВАР

РЎЗИ 16-УМИ НОЯБР – РЎЗИ ТАЪРИХӢ ВА  МУҲИМ БАРОИ МИЛЛАТУ КИШВАР
2023-11-16
771

Ба номи он ки ҳастӣ ном аз Ў ёфт,

Фалак гардиш замин ором аз Ў ёфт.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр рӯзи Президент муайян карда шудааст ва мо ҳамасола ин рӯзро ба сифати рамзи қадршиносӣ аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар роҳи эъмори давлати миллии тоҷикон ҳамчун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷашн мегирем. Ин рўзи таърихӣ навиди сулҳу оромии кишвар, меҳру муҳаббат, адолату шафқат, хираду пешрафт ва ваҳдату ҳамдилии ҷомеа мебошад.

Барои ҳар як миллате, ки давлати миллии худро бунёд менамояд, Президент ҳамчун рамзи ифодакунандаи ормонҳои ҳамон миллат аз ҷойгоҳи бузурге бархӯрдор мебошад. Барои миллати мо ҳамин ҷойгоҳи Президент аҳаммияти хос дорад. Зеро Сарвари давлати мо дар шароити мураккаби сиёсие роҳбарии давлатеро ба уҳда гирифтанд, ки иқтисодаш комилан касод ва амнияташ хароб буд. Дар ҳамон шароити хеле нангину мураккаб Худованд ба миллати мо бо назари раҳмат нигарист ва ҷавони бонангу номус, боғайрат, ватандӯст ва миллатпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарии давлат ва раҳнамоии миллатро бар дӯш гирифтанд. Таъмини сулҳу ваҳдати сартосарӣ, оромиву субот, сарҷамъии миллат, расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, қабули қонунҳои миллӣ - ин ҳама бо азму иродаи қавӣ ва иқдому ташаббусҳои созандаи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқу давлати моро ба даст омадааст.

Яке аз дастовардҳои бузурги миллати тоҷик ин сулҳ мебошад. Сулҳи тоҷикон на танҳо давлату миллатро наҷот дод, балки дар дили насли ҷавони тоҷик умед ба ояндаи нек, хушбахтӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдати ногусастаниро зинда намуд. Имрӯзҳо таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар бобати ҳалли мусолиматомези низоъҳо ба сарвати илми сиёсатшиносии ҷаҳонӣ мубаддал шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон метавонад ҷиҳати ҳалли мушкилоти кишварҳои гуногун мавриди истифода қарор гирад. Беҳуда нест, ки таҷрибаи мо дар самти таъмини сулҳ, ба Ватан баргардондани як миллион гуреза аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо воқеъбинона арзёбӣ шуда, ҳамчун шеваи нодири сулҳофарӣ эътироф гардидааст.

Бо нангу номуси тоҷикӣ ва эҳсоси баланди ватандорӣ Сарвари давлат ҷиҳати дубора барқарор намудани ҳазорон хонаҳои истиқоматии дар натиҷаи ҷанг харобгардида шароит фароҳам оварданд, ба бунёди садҳо муассисаи таълимӣ барои ба таълиму тарбияи шоиста ҷалб намудани насли наврасу ҷавон иқдом намуданд, дар умум дар роҳи таъмини зиндагии шоистаи мардуми кишвар рисолати ҷавонмардонаи худро адо намуданд. Дар замони соҳибстиқлолӣ бо сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат дар кишвари мо зиёда аз се ҳазор иншооти нави соҳаи маориф ва ҳудуди ду ҳазор муассисаи нави тандурустӣ бунёд гардидааст.

Бунёди роҳу нақбҳо аз муҳимтарин дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, ки бо иродаи устувори Пешвои миллат бунёд гариданд. Имрўз бо бунёду навсозии роҳу пулҳо инчунин сохта ба истифода додани нақбҳо ҳамватанони мо метавонанд дар чаҳор фасли сол аз дилхоҳ минтақа ба минтақаи дигар сафар намоянд. Дар ин росто, бунёди нақбҳои “Истиқлол”, “Шаҳристон”, “Хатлон” ва “Озодӣ”, бунёду таъмири роҳҳои оҳан, инчунин таъмиру азнавсозии шоҳроҳҳои кишвар боиси зикри хос аст. Албатта ин мухтасари дастовардҳои бузурги Тоҷикистон дар ин арса мебошад. 

