Асосӣ Мақолаҳо ТАФСИРИ СУРАИ “ФИЛ”

ТАФСИРИ СУРАИ “ФИЛ”

ТАФСИРИ  СУРАИ “ФИЛ”
2023-12-18
699

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

         Сураи «Фил» 105-умин сураи Қуръони маљид буда, дар Маккаи мукаррама нозил шуда, аз 5 оят иборат аст. Ин сура аз қиссаи “Асҳоби фил”, ки онҳо қасди вайрон кардани Каъбаро доштанду, Худои таоло кӯшишу меҳнаташонро бар зиёни худашон гардонид, сухан мекунад. Ин воқеа дар соли 570-уми милодӣ ба вуқӯъ пайваст, ки ба соли таваллуди Он ҳазрат (с). мутобиқ аст.

         Он вақт мардум интизори таваллуди паёмбари охируззамон ҳазрати Муҳаммади мустафо (с) буданд. Ин яке аз ҳодисаҳои бузургтарини таърих дар олам аст ва то охири олам боқӣ мемонад.

          Дар ривоятҳо омадааст, ки ин воқеа дар соли таваллуди Расулуллоҳ (с) шуда гузаштааст. Бо ривояте 50-рӯз пеш аз таваллудашон ва бо ривояте 6 моҳ пеш таваллудашон. Он ривоят чунин аст: Дар шаҳри Яман ҳокиме буд бо номи Абраҳатул Ашрам. Ӯ дар вилояти Санъо ибодатхонае бунёд карду зиёраткунандагони "Байтуллоҳ"-ро ба зиёрати он бутхона бо зӯрӣ ҷалб карданӣ шуд. Ин нияти нопоки Абраҳаро шахсоне аз қабилаи "Кинона"-гиҳои Ямании сокини шаҳри Макка шуниданд. Яке аз онҳо ба шаҳри Санъо омад ва дар вақти муносиб даруни он ибодатхона шуд ва меҳробу деворҳои онро бо наҷосат олонид ва пинҳонӣ аз он шаҳр шабона ғайб зад.

          Ин воқеаро ба Абраҳа расониданд, ӯ дар хашму ғазаб шуда, қасам ёд намуд, ки рафта хонаи Каъбаро вайрон мекунам. Ӯ тайёрии сахт дид ва аскарони бисёре ҷамъ намуд. Абраҳа фили маҳмудиро, ки фили аз ҳама калонтарин буд дар пеши аскарон ҷой дода, ба сафар баромад.
Он ҳокими саркаши маслиҳатнодаро ба маслиҳати мӯйсафедону бохирадони мамлакати худ гӯш накарда ба раъйи худ кор сар кард. Қисса кӯтоҳ, ба назди Маккатуллоҳ расид. Дар он вақт сардори қавме, ки дар назди Байтуллоҳ зиндагонӣ мекард, бобои ҳазрати Расулуллоҳ (с) Абдулмуталлиб буд. Ӯ ба қавми худ амр кард, ки фардо аҳли Макка ҳама ба сӯйи кӯҳҳо фирор кунанд. Он қавм чунин ҳам карданд. Абдулмуталиб назди  Байтушшариф омада, рӯ ба рӯйи он истода тавбаю тазаррӯъ намуда, ин дуъои аҷоибро қироат кард: "Эй Худованди Бузург, Худат медонӣ, ки ин малъун барои вайрон кардани хонаи Худат омадааст. Иродаи каримат чи хел ки бошад, ҳамон хел кун!. Мо ризоем дар он чӣ ки ту ризо бошӣ, эй Худованди меҳрубон!" Баъд ба назди қабилааш ба кӯҳ рафт.

