ТАМОЮЛОТ ВА ОМИЛҲОИ РУШДИ ИФРОТГАРОӢ ВА ТУНДГАРОИИ ҶАВОНОН ДАР ШАРОИТИ РУШДИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТИЮ КОМПЮТЕРӢ

Ташаккули ҷомеаи иттилоотии глобалӣ дар асоси технологияи компютерӣ ва иттилоотӣ дар саросари дунё, аз ҷумла дар кишвари мо низ бо суръат амалӣ мегирад. Ҳамин тавр, ҷаҳони муосир ба даври рушди пайвастаи босуръати расонаҳо ва технологияҳои иттилоотӣ ворид шуд, ки он дар навбати худ бархӯрд ва хатарҳои наверо барои амният ва манфиатҳои миллии давлатҳо ба вуҷуд меорд. Дар ин раванд вазифаҳои институтҳои иҷтимоии гуногун тағйир меёбанд, зуҳурот ва равандҳои иҷтимоӣ чеҳраҳои нави то ҳол аз тарафи муҳақиқон омўхтанашуда мегиранд. Идора кардани ифротгароӣ ва тундгароиҳои ҷавонон ва ҳам роҳҳои паҳншавию шаклҳои зоҳиршавии он ба тағйироти ҷиддӣ рӯбарӯ шудааст. Воситаҳо ва тарзҳои нави коммуникатсия, осон шудани дастрасӣ ба манбаъҳои (захираҳои) иттилоотӣ ба паҳншавии васеи ифротгароии (экстремизми) ҷавонон мусоидат намуд.
Аён аст, ки ҷаҳонишавии муҳити иттилоотию коммуникатсионӣ дар аксари маврид барои ифротгароӣ садди роҳ намешавад, балки дар бисёри ҳолатҳо ба муҳайё шудани шароит ҷиҳати тавсеаи ҷараёнҳои экстремистӣ мусоидат мекунад.
Дар ин росто, вазъи ифротгароии ҷавонон дар Тоҷикистон низ сол ба сол рў ба афзоиш дорад. Аз таҳлили фазои иттилоотӣ ва ба хусус интернетии минтақа метавон ба хулосае омад, ки дар 10-15 соли охир густариши таблиғи ақидаҳои ҷараёнҳои ифротӣ ва тундгаро бештар ба назар мерасад, агар қаблан фаъолияти ҳаракатҳои экстремистӣ дар ҳудуди шаҳр, ноҳия, вилоят маҳдуд буд, пас дар ҳоли ҳозир ба шарофати технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ (пеш аз ҳама Интернет) дар сатҳи кишвар тавсеа ёфтааст. Ин раванд барои амнияти кишвар ва минтақа хатар ва пайёмадҳои манфӣ хоҳад дошт.
Алоқаи мобилӣ, мултимедиа, технологияи компютерӣ иртиботи байнишахсиятҳо ва гурўҳҳоро то ба сатҳи омма (нишастҳо, чатҳо блогҳо ва ғайра дастраси оммаи васеи интернет аудатория) дигаргун кард.
Дар натиҷа, аъзои ҳаракатҳо ва гурўҳҳои экстремистӣ имкон пайдо карданд, ки ақида ва бовариҳои худро дар манбаъҳои интернетии онлайн, ки шумораи иштирокчиёни он аз даҳҳо то садҳо ҳазор одам иборат аст ва аз тарафи давлат ва ҷомеа назорат намешаванд, паҳн намоянд.
Ифротгароён бо баҳонаи «табодули назар» дар интернет метавонанд таблиғ баранд, тарафдорони навро ҷалб намоянд ва саффи «хайрхоҳон»-ро афузун намоянд ва тафаккури пурра ташаккулнаёфтаи ҷавононро ба салоҳи ҳадафҳои хеш истифода намоянд. Аз назари мо ин мушкилӣ, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ба таври бояду шояд арзёб намешавад.
Дар ин самт нақши воситаҳои коммуникатсияи (иртиботи) омма (ВКО) хеле зидду нақиз арзёбӣ мешавад. Аз як тараф онҳо барои ҷавонон фазои иттилоотиро васеъ мекунанд ва аз тарафи дигар бошад таъсири онҳо ба ҷаҳонишавии ҷомеаи иттилоотӣ на ҳама вақт барои ҷомеа самтҳои иҷтимоии назарраси муфид дорад. Аксаран дар натиҷаи таъсири (ВКО) дар низоми бартарияти арзишҳои ҷавонон тасмимоти дурўғин ва зиддиарзишӣ ташаккул меёбанд.
Ҳамасола аҳамияти иҷтимоии маводи коммуникативию технологӣ зиёд мешавад. Дар натиҷа, шаклҳои ҳамкории иҷтимоӣ байни шахсони алоҳида, гурӯҳҳо ва ҷамоатҳо пайдо мешаванд.
Фазои иҷтимоӣ дар асоси интернет, бозиҳои компютерӣ ва ғайраҳо сурати маҷозӣ мегирад. Таҳаввулоти марбут ба дохил шудан ба зиндагии технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, на танҳо дар кишварҳои пешрафта рух медиҳанд, балки ин раванд бештари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба Тоҷикистон низ таъсир мерасонад.
Дар натиҷа, дар ҳамкории иҷтимоии мардум ва шаклҳои созмонҳои иҷтимоӣ тағйирот ба амал меояд. Зери таъсири раванди иттилооткунонӣ воқеияти иҷтимоӣ иваз мешавад, шаклҳои нави фазои иҷтимоӣ пайдо мешаванд. Технологияи калидии иҷтимоӣ шабакаи ҷаҳонии компютерӣ мегардад.
Хатари аслии ин падида дар он аст, ки бештар ҷавонон таҳти таъсири таблиғоти он қарор мегиранд ва истифода аз дин ба унвони василаи расонидан ба ҳадафҳри худ барои тарвиҷи тундгароӣ дар ҷомеа мусоидат менамояд.
Мирзо Шодиев,
номзади илмҳои филологӣ
Бознашр аз сомонаи Кумитаи оид ба корҳои дин
Суханронии Президент
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
Муфассалтар