НАҚШИ АРЗИШҲОИ МАЗҲАБИ ХАНАФӢ ДАР РАВАНДИ ХУДШИНОСӢ

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон
Дини мубини Ислом аз оғози дар олам паҳн шуданаш мардумро ба ваҳдату инсондўстӣ, ростию покизагӣ, эҳтирому арҷгузорӣ ба офаридаҳои Худованд ҳидоят менамуд ва то абад хоҳад кард. Дар ин росто шахсиятҳои бузурге аз зумраи мардуми форсизабон тавонистаанд, ки дар рушди андешаҳои исломӣ ва шарҳу тафсири қуръони карим ва аҳодиси набавӣ саҳмгузор бошанд. Бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон “Соли 2009 - соли бузургдошти Имоми Аъзам” эълон гардида буд ва натоиҷи ин ҳамоиш ба оламиён бори дигар собит кард, ки ҳаёт ва фаъолияти ин шахсияти муаззам ва баруманд, пеш аз ҳам, вобаста ба аъмол ва рафтори бесобиқаву ягонаи ӯ намунаи ибрат ба ҳар як фарди мусалмон ба шумор меояд. Пас аз таҷлили бузургдошти Имоми Аъзам (соли 2009) дар Ватани маҳбуби мо мазмун ва муҳтавои ақидаҳои мазҳаби ҳанафӣ барои доираи васеи хонандагон равшантар гардид.
Таърихи рушди башарият борҳо собит намудааст, ки танҳо дар сурати созгор афтодани манофеи динӣ ва милливу давлатӣ, ҳамоҳангӣ дар амалкарди давлат ҷиҳати баровардани ниёзҳои эътиқодии мардум ва аз ҷониби дигар – фаъолияти рӯҳониён дар истифода аз арзишҳои динӣ баҳри дифои идеалҳои иҷтимоии давлат, агар ҳадаф бунёди ҷомеаи асили шаҳрвандӣ бошад, ҳар кишвареро ба қуллаи мурод, ба суботи сиёсиву иҷтимоӣ, осудагиву оромии раъият ва дар ниҳояти кор – ба пешрафтҳо дар ҳама соҳаҳои зиндагӣ оварда мерасонад.
Дар оғози интишори ислом ашхосе по ба арсаи таърих гузоштаанд, ки аз фарҳанги асили халқи худ дифоъ мекарданд, то ки дар гирудорҳои таърихӣ мондагории халқи хешро таъмин намоянд. Имом Абўҳанифа Нўъмон ибни Собит, машҳур бо номи Имоми Аъзам яке аз чунин шахсиятҳои муътабар аст, ки бо рафтору кирдор ва пиндори неки хеш тавонистааст, ки дар замони зиндагии худ сазовори эҳтирому эътирофи ҳамзамононаш гардад. Ў бо ҷалби шогирдони зиёде тавонистааст, ки дар бунёди мактаби фиқҳӣ саҳми арзанда гузорад. ҳамин тариқ, Имоми Аъзам раҳнамо ва сарвари яке аз мазоҳиби бузурги ислом мегардад ва то имрўз дар байни фақеҳону ровиён ва муҳадиссини ислом мавқеи хоссаеро касб менамояд.
Ҳар қавму халқ ба арзишҳои таърихии худ ҳамеша ниёзмандӣ дорад. Ва ин арзишҳо пайваста ва оқилона барои тарбияи ахлоқию маънавии наслҳо истифода мегарданд. Бо роиҷ гаштани ислом барои халқи тоҷик равзана ба ҷаҳони дигаре кушода шуд. Фарҳанги миллӣ тавассути фарҳанги исломӣ ғанӣ ва уфуқҳои тозае барои рушд пайдо кард.
Имом Абӯҳанифа бо нубуғ ва заковати фитрии хеш ба дурустӣ дарёфт, ки урфу одат ва анъанаҳои мардумӣ метавонанд сарчашмаи муассири танзими зиндагӣ ва умуман иҷтимоиёт гарданд. Ин арзишҳо ҳосили таҷрибаи тӯлонӣ буда, дар масири таърих бо заковату хиради инсон ва таҳаммулпазирии иҷтимоӣ такмил ёфтаанд. Табиист, ки мазмуни таърихӣ, иҷтимоӣ ва маънавии онҳо мураккаб ва баъзан зиддиятнок аст. Ин асл мазмуни воқеӣ ва возеҳи инсонгароӣ дорад. Онҳо дар мафкураи таърихӣ ва ҷаҳоншиносии иҷтимоии миллату халқиятҳо мақоми боарзишеро соҳиб мебошанд.
Ин воқеият муҳим буд, ки меъёру арзишҳои онҳо аксаран бо усулу арзишҳои динҳои бузурги ҷаҳонӣ, қабл аз ҳама дини мубини Ислом, мутобиқ карда мешуданд. Бо дарку шинохти возеҳи ин амр Имоми Аъзам корбурд ва истифодаи васеи ин ниҳодҳои муассири иҷтимоиро салоҳ ва матлуб медонист. Қобили зикри хос аст, ки ин амр омили ниҳоят муҳимми ташаккулу густариши мазҳаби ҳанафӣ ва ба як мазҳаби бузургтарини дини мубини Ислом табдил ёфтани он гардид.
Корбурди васеи усул, шеваҳо ва ниҳодҳои мазҳаби Имоми Аъзам дар чаҳорчӯби мактаби фиқҳии ӯ нақши муассир ва тӯлонӣ дошт. Ташаккули чунин мактаб аз хидматҳои таърихии Имоми Аъзам аст. Шогирдону намояндагони маъруфи он, қабл аз ҳама, Имом Абӯюсуф ва имом Муҳаммади Шайбонӣ, дар гирдоварӣ ва шаклдиҳии низоми ақидатӣ ва фиқҳии ӯ нақши бузург доштанд. Ба шарофати хидмати онҳо ин низом ҳифз шуд, побарҷо монд ва такмил ёфт.
Имрўз, ки ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи таҳкими истиқлолияти мамлакат устуворона қадам мениҳад, муаррифии шахсиятҳои барҷастаи таъриху фарҳанг барои худшиносии миллати мо аҳаммияти калон дорад. Арзишҳои динӣ ҳамвора бо арзишҳои миллӣ рушд мекунад, маънавиёти динӣ бо кулли ҷузъиёташ бояд дар ҳошияи фарҳанги умумимиллӣ дар таҳаввул бошад ва инҳо дар якҷоягӣ ба рушди саросарии давлати қонунасосу иҷтимоӣ мусоидат бикунанд.
Ба масоили дину диндорӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои динӣ, мувофиқат ва мутобиқати бисёр нозуки манофеи динӣ ва милливу давлатӣ назари ҷиддӣ аз равзанаи идеалҳои иҷтимоӣ лозим аст, то ки ҳадафи олӣ - ба саодати маънавӣ расонидани шаҳрвандон аз ҷониби давлат муяссар шавад. Чунин дидгоҳи амиқ ба масоили дину диндорӣ ва мутобиқ сохтани арзишҳои ҳарду ҷониб ҷиҳати ба даст омадани мақсуди олӣ – давлати ҳуқуқбунёди демократӣ ва иҷтимоӣ ба мушоҳидаи аҳли фитрат расид.
Андешаҳои пурвусъати илмӣ ва инсонии Абӯҳанифа водор месозад, ки дар чунин давраи таҳаввули босуръат мо ба нерӯи хирад, донишу маърифат, усулу арзишҳои зиндагисоз, гуфтору кирдори масъулонаи эшон такя намоем ва бо камоли огоҳиву дурандешӣ амал кунем. Вусъати назар, диди айнӣ ва амиқ, қудрати шинохти умдаи равандҳо ва падидаҳои печидаю пурихтилоф, рӯҳи солим ва иродаи матин, умеди мағфират аз Худованди азза ва ҷалла калиди аслии тавфиқу комёбиҳои навин ва ояндаи дурахшони мо мебошанд.
Зиндагию корномаи Имоми Аъзам ва таълимоти абадзиндаи ӯ, ки паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти динӣ-фарҳангии кишварро чун оина равшан сохта, моро барои анҷом додани рисолати созандагӣ роҳнамоӣ мекунанд, аҳаммияти бузурги ҳаётӣ доранд.
Суханронии Президент
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
Муфассалтар