Асосӣ Мақолаҳо ХУРОФОТ ҶАҲОЛАТ АСТ

ХУРОФОТ ҶАҲОЛАТ АСТ

ХУРОФОТ ҶАҲОЛАТ АСТ
2024-04-19
652

Ба номи Худованди Бахшояндаи Меҳрубон

Бо шукргузорӣ  аз неъматҳои Худованди мутаол ва фазои оромии кишвар, ки аз неъмати бебаҳо мову Шумо бархурдорем, навиштаи худро оғоз кунам. Чуноне, ки бузургон фармудаанд:

Чаҳор чиз мар озодаро зи ғам бихарад,

Тани дурусту, хўйи неку, номи неку хирад.

ҳар он, ки Эзидаш ин чаҳор рўзӣ кард,

Сазад, ки шод зияд шодмону ғам нахўрад.

Агар мо ба мазмуни ин шоҳбайт таваҷҷўҳ кунем дар маркази таваҷҷўҳи он инсони накўкор, покдоман, наҷибу шариф ва эмин аз андешаи хурофот қарор мегирад, ки ҳамаи ин сифатҳои хуби инсонӣ ба истилоҳи шахси “озода” ишора гардидааст.

Роҷеъ ба падидаи номатлуб хурофоту хурофотпарастӣ қайд кардан зарур аст, ки хурофот  ин ақида ва фикрҳои пучу беасос аст. Андешаи хурофотӣ - яъне доштани андеша, ақида ва фикрҳои пучу беасос, ки ба дигарон ва муҳити атроф таъсири худро мерасонад.

Аз ин лиҳоз дар ин навиштаи худ мо дар мавриди як зуҳуроти хатарнок барои ҷомеа – хурофот ва хурофотпарастӣ шуморо огоҳ хоҳем кард. Зеро ин зуҳурот, ки аз ҷаҳолату нодонӣ ва дур мондан аз илму дониш сарчашма мегирад, дар аксар маврид боиси бадбахтиҳое дар ҷомеаҳои гуногун гардидааст.

Яке аз омилҳои асосие, ки имрӯз инсонҳоро ба гуноҳу ситам мерасонад, ин ақидаи хурофотӣ ва ифротӣ аст. Зеро маҳз шахси ифротгаро дар заминаи ақидаҳои пучу беасоси худ хурофотӣ мегардад. Барои фаҳмо шудани ин матлаб мо бояд мафҳуми ифротгароӣ ва хурофотро дониста бошем. 

Ифротгароӣ ҳолатест, ки як инсон динро дуруст нафаҳмида, ба ҷои он хурофот ва ақидаҳои тангу торикро пайравӣ мекунад.

Ифротгароӣ ба маънои аз ҳад гузаштан, сахтгирӣ кардан, дигаронро таҳаммул накардан ва кур-кӯрона пайравӣ кардани инсон аз дин аст.

 Ифротгароён касоне ҳастанд, ки ба ҷои таълиму тарбия ва ибодату пайравӣ аз дин, ақидаҳо ва мақсадҳои сиёсиро пайравӣ мекунанд ва ҳизбу гурӯҳҳои сиёсӣ сохта, мехоҳанд давлатро ба даст гиранд.

Барои расидан ба ин мақсади сиёсии худ динро истифода мебаранд. Аз ин рӯ, мо бояд сода нашавем ва хуб донем, ки онҳо гурӯҳи динӣ нестанд, балки  гурӯҳи сиёсӣ ҳастанд, мехоҳанд ҳокимиятро гиранд, аммо дар рӯяшон ниқоби динӣ мекашанд.

Ақидаи ифротӣ ба дараҷае хатарнок аст, ки оқибат ба ҷангҳои динию мазҳабӣ, зарарҳои азими молию ҷонӣ ва вайрон шудани кишварҳо, оварда мерасонад.

Агар як ҷавони тоҷик ба чунин гурӯҳҳо шомил шавад, зарари он на танҳо ба худи ӯ, балки ба аҳли хонаводаи ӯ, ба ҷомеа ва Ватани ободу осудаи мо низ мерасад.

Огоҳ бошед, ки дар пушти ин гурӯҳҳо давлатҳои хориҷӣ истодаанд ва агар ин гурӯҳҳо ба кишваре роҳ ёбанд, он кишвар ба майдони муборизаҳои калони қудратҳои ҷаҳонӣ табдил мешавад. Дар натиҷа на танҳо суботу амният, балки истиқлолияту мавҷудияти кишвар зери хатар мемонад.

  Дар даврони рушди устувор яке аз рисолатҳои бисёр муҳими мо ин ҳифзи ҳамаҷонибаи давлати миллии мо мебошад.

