ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ РАМАЗОН

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон
Таърихи пайдоиши Рамазон
Ҳикмати машрӯияти рӯза ва фавоиди он
Дар моҳи Шаъбони соли дувуми ҳиҷрӣ Худованд ба уммати исломӣ рӯзаи моҳи Рамазонро фарз гардонид. Пайғамбари гиромии Ислом (с) пеш аз фарз гардидани Рамазон одат доштанд, ки се рӯз аз ҳар моҳ ва рӯзи Ошӯро рӯза мегирифтанд. Рӯзаи моҳи Рамазон яке аз аркони умдаи дини мубини Ислом мебошад. Дар баёни ҳикмати машруъияти рӯза уламои муҳаққиқ чунин назар доранд, ки Худованди ҳаким инсонро табиъатан чунин офаридааст, ки ӯ хамеша нафси худро дӯст дошта, ҳамеша барои пурра кардани эҳтиёҷоти хосси худаш саъйу талош меварзад. Аз ҳоҷати заифон ва масокин ҳамеша ғофил мемонад. Бинобар ин ҳикмати Худовандӣ ҳаминро тақозо намуд, ки бар инсонҳо гуруснагӣ ва ташнагӣ ва муддате аз тамоми хоҳишоти нафсонӣ дур буданро фарз гардонид. То ин ки инсон ба сабаби эҳсоси гуруснагӣ ва ташнагии сахт хоҷат доштан ва муҳтоҷии заифон ва мискинҳоро дарк намуда, барои рафъи ҳоҷати онҳо саъю кӯшиш менамояд. Рӯза дар табиати инсонҳо ҳалимию бурдборӣ ва раҳму шафқатро бедор намуда, дар қалби инсонҳо инсондӯстӣ, раҳму шафқат нисбат ба камбағалону мискинон ва барованда намудани ҳоҷатҳои мардум ва ғайраро бедор менамояд.
Савм дар луғат ба маънои «имсок», яъне бозистодан аст. Дар истилоҳи шариат иборат аз боздоштани нафс аз таъом, шароб ва ҷимоъ (ҳамхобагӣ бо зан) мебошад. Мавлоно Абдулҳайи Деҳлавӣ дар китоби худ «Ашиъъатул-ламаъот», китоби савм (рӯза) гуфтааст, ки назди уламо дар ин масъала ихтилоф аст, ки намоз бартар аст ё рӯза. Машҳур назди ҷумҳури уламо ин аст, ки намоз аз соири ибодатҳо бартар аст. Чунончи дар ҳадис омадааст:
»فاعلموا إن خير أعمالكم الصلاة«
Яъне: «Бидонед, ки беҳтарини аъмоли шумо намоз аст». Баъзехо гуфтаанд, ки рӯза бартар аст, зеро дар ҳадис омадааст:
» عليكم بالصوم لأنه لا عدل له «
Яъне: «Рӯзаро лозим бидоред, зеро рӯзаро ҳамтое нест».
Худованд дар дар бораи фарз гардидани рӯза мефармояд:
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا كُتِبَ عَلَيْكُمُ الصِّيَامُ كَمَا كُتِبَ عَلَى الَّذِينَ مِن قَبْلِكُمْ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُونَ [٢:١٨٣]
Яъне: «Эй касоне, ки имон овардаед, рӯза доштан бар шумо муқаррар шуд, ҳамчунон ки бар касоне, ки пеш аз шумо будаанд, муқаррар шуда буд, то парҳезгор шавед». («Бақара»; 183).
Ибни Касир дар тафсири ин оят мефармояд, ки то фарз гардидани моҳи мубораки Рамазон бар уммати исломӣ дар ибтидои Ислом одат чунин буд, ки аз ҳар моҳе фақат се рӯз рӯза мегирифтанд. Яъне рӯза доштан дар ибтидои Ислом се рӯз аз ҳар моҳе буд. Чунонки ин намуд рӯза доштан бар умматҳои пешин низ мавҷуд буд, ки онҳо аз ҳар моҳ танҳо се рӯз рӯза мегирифтанд. Аммо бо фарз гардидани моҳҳои мубораки Рамазон ҳамаи ин намуд рӯзаҳо мансух гардид ва танҳо рӯзаи фарзи моҳи мубораки Рамазон то рӯзи қиёмат боқӣ хоҳад монд. Ибни Касир мегӯяд, ки ривоятҳо аз Муоз, Ибни Масъуд, Ибни Аббос, Ато, Қатода ва Заҳҳок ибни Музоҳим
أَيَّامًا مَّعْدُودَاتٍ
ҳамин се рӯз рӯзаи ҳар моҳро дар бар мегирад. Боз мегӯяд, ки ин намуд рӯза аз замони Нӯҳ (а) машруъ гардида, фарзияти он дар ҳама умматҳо давом намуд, то ин ки Худованди ҳаким онро ба сабаби фарз гардидани рӯзаи моҳи мубораки Рамазон мансух гардонид.
Марҳалаи фарз гардидани рӯзаи Рамазон бар уммати исломӣ
Рӯзаи моҳи Рамазон тадриҷан марҳала ба марҳала фарз гардида комил гардид. Ҳангоме ки Расули акрам (с) ба Мадина омад, одати ӯ ин буд, ки аз ҳар моҳ се рӯз ва инчунин дар рӯзи Ошӯро рӯза мегирифт. Пас ояти 183-юми сураи «Бақара» нозил шуда, рӯзаро фарз гардонид ва ҳама рӯзаҳои қаблиро мансух кард.
Баъд аз он ояти зерин нозил гардид:
وَعَلَى الَّذِينَ يُطِيقُونَهُ فِدْيَةٌ طَعَامُ مِسْكِينٍ ۖ
«Онон, ки тавоноии онро (рӯзаро) надоранд, ҳар рӯзро ба таом додани мискине бозхаранд». («Бақара»; 184).
Пас аз нузули ин оят касе мехост рӯза медошт ва касе мехост, ифтор намуда, мискинеро таом медод ва ин амал ба ихтиёри ӯ вобаста буд. Баъд аз он ин оят нозил шуд:
شَهْرُ رَمَضَانَ الَّذِي أُنزِلَ فِيهِ الْقُرْآنُ هُدًى لِّلنَّاسِ وَبَيِّنَاتٍ مِّنَ الْهُدَىٰ وَالْفُرْقَانِ ۚ فَمَن شَهِدَ مِنكُمُ الشَّهْرَ فَلْيَصُمْهُ ۖ [٢:١٨٥]
«Моҳи Рамазон он аст, ки дар вай Қуръон – [ҳамчун] раҳнамо барои мардумон ва суханони равшан аз ҳидоят ва ҷудокунандаи ҳаққу ботил фуруд оварда шуд. Ва ҳар ки аз шумо он моҳро дарёбад, пас, албатта, дар он рӯза дорад». («Бақара»; 185).
Худованд бо ин оят рӯзаро бар шахсони муқиму тандуруст фарз гардонида, ифтор намуданро барои бемор ва мусофир рухсат дод. Дар ин марҳала барои пири солхӯрдае, ки ба гирифтани рӯза қодир нест, ба таом додани мискинро ҳамчун фидя муқаррар намуд. Ҳамчунин бегохӣ хӯрдан барои рӯзадор, нӯшидан ва омезиш бо зани худ ҳоиз буд, ба шарте ки ӯро (рӯзадорро) хоб намебурд. Агар ӯро ногаҳон хоб мебурд, баъд аз хобидан дигар барои ӯ хӯрдан, нӯшидан ва омезиш бо зан то фаро расидани бегоҳи рӯзи дигар манъ мешуд.
Рӯзе марди ансорие бо номи Сирма дар ҳоли рӯзадор будан ба кори сахт машғул гашта, бегоҳӣ хаставу монда ба хонааш меояд. Ӯ намози хуфтанашро мегузорад ва рӯзаашро нокушода хобаш мебарад. Чун ҳеҷ чиз нахӯрда ва нанӯшида буд, боз фардо рӯза мегирад. Аммо гуруснагӣ ва ташнагӣ бар ӯ таъсири сахт кард ва ин ҳолатро Пайғамбар (с) дида, аз ӯ пурсиданд: «Чаро ман бемадорӣ ва хастагии бағоят сахтро дар ту мушоҳида дорам?». Вай дар ҷавоб гуфт: «Эй Расули Худо, ман дирӯз ба кори сахти рӯзгорам машғул шуда, ниҳоят монда шудам ва бегоҳӣ қуввати хӯрдану нӯшидан накарда, хоб бар ман ғалаба кард. Субҳ бошад, ман ҳеҷ чиз нахӯрда, боз рӯза гирифтам. Ин бемадорӣ ва хастагии тоқатфарсо барои ман аз ҳамин сабаб аст».
Ҳамчунин ҳазрати Умар (р) баъд аз андаке хоб кардан ба фаромӯшӣ бо занаш омезиш намуда, барои фатво пурсидан пеши Паёмбари Худо (с) меояд. Дар натиҷа баъд аз ин воқеаҳо ин оятҳо нозил шуданд:
أُحِلَّ لَكُمْ لَيْلَةَ الصِّيَامِ الرَّفَثُ إِلَىٰ نِسَائِكُمْ ۚ هُنَّ لِبَاسٌ لَّكُمْ وَأَنتُمْ لِبَاسٌ لَّهُنَّ ۗ عَلِمَ اللَّهُ أَنَّكُمْ كُنتُمْ تَخْتَانُونَ أَنفُسَكُمْ فَتَابَ عَلَيْكُمْ وَعَفَا عَنكُمْ ۖ فَالْآنَ بَاشِرُوهُنَّ وَابْتَغُوا مَا كَتَبَ اللَّهُ لَكُمْ ۚ وَكُلُوا وَاشْرَبُوا حَتَّىٰ يَتَبَيَّنَ لَكُمُ الْخَيْطُ الْأَبْيَضُ مِنَ الْخَيْطِ الْأَسْوَدِ مِنَ الْفَجْرِ ۖ ثُمَّ أَتِمُّوا الصِّيَامَ إِلَى اللَّيْلِ ۚ [٢:١٨٧]
«Омезиш кардан бо занони худ дар шаби рӯза барои шумо ҳалол карда шуд. Онҳо шуморо (ба манзилаи) пӯшишанд ва шумо онҳоро (ба ҷои) пӯшишед. Худо донист, ки шумо дар ҳаққи хештан хиёнат мекардед, бар шумо ба меҳрубонӣ бозгашт ва аз шумо даргузашт, пас, алҳол бо занони худ мухолатат кунед ва он чиро, ки Худо барои шумо муқаддар кардааст (яъне: фарзанд), талаб кунед; ва бихӯреду биошомед, то он, ки барои шумо риштаи сафед аз риштаи сиёҳ равшан шавад, (мурод) аз (риштаи сафед) фаҷр (аст). Пас аз он рӯзаро то шаб тамом кунед». (Сураи «Бақара»; ояти 187).
Ба ҳамин тариқ, рӯзаи моҳи мубораки Рамазон ҳамчун як рукни алоҳидаи дини мубини Ислом дар ҳамин марҳалаҳо комил гардида, то рӯзи қиёмат бо ҳамин аркон ва шакл боқӣ ва устувор мемонад.
Суханронии Президент
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
Муфассалтар