         Ба ривояте сарбозони Абраҳа якчанд даста чорпоёни Абдулмуталлибро гирифта бурданд. Абдулмуталлиб ба назди Абраҳа рафт. Ӯ дар қасрчаи худ нишаста буд, вақте ки Абдулмуталлибро дид аз курсии шоҳии худ фаромад, зеро Абдулмуталлиб шахси қавиҷуссаи қоматбаланду хушсурат буд ва ин ба Абраҳа маъқул шуда, ба тарҷумони худ гуфт: "Аз ӯ пурс чӣ ҳоҷат дорад," Тарҷумон аз ӯ пурсид, ӯ гуфт: "Сарбозони шоҳ якчанд уштурони маро ба ғорат бурданд, ман онҳоро мехоҳам. "Абраҳа дар ҷавоб гуфт: "Ҳавсалаам аз ту гирифт, ман фикр кардам, ки ту аз ман вайрон накардани Каъбаро мепурсӣ, аммо ту уштурони худро мехоҳӣ." Абдулмуталиб дар ҷавоб гуфт: "Уштурон, ки моли ман аст, ман моли худро мехоҳам, аммо ин хона, ки "Байтуллоҳ" аст, худаш соҳиб дорад ва соҳиби он онро муҳофизат мекунад." Молашро гирифта баргашт.

        Баъд аз он Абраҳа даст ба ҳуҷум зад ва фили маҳмудиро пеш андохт. Фил аз ҷояш бархоста рӯ ба сӯйи Каъбатуллоҳ намуду таъзим карду боз ба ҷояш хобид ва аз ҷояш ҳеҷ наҷунбид. Чун онро ба дигар тараф равон мекарданд, мерафт, аммо ба тарафи Байтуллоҳ намерафт. Дар ин ҳангом ногаҳон аз тарафи баҳр селаи паррандагон зоҳир шуд ва дар минқори ҳар яке аз онҳо сангча ва дар ду пояшон ду сангчае аз лои пухта болои сари Абраҳа ва сарбозони ӯ давр заданд. Он сангчаҳо ба ривояте миқдори нахӯд ё каме аз он калонтар буданд, вақто ки сангчаҳоро бар сари сарбозони Абраҳа мепартофтанд, баробари расидани сангчаҳо онҳо ҳалок мешуданд, чунки он сангчаҳо мисли тири аз камон баромада сахт ҳаракат мекарданд. Чун лашкари Абраҳа ин ҳолатро диданд, рӯ ба гурез ниҳоданд, лекин он паррандаҳо онҳоро думболгир намуда, ҳамаро ҳалок намуданд.

        Абраҳа низ аз захми он сангчаҳо эмин намонд ва дар тани ӯ ҷароҳате пайдо шуда нохун ва ангуштонаш мисли чӯби пӯсида аз ҳам ҷудо шуда, мерехтанд ва бо ҳамин ранҷ, бо як илоҷе ба Санъо расида, бо азобҳои сахт дар он ҷо ҷон дод. Ин қисса барои ибратгирандагон дарси ибрат аст. 

        Оятҳои зерин ин мазмунро таъкиду тафсил медиҳанд:

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ


Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.

أَلَمۡ تَرَ كَيۡفَ فَعَلَ رَبُّكَ بِأَصۡحَٰبِ ٱلۡفِيلِ ١
 

«Оё надидӣ, ки чӣ гуна муомила кард Парвардигори ту ба асҳоби Фил?»

      Яъне, эй Муҳаммад (с) оё ба ту хабари чи гуна муомила кардани Парвардигорат ба асҳоби Фил, ки онҳо қасди таҷовуз кардан ба Каъбаи мушаррафаро доштанд, нарасид? Албатта, расид ва ту онро медонӣ, гӯё ба чашми худ мушоҳида карда бошӣ! Дар ин оят мурод аз "Асҳоби фил" (соҳибони фил) Абраҳа ва лашкари ӯст.

أَلَمۡ يَجۡعَلۡ كَيۡدَهُمۡ فِي تَضۡلِيلٖ ٢

2. «Оё макрашонро ботил насохт?»

       Аллоҳ таборак ва таъоло Расулаш (с)-ро хабар дода мегӯяд, ки онҳо мехостанд Каъбаи илоҳиро вайрон кунанд ва калисои сохтаи худро обод созанд, аммо Худованди ту нахост ва онҳо ба орзуи худ нарасиданд. Худованд макри онҳоро беҳосил ва тадбирашонро ботил гардонид. Ба ҷойи он, ки ба орзуи вайрон кардани Каъбаи мукаррама расанд, худ халок гардиданд.

