Асосӣ Мақолаҳо Экстремизм, радикализм ва терроризм

Экстремизм, радикализм ва терроризм

Экстремизм, радикализм ва терроризм
2018-02-07
3834

Экстремизм дар забони англисӣ ва русӣ мафҳуми ифротгароиро ифода мекунад. Калимаи «ифрот» дар забони арабӣ аз решаи «фарт» гирифта шуда, маънои авҷ ва ниҳоятро мефаҳмонад. Дар истеъмоли умумӣ ифрот ба маънои аз ҳадду андоза гузаштанро ифода мекунад, яъне зиёдаравӣ кардан дар ҳама умур. Экстремизм низ ба маънои тамоюл ба ифрот, зиёдаравӣ ва аз ҳад гузаштан мебошад. Ифротгароии динӣ яке аз маъмултарин шаклҳои экстремизм буда, ҳолатест, ки инсон фаҳмиши меъёри динӣ ва дар амал кардан бо таълимоти динӣ сахтгирӣ намуда, аз ҳадду андозаи эътидол мегузарад. Шахси ифротгароии динидошта динро ба таври бисёр рӯякӣ ва танг мефаҳмад ва бо ҳамин фаҳми худ амал карда, аз дигарон чунин тарзи амалро тақозо мекунад. Вақте ин тафаккур ба марҳалаи паҳншавӣ гузарад, он ба радикализм, яъне тундравии динӣ табдил меёбад. Радикализми динӣ марҳалаи ошкоршуда, фаъолшуда ва амалишавандаи ифротгароии динӣ аст. Дар ин марҳала шахси ифротгароии динидошта тарзи зиндагии дигаронро ошкоро танқид намуда, нисбати онҳо дар амал оштинопазирӣ нишон медиҳад ва ҳамфикрони худро ба муборизаи амалӣ даъват мекунад. Ин ҳолат шакли радикалишудаи ифротгароии динӣ мебошад. Аз сабаби он ки тарзи фаҳмиш ва арзишҳои ифротгароён барои аъзои дигари ҷомеа қобили қабул нестанд, онҳо барои расидан ба ҳадафҳои худ аз зӯроварию хушунат истифода мебаранд ва кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҷомеа ва давлатро тарсонида, бо роҳи зӯрӣ инсонҳоро ба худ тобеъ сохта, мақсадҳои худро ба ҷомеа таҳмил намоянд. ҳамин тавр ифротгароии динӣ аз марҳалаи радикализми динӣ ба марҳалаи сеюм, яъне ба марҳалаи терроризм мегузарад, зеро маънои луѓавии террор тарсонидан ва даҳшатафканист. Дар ин марҳала ифротгароён ба таҳдид, зӯроварӣ ва қатлу куштор рӯ оварда, амалан ба ҳаракати террористӣ табдил меёбанд.

Хулоса имрӯз дар забони муошират, аз ҷумла дар забони илм ва воситаҳои ахбори умум ифротгароиро экстремизм, тундгароиро радикализм ва даҳшатафканиро терроризм мегӯянд. Пас ба ибораи дигар экстремизми динӣ, радикализми динӣ ва терроризми динӣ давоми мантиқии ҳамдигар буда, ҳалқаҳои пайвастаи як занҷиранд, ки дар маҷмӯъ ифротгароии диниро ташкил мекунанд, зеро экстремизму радикализм заминаи асосӣ ва марҳалаҳои ибтидоии терроризм буда, дар ниҳоят ба терроризм бурда мерасонанд. Терроризм марҳалаи олӣ ва охирини ифротгароӣ ё шакли амалишудаи экстремизму радикализм мебошад, ки онҳо бо ҳам пайванди амиқ дошта, ба вуҷудорандаи ҳамдигар ҳастанд. Ин ҷо чеҳраи ифротгароёни диниро ба таври мухтасар баён менамоем, ки дорои чунин сифатҳо ҳастанд:

  1. Аксарашон саводи комили динӣ, таҳсилоти дурусти исломӣ ва маърифати саҳеҳи динӣ надоранд.
  2. Меъёр ва мафҳумҳои диниро ба таври бисёр маҳдуд, зоҳирӣ ва сахтгирона фаҳмида, фақат тарзи фаҳмиши худ ва фаҳмиши роҳбарони шабакавию созмонии худро эътироф ва қабул мекунанд. Онҳо уламои муътабари исломиро инкор карда, муфтиҳои навзоҳири худро доранд.
  3. Меъёрҳои динӣ, аз ҷумла, ба мазҳабҳо, мактабҳо ва равияҳои исломӣ тамоман эҳтиром намегузоранд. Умуман ба ҷомеа ва ҷаҳон нигоҳи динӣ надошта, нигоҳи танги фирқаӣ доранд. Илова бар ин дигар аломатҳои зиёд доранд.

Агар ин сифатҳои ифротгароёнро ҷамъ намоем, метавон гуфт, ки ифротгароёни динӣ ҳаргиз як тарзи солими эътиқод ва диндорӣ надоранд, балки як навъ ихтилофи динӣ, бегонашавии миллӣ ва бемории равонӣ доранд, ки нисбат ба муҳити атроф, оилаву наздикон, ҷомеа, давлат ва инсонҳо, арзишҳои мавҷуда ва ѓайра бадбин ва мутанаффиранд. Инсоне, ки ба ин ҳолат гирифтор шудааст, мисли шахси гипнозшуда аз ҳолати ақлонӣ хориҷ шуда, гирифтори таассуби амиқи динӣ шудааст, ки гардонидани онҳо бисёр мушкил ё тақрибан номумкин аст. Барои уламои ҳақиқии кишвар лозим аст, ки барои наҷоти ҳар як шаҳрванд, муборизаи беамонро дар ин самт даҳчанд зиёд кунанд.

Мутахассиси Раёсати фатво

Омӯзгори калони ДИТ Ҳомидов Абдулвоҳид

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:31
Пешин12:40
Аср17:47
Шом19:45
Хуфтан21:15
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Муфассалтар