Унсурҳои гуногун дар мисоли хурофотпарастӣ ва дар заминаи он ифротгароиву терроризм ҳамеша ба дастоварду оромии ҷомеаи мо таҳдид мекунад. Мо бояд фаромуш накунем, ки хушбахтии оила, ободии оила, ояндаи фарзнадон,зиндагии хуби мо ин аз сатҳи донишу маърифатнокии мо вобастагии мустақим дорад. Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат, хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меорад, пеши роҳи рушди устувор ва гулгулшукуфии ватани азизамонро мегирад.

Муттаасифона дар соҳаи дин, хурофотпарастӣ низ ҷой дошта, хурофотиҳо аз ақидаҳои нодурусту бепоя ва ҳадисҳои заиф истифода намуда, ҷавонони ноогоҳро ба доми терроризму ифротгароӣ мекашанд, сабаби бадбахтии онҳо,  сабаби хунрезиҳо ва нооромии ҷомеа мегардад.

Албатта, аксари мардуми тоҷик мусулмон буда, дини мубини Ислом бахши таркибие аз ҳуввияти онҳост. Дар содсолаҳои тӯлонӣ арзишҳои исломӣ ва арзишҳои миллии тоҷикон ба як ҳамзистии мавзуну муътадил расидаанд, ки ин ҳолат бояд дар самти нигаҳдошти ҳуввияти миллии тоҷикӣ мусоидат намояд. Бояд донем, ки ин ҳамзистии мавзуну мўътадил маҳз инояти Парвардигор дар паноҳи давлати мустақил, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд дар амон аст.

Чихеле, ки дар боло қайд намудем дар айни замон дидгоҳи ифротгароии динӣ ва хурофотпарастӣ, ки аз тарафи гурӯҳҳои сиёсӣ пеш бурда мешаванд, на таълимоти асилу анъанавии динӣ, балки фаҳмиши тунду маҳдуди идеологӣ аз динро матраҳ намуда, ҷавҳари имонӣ, ахлоқӣ, ибодатӣ, маърифатӣ ва ҳидоятии динро дар ҳошия мегузорад. Бояд донем, ки чунин фаҳмиши нодурусту хурофотишавӣ арзишҳои миллӣ ва давлатдории миллии тоҷиконро зери хатар мегузорад. Бинобар ин, афзоиши ифротгароии динӣ ба ҳуввияти миллӣ, арзишҳои миллӣ ва давлатдории миллии тоҷикон хатарбор аст.

ҷиҳати нигоҳ доштани ҳуввияти миллӣ моро зарур аст, ки ҳар як тоҷик бояд дар диндорӣ исломи ростини муътадил ва мазҳаби бобоии худ мазҳаби ҳанафиро пайравӣ намуда, онро ба наслҳои оянда расонад.

ҳар як тоҷик бояд тавозуни ҳаётии миллӣ ва дунявиро  ҳифз кунад, ба равияҳои ифротӣ напайвандад, аз ифротгароӣ пайравӣ накунад.

Динро ҳамчун воситаи муборизаи сиёсӣ ва касби қудрати сиёсӣ истифода накунад ва динро воситаи ихтилофи миллӣ ва парокандагии миллат қарор надиҳад.

  Барои мо миллати соҳибтамаддун ва соҳибфарҳангӣ тоҷик дар ин шабу рўз дар давроне, ки рушди бемайлони илму технологияҳои нав боло рафта истодааст, руй овардан ба хурофотпарастӣ мояи нанг аст. Чихеле ки мегўянд «Хурофот ҷаҳолат аст»

Дар роҳи мубориза бо ифротгароиву терроризм ва хурофот мо ҳамон вақт муваффақ мешавем, ки ин хатарро ҳамчун як хатар барои худ, барои аҳли оилаву наздикон шиносем.

Борҳо қайд кардем ва қайд мекунем, ки мубориза бо ин зуҳурот танҳо кори давлату ҳукумат нест. То агар мо хатари ин вабои асрро дуруст дарк накунем, аз ифрот, хурофот, таассуби динӣ, бегонапарастӣ, бесаводӣ, бедонишӣ ва ноогоҳи аз илму дастовардҳои замони муосир раҳо нашавем, фарзандони худро барои донишомўзӣ, забономўзӣ равона накунем, ҳаргиз ба саодоати рўзгори хеш муваффақ намегардем.

Андешаҳои хурофотӣ мардумро ба худ гирифтору пойбанд сохта, барои ба таври пайваста баланду беҳтар шудани сатҳи зиндагии онҳо монеъ мешаванд.

Аз нуқтаи назари шариати исломӣ низ хурофот амалу кирдори аз доираи дин берун буда, пайравию гирифторӣ ба хурофот наҳй шудааст. Тавре ки дар ояти 163-юми сураи “Анъом” омадааст:

“Ва ин роҳи рости Ман аст, пас, онро пайравӣ кунед ва роҳҳои дигарро пайравӣ макунед, ки шуморо аз роҳи Худо ҷудо кунад! Ин аст он чи Худо шуморо ба он ҳукм фармудааст, то шояд ки шумо парҳезгорӣ кунед”.

Дар фарҳангу номаҳо низ хурофот гуфта маҷмӯи асотиру қиссаҳо, ақидаву тасаввурот ва расму анъанаҳои ботилу беасосеро менамоянд, ки  ба ақл, мантиқ ва воқеият созгор нестанд. Хурофотпарастӣ  аз пайравии ақидаҳои ботил ва беасос иборат аст.

Ҳамчунин хурофотро дар китобҳои мухталиф ҳамчун ҳадиси ботил, сухани беҳуда ва сафсатаву афсона ва амсоли инҳо маънидод кардаанд.

Хурофот сабаби дарки нодурусти воқеият, пайдоиши тарсу воҳимаҳои беасос аз қувваҳои номаълум ва дигар падидаҳои беморимонанди равонию маънавӣ гардида, инчунин яке аз омилҳои асосии зуҳури ифротгароӣ ба шумор меравад.

Ба ибораи дигар - хурофотпарастӣ ифодагари амали беақлона, воҳима ё тарси беасосу ғайримантиқӣ аз як чизи номаълум ва пурасрору хаёлӣ, шубҳа ё одате мебошад, ки дар пояи ҷаҳолат пайдо шудааст.

Яке аз намунаҳои роиҷи хурофот ин сӯиистифодаи дин ва арзишҳои динӣ аз ҷониби гурӯҳу ҳизбҳо ва афроди алоҳида аст. Чунин афрод бо таъвили нодурусту мақсадноки оёти қуръонӣ ва аҳодиси набавӣ талоши расидан ба манофеи гурӯҳию инфиротиро мекунанд.

Насли калонсол огоҳанд, ки чунин намунаи хурофотро мо дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ дар фаъолиятҳои тахрибкоронаи роҳбарону пайравони ташкилоти террористии ҳизби наҳзати ислом шоҳид будем. Шоҳид будем, ки онҳо ба мардум мегуфтанд, агар номи ҳизби наҳзатро дар варақаи интихоботӣ хат занӣ, ё агар билети ҳизбии наҳзати исломро надошта бошӣ ва ё агар дар гирдиҳамоиҳои ҳизб иштирок накунӣ, занат талоқ мешавад. Ҳамин аст хурофоту хурофотгароӣ ва хурофотпарастӣ дар заминаи сӯиистифодаи дин.

Ҳамин шеваи фаъолияти хурофотгароиро имрӯз низ наҳзатиҳои фирорӣ аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ намуда истодаанд. Аз ин нигоҳ, мо бояд дар шинохти фаъолиятҳои хурофотии пайравони ҳизби ботили наҳзати исломӣ хеле зираку ҳушёр бошем. Чунончӣ, бузургон фармудаанд:

Вақти он аст, ки аз хоби ҷаҳолат сари хеш,

Барканӣ, то ба сарат барвазад аз илм насим.

Яъне танҳо бо роҳи донишандўхтан, забономўзӣ аз илмҳои замони муосир ва дастовардҳои техникаю технология огоҳ будан, инсонро аз хурофот, ҷаҳолат, нодонӣ ва гумроҳӣ мераҳонад. Калиди дари  илму маърифат асосии хираду заковат, фарҳангу маданият ва илму адаби пойдору устувор ин китоб аст. 

Миллати мо низ аз халқҳоест, ки ба китобу китобдорӣ  эҳтироми хосса доранд ва ба китобу китобхонӣ шуурнокиву маърифатнокии худро дар ҷаҳони мутамаддин мақоми шоиста касб кардаанд.  Пас бояд китобҳои бузургу нодирро дарёфт, илму маърифат омўхт, амал кард, то инсони асил буд, зеро китоб чун ганҷи бебаҳо танҳо ва танҳо бо роҳи росту дуруст ва хиради воло моро раҳнамуд месозад. Китоб хондан инсонро бохирад мегардонад. Инсон, ки бохирад шуд даст ба хурофт намезанад, ба ғояҳои пучу беасос ҳаргиз побанд намегардад. Чунончӣ, Фирдавсии бузург фармудааст:

Фузун аз хирад нест андар ҷаҳон,

Фурузандаи кеҳтарону меҳон.

ҳар он кас, ки ў шод шуд аз хирад,

ҷаҳонро ба кирдори бад наспарад.

Нахустин нишони хирад он бувад,

Ки аз бад ҳамасола тарсон бувад.

Бидонад тани хешро дар ниҳон

Ба чашми чуст бояд ҷаҳон.

Мо ҳамеша баён доштаем ва бори дигар таъкид менамоем, ки аз хурофоту хурофотпарастӣ то ифроту ифротгароӣ фосилаи ночизе вуҷуд дорад! Беҳуда дини мубини Ислом ҷаҳолату хурофотро ба қотеият маҳкум ва омӯзиши илму донишро ба таври пайваста тарғиб накардааст.

Ҳар қавму миллате, ки дар он ҷаҳолате дар мисоли хурофотпарастӣ густариш ёфт, он миллат ба саодати комил намерасад. Ҳамин нуктаро бояд ҳамеша дар зеҳнамон нигаҳ дорем, ки бегонапарастӣ дар заминаи хурофотҳо моро ба вартаи ҳалокат меафканад.

Имрӯз Худоро шукр мо дар як фазои солиму осоишта зиндагӣ мекунем ва ҳифзи ҳамин фазо барои мо ҳам қарзи шаҳрвандӣ ва ҳам воҷиби имонӣ аст.

Зимнан, ҳифзи арзишҳои миллӣ дар шароити феълӣ ягона роҳи наҷоти миллатҳо аз гирифторӣ ба ҳар гуна қайду банди бегонагон аст.

Мо дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои хеле зиёде ноил гардидем. Аммо ноил шудан ба дастовард як масъала ва ҳифзи ҳамин дастовардҳо масъалаи аз он муҳимтар аст. Мо бояд бо ҳар роҳе набошад, ҳамин дастовардҳоро, ки бешубҳа сулҳу субот дар сархатти он қарор дорад, ҳифз намоем ва онро таҳким бахшем. Миллати мо дар саргаҳи таъриху тамаддун ва адабиёту фарҳанг қарор дорад. Маҳз намояндагони миллати мо ба оламиён роҳи илму дониш ва касби маорифро нишон додаанд. Пас, чаро ин ҳама боиси ифтихори мо набошад...?

Инро бояд қайд намоем, ки миллати мо дар тӯли таърих борҳо азиятҳои фаровон кашидааст. Аз ҷумла, андешаи хурофотие, ки наҳзатиҳо тарғиб мекарданду мекунанд, як маротиба давлату миллати моро ба варта кашонид. 

Хушбахтона, дар ҳамон шароити ҳассос бо инояти Худованд ва ба бахти миллати мо зимоми давлатдориро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст гирифтанд ва дар натиҷаи сиёсати дурусту санҷидаи Сарвари давлат имрӯз мо ба ҳаёти осудаву осоишта баргаштем.

Имрӯз мубориза бо зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир, аз ҷумла хурофоту ифротгароӣ ҷузъи муҳимми сиёсати давлати моро ташкил медиҳад. Иштирок дар татбиқи ҳамин сиёсат, яъне мубориза бо хурофоту андешаи хурофотӣ бояд кори ҳаррӯзаи мо бошад. Зеро бо ин роҳ мо ҳам фарҳанги миллӣ ва ҳам арзишҳои динию мазҳабии худро аз ҳар гуна олудагӣ эмин нигоҳ медорем.

Гузашта аз ин, чунин мубориза ба ин маъност, ки мо нисбати имрӯзи худу сарзамини худ ва фардои фарзандону пайвандонамон бетафовут нестем. Пас, агар ҳар кори хубу писандидае мекунем, ба хотири имрӯзи худ ва ояндаи дурахшони фарзандону наслҳои оянда аст. Аммо агар Худое накарда, дар анҷоми рисолатҳои инсонии худ кӯтоҳӣ мекунем, пас, ин кӯтоҳӣ нисбат ба тақдири фарзандону наслҳои оянда аст. Яъне, бо мубориза бо падидаи ифротгароиву хурофот мо муҳаббати худро ба марзу буми аҷдодӣ зоҳир менамоем.

Имрӯз дӯст доштани Ватан ва хизмат ба Ватан фаротар аз як мафҳум аст. Ҳар нафаре, ки таҳдиду хатари Ватанашро дарк мекунаду бо он мубориза мебарад, ё ба хизмати Ватан меравад, ӯ барои ҳифзи нангу номуси худаш, барои хушбахтӣ ва ҳаёти осудаи падару модараш, барои мубориза бо душманони давлату миллаташ ва барои исботи ҷавонмардии худаш дастбакор шудааст.

Инчунин ҳар фарде, ки аз Тоҷикистон ба хориҷ сафар мекунад, хоҳ ба хотири ризқу рӯзӣ, хоҳ ҳар кори дигар, вай худро ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон муаррифӣ мекунад. Ҳар як нафар намояндаи ин миллати барӯманд аст. Аз ин хотир, ба фарзандони худ насиҳат бояд кард, ки  то ба ақидаҳои гумроҳонаи гурӯҳҳои ифротию террористӣ ва дигар ҷинояткорон дода нашаванд. Зеро гурӯҳҳои ҷинояткор барои манфиатҳои худ ба ҳар кори пасте қодир ҳастанд.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:03
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:12
Хуфтан18:42
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар