ҲЕҶ НЕЪМАТ БЕҲТАР АЗ ФАРЗАНД НЕСТ…
Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон
Сипос Холиқи ҳастиро, ки фикру андеша, ақлу хирад ва ҳидояту нурро офарид. Зоти покро ситоиш мекунем, ки ҳама ҷаҳони ҳастӣ дар қабза ва иҳотаи мутлақи ӯст, сари таъзим ва такрим ва бандагӣ ба пешгоҳи Худованде фуруд меоварем, ки ба мо илму маърифат ва хираду андешаро арзонӣ фармудааст.
Худоё! Туро сипос мегӯям, ки нури ҳидоятро бар қалби ман низ тобондӣ.
Илоҳӣ! Ман туро ситоиш мекунам, ки неъмати андешиданро ба ман додӣ.
Парвардигоро! туро шокирам, ки шаҳоматро ба ман бахшидӣ, то битавонам дар роҳи саодат қадам бардорам.
Ва дуруду саломи бепоён ба сарвар ва муаллими башарият ва хотаму анбиё Муҳаммади Мустафо (с), ки тамоми оламиёнро аз гумроҳӣ ва бехудоӣ ба олами нур ва рушноӣ, ки шинохти Парвардигорашон мебошад, роҳнамоӣ кард.
Худованди Бузургу Тавоно инсонро беҳтарин офаридаи хеш дониста, барои ў неъматҳои фаровон ато кардааст. Дар ҳақиқат, ин неъматҳо ончунон зиёданд, ки дар доираи ҳисоб намегунҷанд. Ин мазмун дар Қуръони азимушшаън чунин омадааст:
«Агар неъмати Худоро бишуморед, онро шумор карда натавонед». (Сураи «Иброҳим», ояти 34).
Фарзанд яке аз бузургтарин неъматҳои илоҳӣ мебошад ва ба андозае назди падару модар азизу мўҳтарам аст, ки онҳо омодаанд ба хотири ў ҷоннисорӣ кунанд. Ончунон ки Амир Хусрав фармудаанд:
Битвон зи ҷигар бурид пайванд,
Дидан натавон хароши фарзанд.
Фарзанд решапайванди падару модар ва асоситарин василаи ба ёдгор мондани номи неки онҳо мебошад. Дар ин маврид Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ фармудааст:
Ҳеҷ неъмат беҳтар аз фарзанд нест,
Ҷуз ба ҷон фарзандро пайванд нест.
Ҳосил аз фарзанд гардад коми мард,
Зинда аз фарзанд монад номи мард.
Аз будани фарзанд, ки доди худовандист, ҳамеша шукрона бояд кард ва масъулияти азимеро дар таълиму тарбияи вай эҳсос намуд. Худои Мутаъол мефармояд:
«Агар шукр кунед, ба шумо зиёда диҳам ва агар носипосӣ кардед, ҳароина азоби Ман сахт аст». (Сураи «Иброҳим», ояти 7).
Шукри неъмати фарзанд, ин таълиму тарбияи солим ва ба роҳи неку дурусти зиндагӣ роҳнамоӣ кардани ў мебошад. Ин масъала дар Қуръони карим ва ҳадисҳо Пайғамбар (с) хеле васеъ инъикос ёфтааст. Зеро тарбияи дурусти фарзанд ба чигунагии ояндаи ҷомеа робита дорад ва сабаби бақои ҳар қавму миллат аст. Ҳарчанд дабистону мактаб ва донишгоҳ масъулияти таълиму тарбияи фарзандонро дошта бошанд ҳам, вале бори асосии ин масъулият ба ўҳдаи падару модар вогузор аст. Наврасонро ҳанўз аз марҳалаҳои аввали ҳаёт зери назорат ва тарбияи солим қарор додан ва махсусан бо адабу фарҳанги асили исломӣ ва миллӣ тарбия кардан лозим аст, зеро аксарияти мардуми кишвари мо мўътақиди дини Ислом ва пайрави мазҳаби ҳанафӣ мебошанд. Аз ибтидои зуҳури дини мубини Ислом масъалаи таълиму тарбияи фарзанд аввалиндараҷа ва пураҳамият ҳисобида мешуд ва намунаи ин андеша рафтору гуфтори Пайғамбари Ислом – Ҳазрати Муҳаммад (с) ба шумор меравад. Расули акрам (с) ба уммати исломӣ, махсусан ба наврасоне, ки дар тарбияи Ў (с) буданд, хурдтарин ҷузъиёти зиндагӣ – тарзи дурусти хўрдану нўшидан, пўшидани либос ва одоби муошират бо мардумро меомўзонид. Ҳамчунин дини мубини Ислом пайравони худро ташвиқ мекунад, ки фарзандонро бо нармиву меҳрубонӣ тарбия намоянд.
Албатта, таҳти мафҳуми «фарзанд» ҳам писару ҳам духтар фаҳмида мешавад ва ҳарду ҳам назди падару модар бояд арзиши якхела дошта бошанд. Инсон набояд аз он ғамгин шавад, ки Худованд ба ў танҳо духтар додааст ё писар. Офариниши фарзанд ва муайян намудани ҷинси он аз доираи хостаҳои инсонӣ берун аст ва хоси Офаридгори ҳарду олам мебошад. Худованд дар ин хусус мефармояд:
«Подшоҳии осмонҳову замин аз они Худост, ҳар чӣ хоҳад, меофаринад; ба ҳар кӣ хоҳад, духтаронро ато мекунад ва ба ҳар кӣ хоҳад, писаронро ато мекунад; ё барояшон писарону духтаронро ҷамъ мекунад; ва ҳар киро хоҳад, нозо месозад; ба дурустӣ, ки Ў Донои Тавоно аст». (Сураи «Шўро», ояти 49-50).
Қобили зикр аст, ки фарзанд дар баробари неъмат буданаш инчунин амонат низ ҳаст ва набояд инсон ба ин амонат хиёнат кунад.
Аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: Аз Расули Худо (с) шунидам, ки фармуданд: «Ҳамаи шумо сарпараст ҳастед ва нисбат ба зердастони худ масъул мебошед ба ин маъно, ки пешво сарпарасти уммат ва масъули афроди зерфармони худ мебошад. Мард сарпарасти хонаводаи худ мебошад ва дар баробари онҳо масъул аст. Зан дар хонаи шавҳараш сарпараст ва нисбат ба афроди хона (фарзандон) масъул аст. Хидматгор сарпарасти молҳои сарвар ва корфармои худ мебошад ва дар баробари он масъул аст. Ба таври куллӣ, ҳамаи шумо чи дар баробари худ ва чи дар баробари дигарон масъул мебошед». (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар