Асосӣ Мақолаҳо НАҚШАҲОИ ПАСИПАРДАГИИ ЭРОН БОИСИ МАРГИ 150000 ТОҶИКИСТОНӢ ГАРДИД

НАҚШАҲОИ ПАСИПАРДАГИИ ЭРОН БОИСИ МАРГИ 150000 ТОҶИКИСТОНӢ ГАРДИД

НАҚШАҲОИ ПАСИПАРДАГИИ ЭРОН БОИСИ МАРГИ 150000 ТОҶИКИСТОНӢ ГАРДИД
2018-01-03
3258

Чанд сол аст, ки фазои ороми кишвари Яман бар асари ихтилофоти мазҳабӣ ва талош барои ба даст овардани ҳокимият ноором шуда, дар натиҷаи ҳамлаҳои неруҳои эътилофи араб як давлати сарсабзу хуррам ба вайрона табдил ёфт.

Агар ба масъала амиқтар назар кунем, маълум мешавад, ки муноқишаҳои мазҳабӣ байни сунниҳо ва шиаҳо дар ин минтақа аз қадим вуҷуд доштанд. Аммо бо ба бозиҳои геополитикӣ ворид гардидани Эрон вазъ дигар шуд. Ин кишвар мехоҳад ҷаҳони исломро ба воситаи ихтилофоти мазҳабӣ ба муноқишаҳо водор сохта, ба ин васила ҳадафҳои худро амалӣ созад.

Террор ё кушта шудани собиқ Президенти Яман Абдуллоҳ Солеҳ яке аз далелҳои бозиҳои геополитикӣ мебошад.

Агар ба таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол назар кунем, бароямон равшан мегардад, ки ҷанги шаҳрвандӣ маҳз бо ташаббус ва дастгирии молиявии Эрон амалӣ шуда, дар натиҷа Тоҷикистон 150 000 шаҳрванди худро аз даст дод.

Бо кӯшишу заҳмат ва ҷоннисориҳои Пешвои миллат муяссар шуд, ки сулҳи тоҷикон ба даст ояд. Ин навбат ҷониби дигар такроран ҳизби ифротии ҲНИТ-ро барои барпо намудани табаддулоти давлатӣ омода намуда, билохира моҳи сентябри соли 2015 кӯшиши барҳам додани давлати тоҷикон ба роҳ монда шуд. Сад аҳсан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки сари вақт пеши роҳи дасисаро гирифта, тавонистанд ватани моро аз ҷанги хонумонсӯз наҷот диҳанд.

Баъд аз фирори хоинони миллат мисли Кабириву ҳаммаслаконаш, ин кишвар ба онҳо паноҳ дода, ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Ба қавли Дар ҳамин зимн, байти машҳури Абӯалии Сино ба ёд меояд:

Бо душмани манн чу дӯст бисёр нишаст,

Бо дӯст набоядам дигар бор нишаст!

Бинобар ин, мо бояд зиракиро аз даст надиҳем, мазҳаби аҷдодиамонро аз олудагиҳо ҳифз намоем, ҳама чун як тан дар атрофии Пешвои миллат муттаҳид бошем! Танҳо дар ин сурат ватани азизи мо аз дасисабозиҳои бадхоҳон метавонад эмин монад!

Абдусаттор Юсупов,

имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи Абдулбоқии ҷ/д Ҳакимии ноҳияи Нуробод

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:30
Пешин12:40
Аср17:48
Шом19:46
Хуфтан21:16
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Муфассалтар