Таъмини истиқлоли энергетикӣ яке аз ҳадафҳои муҳим ва стратегии давлат ба ҳисоб меравад. Танҳо дар давраи солҳои 2009-2023 даҳҳо нерўгоҳи обии хурд сохта ба истифода дода шуд.  Аз ҷумла, сохтмони  нерӯгоҳҳои барқи  обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», ба охир расонда шуд ва он алҳол ба манфиати халқ хизмат мекунад. Бунёди неругоҳи барқи обии “Роғун” дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ афсонаеро мемонд. Аммо Пешвои миллати мо бо азму иродаи қатъӣ ва бо такя ба миллати сарбаланди тоҷик дар бунёди он иқдом намуданд. Ин аст, ки имрӯз аллакай ду агрегати НБО-и “Роғун” ба истифода  дода шуд.

Сарвари давлати мо ба ҳар коре, ки иқдом кардаанд, пеш аз ҳама онро ба манфиати Ватан ва ба суди миллат анҷом додаанд. Дар ҳар сафари хориҷии худ Тоҷикистонро ба таври шоиста муаррифӣ мекунанд. Ҳатто вақте ба Пешвои миллати мо муяссар шуд, ки вориди хонаи Каъба шаванд, он ҷо ҳам дар ҳаққи Тоҷикистон ва миллати тоҷик дуои хайр карданд. Ҳамин хислатҳои ҷавонмардонаи Пешвои миллат буд, ки аз ҷониби Маркази тадқиқоти стратегии исломии Шоҳигарии Уммон бори ҳафтум шомили рӯйхати 500 мусулмони соҳибнуфузи дунё гардид. Воқеан, барои марудуми шарифи тоҷик мояи ифтихор аст, ки аз миёни қариб ду миллиард мусулмони сайёра Пешвои миллат шомили рӯйхати 500 мусулмони соҳибнуфуз мегарданд.

Муҳимтарин дастоварди Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат дар радифи садҳо дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию маънавӣ ин ташкили ҷараёни эҳёи фарҳангӣ мебошад. Бо сиёсати фарҳангдӯстонаи Пешвои миллат агар аз як сӯ миллати мо ба сифати миллати дорои фарҳанги бостон ба оламиён муаррифӣ шуда бошад, аз сӯи дигар рӯ овардан ба асолати фарҳангӣ заминаҳои худсозии миллиро муҳайё намуд.

Воқеан, дар натиҷаи сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба мардуми мусулмони кишвари мо муяссар гардид, ки дар шароити муносиб ва бе ҳеҷ мушкил ниёзҳои эътиқодии худро бароварда созанд. Ҳоло дар пойтахти кишвари мо бузургтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ бо гунҷоиши қариб 133 ҳазор намозгузор бунёд гардид ва хушбахтона ба истифода дода шуд, ки имрўзҳо мардуми намозгузор бемамониат намозҳои панҷгона ва ҷумъаро адо намуда истодаанд.   Бинои нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон низ бо маблағгузории давлатӣ бунёд гардида истодааст, ки ин иқдом низ боиси шукру таҳсин аст.

Имрӯз ҳамин намунаи адои рисолати ватандорӣ, ки Пешвои миллат аз худ нишон медиҳанд, бешак як мактаби бузурги омӯзишие барои насли ҷавон аст. Фаъолиятҳои Сарвари давлат имрӯз як намунаи барҷастаи ибрати ватандорӣ аст. Яъне, ҷасорат, садоқат, самимият, хирадсолорӣ, муҳаббат ба Ватану миллат ва адои қарзи ватандориро имрӯз ҷавонони мо бояд аз ҳамин мактаби давлатдории Пешвои миллат омӯзанд.

Имрӯзҳо воқеан зарурати иттиҳоди бештари миллат дар атрофи Сарвари давлат пеш омадааст. Сарвари давлати мо, ки шебу фарози роҳи пурмашаққати ватандориро дар ҷисму ҷони худ санҷидаанд, беҳуда ба мову шумо пайваста зиракии сиёсӣ ва дар ин замина зарурати ҳифзу таҳкими ваҳдати миллиро таъкид намекунанд. Мо низ ҷавобан ба ҳамаи ин заҳматҳои Пешвои миллат бояд муносибати қадршиносона дошта бошем ва шукргузори ин ҳама неъматҳо бошем. Зеро аз дидгоҳи шариати исломӣ ҳам инсони муъмин бояд қадршиносу намакшинос бошад. Дар ҳадиси саҳеҳи Паёмбар (с) мехонем, ки мефармоянд: «Касе шукргузори мардум нест, Худоро шукр намегузорад». Пас, шукргузории мо боз ҳам ҳамон дарки масъулияти шаҳрвандию имониамон дар роҳи ҳифзи сулҳу оромии Ватан ва сарҷамъӣ атрофи ғояҳои созандаи Сарвари давлатамон мебошад.

Ҳомидов Абдулвоҳид- имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи «Ҳазрати Усмон (р)»-и ноҳияи Рўдакӣ

 

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:03
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:12
Хуфтан18:42
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар