Асосӣ Мақолаҳо Аҳдшиканӣ байни хоинон?

Аҳдшиканӣ байни хоинон?

Аҳдшиканӣ байни хоинон?
2018-01-31
3093

     Аз нигоҳи дини мубини Ислом носипосӣ ва намакношиносї аз ахлоқи разилона буда, Парвардигори олам ношукрро дӯст намедорад, зеро он ба хиёнат мебарад ва инчунин роҳи ғаддору хиёнаткор доим сарбаста мебошад.

Аслан хиёнат паҳлӯҳои мухталиф дорад ва ҳар оина он падидаи номатлуб ва нохушоянд буда, фитрати пасти инсониро ифода менамояд. Вале  хиёнат ба Ватан нобахшиданист, зеро хиёнат ба Ватан, хиёнат ба миллат бузургтарин гуноҳест, ки он нобахшиданист. Инсоне, ки ба ин ду мафҳуми муқаддас эҳтиром надорад, ӯ на ба хонадон, на ба ёру аёл, на ба фарзандонаш эҳтиром дорад. Пайвастагии ӯ ба наздиконаш низ аз рӯи ҳадафи шахсист. Монанди он ки гурӯҳи хиёнаткори “Гурӯҳи 24” имрӯз дарёфт, ки ТЭТ ҲНИТ - ҳизби дигари хоин дигар ба манфиати ӯ кор намеояд, аз ӯ риштаи дӯстиро бурид. Ин дурӣ ҷустан на аз он ки ТЭТ ҲНИТ акнун ҳизби терористӣ аст, балки барои он, ки ҳизб барои “Гурӯҳи 24” дигар лозим нест. Аслан барои “Гурӯҳи 24” ин амал хусусияти ирсӣ дорад, зеро дар давоми мавҷудияташ ин  гурӯҳ чандин бор аъзоёнашро аз сафаш берун кард. Чунин ба назар мерасад, ки хӯҷаини ин гурӯҳ бо нишондоди касе амал мекунад, ки ӯ на танҳо душмани миллати мо, балки як бозингарест, ки мехоҳад тоҷиконро берун аз Ватан ҳам ором намонад. Аслан ин гурўҳи хиёнаткорони миллат аъзои раёсати Ҳизби мамнӯи Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ва гурўҳи ғаддори “Гурўҳи 24”, ки ҳарду мухолифи Њукумати қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, хостанд бо ҳаракати махфиёнаи худ эътилоф пайдо карда, бар зидди Тоҷикистон қувваи муттаҳид ташкил кунанд. Худои таъоло аз ҳаракати махфиёнаи хоинон хабардор аст, чунонки дар сураи ояти 19-и “Ғофир” омадааст: “Яъламу хоинатал-аъюни ва мо тухфис-судур”, яъне “Худо аз ҳаракати махфиёнаи чашмҳо ва асрори пинҳонии даруни синаҳо бохабар аст”. Замоне ин ду гурӯҳи мухолифин хостанд аҳд банданд, муттаҳид шаванд, гурӯҳи якум “Гурўҳи 24” эълон кард, ки Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон “сиёсати носанҷида ва кӯшиши дахолат” дорад, онҳо ба Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳамкориро қатъ карданд, аз ин баёния маълум шуд, ки он талошҳое, ки Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон мехост анҷом диҳад, барбод рафт.

         Қабл аз ин ҳам раёсати ин Ҳизби мамнӯи хиёнаткор дурӯғҳои бофтаи худро бо тариқи шабакаҳои интернетї эълон мекард, ки гӯё ТЭТ Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ягона ташкилоте мебошад, ки аз арзишҳои исломӣ ҳимоят мекунад, ҳоло он ки садҳо ташкилотҳои байналхалқӣ ин ҳизбро ҳамчун ташкилоти экстремистї-террористї мешиносанд .

Бармегардем ба қазияи ҷудошавии ин ду қувваи ғаддор ва иблис, ки гӯё аз ҳам ҷудо шуданд. Ман ин ҷо андеша дорам, ки ин ҳиллаи навбатист, зеро ин ду ҳаргиз аз якдигар ҷудо намешаванд. Онҳо боз кӣ доранд, ки ба он пайванд шаванд. Ҳадафи сиёҳи ин ду қувва боз онҳоро ба ҳам меорад ва зидди миллати мо амал мекунад. Ин корашон бозии сиёсист, ки зимни он боз ягон ҳадафи ин ду гурӯҳ  ниҳон аст, ки дер ё зуд ошкор мешавад.

Як чизи дигари ҷолиб низ маро ба ҳайрат мегузорад. ҲНИТ, ки имрӯз ҳатто аз рӯи миқдор гурӯҳ ҳам нест ва “Гурӯҳи  24”-ро гурӯҳ ҳам гуфтан мумкин нест, чи ҳадаферо дар сар дорад. Магар ӯ умед дорад, ки ба Ватан бармегардад ва мақому манзалат пайдо мекунад. Ё бовар дорад, ки аз берун қарор гирифта давлатеро, ки Ҳукумату мардумаш якдилу якмаром аст, вайрон мекунад. Ё ин қадар ҳам маблағҳои сарпарастони хориҷӣ ширин аст, ки инҳоро аз ягон кори ношоиста боз намедорад. Магар шарм намедорад, ки маҳз обу хоки ҳамин кишвар онҳоро тарбият кардааст, онҳоро нону об додааст, ба шоҳроҳи бузург раҳнамоӣ кардааст. Вақти он аст, ки тавба намоянд ва аз ин амалҳои шайтонӣ даст кашанд.

         Банда боз як бори дигар итминон пайдо кардам, ки ҷинояткоре, ки қасд ба нооромии кишвари худ мекунад, аз ягон роҳи бад намегардад. Мо ходимони дин дар ин ҷода фикр мекунем, ки мардуми Тоҷикистон аз чунин ватанфурӯшон, мазҳабфурӯшон безор ҳастанд.

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода  

сархатиби масҷиди ҷомеи

марказии Шайх Маслиҳатдин,

номзади илмҳои суханшиносӣ

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:30
Пешин12:40
Аср17:48
Шом19:46
Хуфтан21:16
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Муфассалтар