 Яъне:...

وَأَرۡسَلَ عَلَيۡهِمۡ طَيۡرًا أَبَابِيلَ ٣

3. «Ва бар зарари онҳо гурӯҳ-гурӯҳ паррандагонро фиристод».
Аллоҳтаъоло дар муқобили лашкари Абраҳа лашкари худро ба сурати паррандагон гурӯҳ-гурӯҳ фиристод. Дар минқори ҳар яке аз онҳо як сангча ва дар пойҳояшон ду сангча буд. Сангчаҳо аз лои пухта буданд. Бузургии онҳо мисли нахӯд ё калонтар буд. Паррандаҳо болои сари Абраҳа ва сарбозони ӯ давр зада, онҳоро аз ҳар тараф иҳота карданд.

Паррандаҳо...


تَرۡمِيهِم بِحِجَارَةٖ مِّن سِجِّيلٖ ٤

4. «сангрезаҳои аз гили пухтаро бар сари онҳо меафкананд».
       Партоб мекарданд ба сӯйи лашкари онҳо сангрезаҳои лои пухташударо ва он сангчаҳо монанди тири камон ба касе, ки мерасид, ҳалок мешуд. Лашкари Абраҳа ин ҳолатро дида рӯ ба гурез ниҳоданд, лекин паррандаҳо онҳоро думболгир намуда, ҳамаашонро ҳалок намуданд.

       Баъзе муфассирон зикр кардаанд, ки "Сиҷҷил"- калимаи форсӣ буда, онро ба луғати арабӣ кӯчонидаанд. Ва он мураккаб аз ду калима буда, мисли "санг" ва "гил", ки ҷамъи он "санггил" мешавад ва азбаски дар ҳуруфоти араб ҳарфи "г" нест, онро табдил ба ҳарфи "ҷ" карданд- "санҷҷил" шуд, ҳарфи "н"-ро ҳазф карда (аз талаффуз бардошта), ба "син" касра, (зер) доданд, дар ҳосил "сиҷҷил" шуд.


فَجَعَلَهُمۡ كَعَصۡفٖ مَّأۡكُولِۢ ٥

5. «Пас, онҳоро монанди коҳи нимхӯрда (поймолшуда) гардонид».
       Худованд сарбозони Абраҳаро ба воситаи он паррандагон чунон саркӯб кард, ки оқибат дар майдони ҷанг монанди тӯдаи коҳ (пасхӯрди чорпоён) зери по шуда, парешон ва хору залил гаштанд.
Абраҳа низ аз захми он сангчаҳо эмин намонд. Дар тани ӯ ҷароҳате пайдо шуд. Нохун ва ангуштонаш мисли чӯби пӯcида аз ҳам ҷудо шуда мерехтанд. Бо ҳамин азоб ба Санъо расид ва аз дарду ранҷи сахт ҷон дод.

       Қиссаи дар ин сура нақлшуда, барои инсони оқил ва хушфаҳм дарси ибрат аст.

       Поёни сураи "Фил". Валиллоҳил ҳамд.

       Адибе гуфтааст.

Ҳамчу он асҳоби фил андар Ҳабаш,
Каъбае карданд, Ҳақ оташ задаш.
Қасди Каъба сохтанд аз интиқом,
Ҳолшон чун шуд, фурӯ хон аз Калом!
Лашкареро мурғаке чанде шикаст,
То бидонӣ к-ин салобат аз ҳаққ аст.
Гар туро васвос омад з-ин қабил,
Рав бихон ту сураи асҳоби фил.
* * *
Навишт хомаи тақдир бар ҷаридаи даҳр,
Хате, ки фаътабиру ё улил обсор.
Фарқ аст миёни он ки аз рӯйи яқин,
Бо дидаи бино равад андар раҳи дин.
Бо он ки ду чашми баста бедаст касе,
Ҳар гӯша ҳамеравад ба занну тахмин.

 

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:03
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:12
Хуфтан18:42
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар