Асосӣ Мақолаҳо ДУШАНБЕ –МАРВОРИДЕ ДАР АНГУШТАРИНИ ОСИЁ

ДУШАНБЕ –МАРВОРИДЕ ДАР АНГУШТАРИНИ ОСИЁ

ДУШАНБЕ –МАРВОРИДЕ ДАР АНГУШТАРИНИ ОСИЁ
2024-04-19
550

Дар масири рушду тараққиёти дунё башарият илмҳои зиёдеро кашф намудааст, ки ҳар кадом ҷойгоҳи вижаи хешро дар таъмини саодати мардум доранд. Таърих низ аз ҳамин қабил улум аст ва он аҳволи умумии миллатҳо ва қавмҳоро барои он ҳикоят мекунад, ки боиси ибрат ва дастурамали ояндагон гардад. Агар он эътибор намедошт, Худованди таборак ва таъоло як қисмати Қуръони азимушшаънро ба таърихи қавмҳои гузашта тахсис намедод.  

        Дар сураи «Аъроф» (ояи 176) омада, ки «Фақсуси-л-қасаса лаъаллаҳум ятафаккарун» («Эй Муҳаммад, ба онҳо аз таърих ҳикоят кун, то аҳволи ақвоми гузаштаро фаҳмида, тафаккур кунанд ва ибрат гиранд»).

        Инак мо саҳифаҳои таърихро варақгардон карда, мушоҳида мекунем, ки халқи тоҷик дар тӯли таърихи чандҳазорсолаи худ шаҳру пойтахтҳое бунёд кардааст, ки мавриди таваҷҷӯҳи оламиён буданд. Суннатҳои шаҳрдорӣ ва санъати меъмории онҳо, ки хусусиятҳои миллӣ ва умумибашарӣ доранд, то замони мо бокӣ мондааст.

       Душанбе барҳақ меросдори онҳост. Имрӯз, ки Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақилу демократӣ шинохта шудааст, масъулияти шаҳрдорӣ низ ба тадриҷ меафзояд. Зеро акнун Душанбе пойтахти давлати мустақилу комилҳуқуқ мебошад. Ҳамаи моро зарур аст, ки ба қадри сарвати пойтахт ва моликияти давлатӣ – об, фазо, нерӯи барқ, боғу дарахтзор, гулбоғу чаманҳо, роҳҳо, нақлиёт, оромгоҳу зиёратгоҳҳо расида, дар ин шаҳри дилоро чароғи сидқу сафоро фурӯзон нигоҳ дорем.

 Чун аз оғози ин марҳила тафаккур мекунем ва саҳифаҳои тағайюроти онро варақгардон менамоем, аввалин хулоса чунин мешавад, ки агар инсонҳо ба хости Худованд роҳи саодатро пеша кунанд, ҳатман ҳидоят хоҳанд ёфт. Мудҳиштарин давра - солҳои бисту сию чил, ки хавфи аз миён рафтани давлате бо номи тоҷикон мавҷуд буд, бо саъю эҳтимом ва ҷонфидоиҳои бархе соҳибназарони ин миллат давлати тоҷикон дар иҳотаи давлатҳои туркнажод, ки ҳастии қавми тоҷикро зери суол мегузоштанд, боқӣ монд. Ҳарчанд тани поки ў, ки фарогири Мовароуннаҳру Хуросон буд, табартақсим гардид ва як пораи хоки Бухорои Шарқӣ насибаш гашт.

Дар ин миёна марҳилае буд, ки Душанбе хеле рушд кард, симои зебои замонавӣ пайдо ва фарҳанги оламшумули таърихиашро таҷассум намуд. Ин марҳила 70 сол идома дошт ва бо вуҷуди афзалиятҳои моддигароёнааш, мутаассифона, зери таъсири мафкурапардозии бегонаи шуравӣ, таълимоти ба ҳуввияти диниву маънавии як инсони дорои тамаддуни беш аз шашҳазорсола муқобилу мухолифи аслситезӣ қарор дошт. Ҳарчанд ки таърих тимсоли чунин умумиятсозиро зери идеологияи ягона, ки хеле номутаносибу номуваффақ анҷом гирифт, дар мисоли футуҳоти Искандари Мақдунӣ хуб медонад. Ин идеология унвони ваҳшатборе дошт - «мо ва барбариҳо». Таърих исбот намуд, ки дар сурати эҳтиром накардани асли маънавии миллату қавмҳо ҳамагуна футуҳот дерпо нахоҳад шуд.

         Ва инак, бо вазиши насими рўҳафзои истиқлол, ба даст омадани неъмати бузурги соҳибихтиёрӣ ҳама ғалатҳои таърих ислоҳ гардиданд, ҷунбиши фарогири эҳёи миллӣ, ки дар саромадаш Аҳмади Дониш қарор дошт, оғоз шуд. Чашми миллат, рўҳи 70 сол хуфтаву карахти ин қавми бостонӣ бедор шуд, ончунон ки Муҳаммад Иқбол фармуда:

