Терроризм ва падидаҳои бади он.
Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон
Терроризм ва падидаҳои бади он.
Терроризм, ки аз он ба унвони даҳшатафканӣ ва ё ҳаросафканӣ ёд мешавад, ба ҳар гуна амалкард ё таҳдид барои тарсонидан ва ё осеб расонидан ба шаҳрвандон, гурӯҳҳо ва шахсиятҳои сиёсӣ гуфта мешавад.
Имрӯз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб карда, дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман густурдааст, ки барои амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ воқеан таҳдид мекунад.
Дар гӯшаю канори ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ниҳодҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад.
Тибқи маълумоти коршиносони муътамад дар ҷаҳон тақрибан 500 созмонҳои террористии пинҳонкор амал мекунанд. Ҳамасола дар арсаи терроризм дар маҷмӯъ аз 5 то 20 миллиард доллари амрикоӣ сарф мегардад. Солҳои охир дар Аврупо, Амрико, Ховари Миёна, Африқо, кишварҳои Балкан, Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳо ҳамлаҳои даҳшатноки террористӣ ба вуқӯъ пайвастаанд, ки бори дигар ҷомеаи ҷаҳониро аз ин хатари маргбор ҳушдор медиҳад.
Вақтҳои охир раванди ба ҳам пайвастани терроризм бо шаклҳои мухталифи ҷиноятҳои фаромиллӣ Гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи аслиҳа, хариду фурӯши одамон, зархаридӣ ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба назар мерасад. Паёмбар (с) дар Ҳаҷҷи видоъ таъкид намуданд:
Мол ва номус ва хуни шумо бар шумо ҳаром ва муҳтарам аст, ҳамонгуна ки имрӯз ва ин моҳ ва ин шаҳр дорои эҳтиром мебошад.
Дар ин радиф хатарноктарин навъи дигари ҷиноят қочоқи маводи мухаддир мебошад, ки тибқи маълумоти сершумор яке аз манбаъҳои асосии бо маблағ таъмин намудани амалиётҳои террористӣ гаштааст. Муборизаи қотеъ бар зидди ин падида мисли терроризм иқдомоти дастаҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳониро тақозо мекунад ва ба таҳияву татбиқи консепсияи ягонаи мубориза алайҳи он ниёз дорад. Худованди азза ва ҷалла фармудааст:
Ва бар некӯкорӣ ва парҳезкорӣ бо якдигар мадад кунед ва бар гуноҳу ситам бо якдигар мадад накунед. (Моида,5)
Мусаллам аст, ки мубориза бо тамоми ин хатарҳо бояд яке аз самтҳои муҳимтарини ҳамкории байналмилалӣ ва талошҳои муназзами кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ гардад. Натиҷаҳои амалии фаъолияти ҷомеаи ҷаҳониро дар самти мубориза бо терроризм, аз ҷумла баъди тақвияти он бар асари ҳодисаҳои 11 сентябри соли 2001 дар Амрико, муассир гуфтан нашояд.
Дастовардҳои маҳдуд ва ҷузъӣ дар мубориза бо терроризми фаромиллӣ, ки дар марзи асрҳо хислати оммавӣ пайдо кардааст, натиҷаи он аст, ки ин мубориза то ҳол фақат аз ҷониби давлатҳои алоҳида амалӣ мегардад.
Мутаассифона, дар ин давра ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти таҳия ва татбиқи амалии барномаи фарогири созанда ва мусбат, ки ҳадафи он пеш аз ҳама аз байн бурдани сабабҳои умдаи пайдоиши терроризми фаромиллӣ бошад, қадамҳои ҷиддӣ нагузоштаст.
Дар ҳоле ки ғалаба бар терроризм осон набуда, мубориза бо он тӯлонӣ ва душвор аст. Барои пиёда намудани ин ҳадаф аз усулҳои низомӣ ва ғайринизомӣ низ истифода мешавад.
Возеҳ аст, ки терроризми муосир, ки хислати оммавӣ ва фаромиллӣ касб кардааст, зимни равандҳои ҷаҳонишавӣ имконпазир гардид. Як қатор омилҳои айние вуҷуд доранд, ки бо ин равандҳо иртиботи ногусастанӣ дошта, ба сурат ва сирати амалиёти терроризми муосир таъсир мегузоранд.
Дар айни замон мусаллам аст, ки амалҳои оммавии террористӣ, зуҳуроти «низои тамаддунҳо» ё худ бархўрд дар заминаи муносиботи байнимазҳабӣ нестанд. Таърих гувоҳ аст, ки тамаддунҳо ҳеҷ гоҳ байни худ наҷангидаанд.
Терроризм ягон дину мазҳаби мушаххас, пайдоиши этникӣ, миллат ва ҷойгиршавии доимии ҷуғрофӣ надорад. Дар воқеъ кӯшишҳои бо ҳам тавъам донистани терроризм бо дину мазҳаби мушаххасе ба манфиати террористон аст ва бояд қатъиян ин кӯшишҳоро маҳкум кард.
Зарур аст, ки мо ба ҳар гуна зуҳуроти оштинопазирӣ нисбат ба дине ё мазҳабе монеъ шавем ва барои эҷоди ҳусни тафоҳум ва ҳамкории густурда дар асоси арзишҳои умумии кишварҳои гуногунмазҳаб талош намоем.
Ҳамзамон ҷаҳон бояд садди роҳи бадном сохтани дини мубини Ислом аз ҷониби доираҳои ғараздори сиёсӣ гардад. Аз ин рӯ, комилан зарур аст, то ҳукуматҳои кишварҳои олами Ислом ва ходимони бонуфузи динӣ ба он ноил шаванд, ки садои маҳкумсозандаашон бар зидди терроризм дар дохили мамлакаташон ва ҳам берун аз марзҳои он ба таври возеҳ шунида шуда, воқеан дастраси умум гардад.
Дар ин росто, ибтикори Созмони Конфронси Исломӣ дар Эъломияи Маккаи Мукаррама оид ба таъсис ва ташкили фаъолияти босамари Маркази байналмилалии мубориза бо терроризм на фақат қобили таваҷҷўҳ, балки шоистаи пуштибонӣ аст.
Ба андешаи мо, Созмони Конфронси Исломӣ дар заминаи татбиқи амалии ин ғоя метавонад дар соҳаи мубориза бо терроризм ба ҳамкориву ҳамдастии худ бо Созмони Милали Муттаҳид мазмуну нерӯи тоза бахшад.
Азбаски терроризм хислати фаромиллӣ пайдо карда, ба хатари умумиҷаҳонӣ табдил ёфтааст, мубориза барзидди он низ бояд тавассути стратегияи глобалии ягона ва самарабахш пиёда гардад. Яъне талошҳои муташаккилонаи байналмилалӣ таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид ва бо нақши пешбари он комилан зарур мебошад.
Мутаассифона ҷомеаи ҷаҳонӣ то ҳол дар бораи худи мафҳуми терроризм ба хулосаи ягона нарасидааст. Ҳол он ки бе ин гуна ваҳдати назар ба низом даровардани масъалаҳои мубориза ба муқобили терроризм ғайриимкон аст.
Маҳз дар чунин шароит баъзе давлатҳо дар қаламрави худ бар зидди терроризм мубориза бурда, ҳамзамон терроризми фаромиллиро дар кишвар ва минтақаҳои дигар бавосита ё бевосита пуштибонӣ менамоянд ва мехоҳанд террористонро ба ҳайси муборизони роҳи озодӣ, истиқлолият ва ҳуввияти миллӣ муаррифӣ созанд.
Агар кишварҳои пешрафта дар ҳамкорӣ бо давлатҳои рў ба инкишоф барномаи фароху созандаи мубориза бо камбизоатӣ, гуруснагӣ, сатҳи пасти маърифат, бекорӣ ва бемориҳои гуногуни вазнинро таҳия ва амалӣ сохта натавонанд, мо ҳамагон аз ин зуҳуроти зишт раҳоӣ ёфта наметавонем.
Бояд дар таҳвил ва интиқоли технологияҳои муосир, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги сиёсӣ ва маҷмӯи масоили иқтисодӣ, аз ҷумла ба бозорҳои ҷаҳонӣ роҳ ёфтани маҳсулоти дар кишварҳои олами сеюм тавлидшаванда иқдомоти воқеӣ, мураттаб ва муназзам амалӣ гарданд.
То замоне ки чунин барнома таҳия нагардад ва мавриди амал қарор нагирад, терроризм ҳамроҳи ногузири глобализм ва нусхаи он хоҳад буд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди терроризм ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт талош меварзад.
Солҳои 2006-2010 дар кишвари мо Барномаи давлатӣ оид ба мубориза барзидди терроризм ва дигар зуҳуроти экстремизм мавриди татбиқи амалӣ қарор гирифта, ки ба ошкорсозӣ, пешгирӣ ва аз байн бурдани кирдорҳои террористӣ мусоидат менамояд.
Дар ин робита, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромадҳояш ин падидаи номатлубро маҳкум намуда, ҷомеаи ҷаҳониро барои мубориза бар зидди терроризму экстремизм даъват менамояд.
Қурбонии терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон буда, ҷавонони моро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва сабабу авомили бурузи афкори терроризмро биёмӯзанд ва барои рафъи он дар ҷомеа кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.
Суханронии Президент
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
Муфассалтар