Қудсиёнро субҳи ид он соате,

Гар шавад бедор чашми миллате…

         Чун хуршеди истиқлол тулўъ кард, боз ҳам душманони миллат якҷо бо зумрае дунҳимматони дохилӣ кўшиши ғуруби он шамси оламороро карданд. Ҷанги шаҳрвандӣ ба кишвар, хосатан ба пойтахти азиз хисороти азиме овард. Ривояте ҳаст, ки чун Худои бузург миллатеро имтиҳон ва пасон наҷот додан хоҳад, роҳбари оқилеро мефиристад, ки аз пайи саодат бошад. Шукри Худо, ки раҳбарии пурмашаққат ва фидокориҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва паҳлўи ў – Рустами Эмомалӣ барин ҳомиёни ҷонбагарави ин сарзамин боиси эҳёи дубораи Тоҷикистон шуд. Ҳоло ҳамин як ҷумла ҷилд-ҷилд шарҳҳои муфассале дорад, ки қисман навишта ва қисмати аъзами он ба муаррихони боҷуръати воқеъбини муосиру баъдӣ вогузор хоҳад буд. То ба имрўзи фирўз расидан он миқдор ҷонбозиҳо аз ҷониби родмардони ватан нисор  шуда, ки ҳатто дар баёни мухтасараш забон лол хоҳад монд. Аммо Худованд ҳамабину ҳамадон аст, аҷру подоши заҳамоти онҳое, ки миллати дирўза хору залилро ба имрўзи осудаву пурганҷ расонидаанд, албатта, расонида хоҳад шуд. Ва паёми Қуръони карим аст, ки «Ваҳал ҷазоул эҳсони иллал эҳсон?» (Оё сазои некӣ ғайр аз некист?). Албатта, манзур ин аст, ки ҷавоби некӣ бояд фақат некӣ бошад, на чизи дигар. Дар аҳодиси шарифи Пайғамбари гиромӣ низ омада: «Беҳтарин кор назди Худованд баъд аз имон овардан ба Худо некӣ ба мардум аст».

         Инак, дар 32 соли истиқлолу соҳибихтиёрӣ беҳтарин коре, ки шуд, маърифати ҷавҳари инсонӣ ва имонӣ аз ҷониби мардум буд. Чун асл шинохта шуд, омма ба заҳмату созандагӣ даст зад ва имрўз манзарае ҳаст, ки аҷдодони мо орзуяш мекарданд: суботу осудагӣ, дарҳои бози кишвар барои кулли давлатҳое, ки бо мо якҷо ободкорӣ кардан мехоҳанд, озодии эътиқод ва интихоби дину мазҳаб… Намунаи бемисли ин фазилатҳо, бешубҳа, Душанбе аст, пойтахти кишвари азизамон, ки онро бемуҳобот нигини Осиёи Марказӣ низ эътироф кардаанд.  Шаҳре, ки соли 2004 бо Ҷоизаи «Шаҳри Сулҳ»-и ЮНЕСКО дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар солҳои 2002-2003 барои саҳми бузургаш дар таҳкими сулҳ ва арзишҳои башарӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамрайъӣ дар ҳаёти ҳамарўза сарфароз гардонида шуда буд.

          Қайд кардан ба маврид аст, ки бо дастуру роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти Ватани азизамон рӯз аз рӯз ободу зебо гашта, дили тамоми ҷаҳониёнро тасхир намудааст. Душанбе ба ҳайси даҳгонаи шаҳрҳои амнтарини ҷаҳон ворид гашта, макони баргузории бузургтарин ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла, ҷаласаҳои барномаҳои ҳамкории Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), давлатҳои доираи эътимод ва тадбирҳои Осиё, конференсияҳои сатҳи баланди марбут ба обу экология, муборизаи дастаҷамъӣ бар зидди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва дигар ҷиноятҳои трансмиллӣ гашта, тавсия ва пешниҳодҳои муфиди он дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шудааст.  

Инчунин, боиси ифтихор аст, ки барои таъмини озодиҳои эътиқодии мардуми тоҷик, ки беш аз 90 фисади он пайравони мазҳаби поки ҳанафӣ мебошанд, дар пойтахт кулли шароит муҳайёст. Масоҷиди ободу зебо, Донишкадаи исломӣ ва мунтазам бо ҳамдастӣ ва кумаки роҳбарияти шаҳр баргузор намудани чорабиниҳои маърифатии динӣ далели гуфтаҳои болост. Маҳз мавҷуд будани фазои озоди диндорист, ки соли 2009 Душанбе шаҳри фарҳанги исломӣ эълон шуд. Дар Душанбе сохтмони бузургтарин масҷид ба итмом расид, ки ин далели дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун шаҳри озоду обод барои амалӣ намудани эҳтиёҷоти динӣ эътироф шудани пойтахти Тоҷикистон аст. Ҳақ ба ҷониби Сарвари давлат аст, ки мегўяд: «Агар шахс аз падару модар, бузургони гузаштаи худ ифтихор дорад, он гоҳ ҳар сокини Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии комил дорад, ки бо номи Ватан ва пойтахти он - шаҳри Душанбе ифтихор дошта бошад».

Албатта, дар баробари ифтихор вазифаи ҳар сокини ин шаҳри зебост, ки эҳсосоти ватандўстонаи хешро бо амалҳои солеҳ ба нафъи ин миллату сарзамин устувор гардонад. Ин тақозои ҳам кишвари дунявӣ ва ҳам шаръи шариф аст. 

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:03
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:12
Хуфтан18:42
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар