Асосӣ Мақолаҳо АРТИШИ МИЛЛӢ – ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

АРТИШИ МИЛЛӢ – ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

АРТИШИ МИЛЛӢ – ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ
2018-02-20
3631

Дар хотиранд рӯзҳое, ки соли 1993 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дохили як хайма фармони таъсиси қувваҳои мусаллаҳро ба имзо расониданд, зеро он замон Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ танҳо аз як хайма иборат буд.

Бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат имрӯз қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ, ки аз якчанд сарбоз иборат буда, ягон имконияти техникӣ надошт, ба артиши муқтадир ва муҷаҳҳаз табдил ёфт, ки яке аз артишҳои пешрафта маҳсуб меёбад. Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ имрӯз дорои тамоми таҷҳизоти техникӣ буда, барои афсарону аскарон тамоми шароитҳо муҳайё гаштааст.

Буданд рӯзҳое, ки ҷавонон майли хизмати ҳарбӣ надоштанд, аммо имрӯз аксари онҳо бо ихтиёри худ барои адои хизмати ҳарбӣ мераванд, зеро хизмати Ватан-модар шараф буда, падару модарон ба амнияти фарзандонашон боварии комил доранд.

Ҳамаи ин хизматҳои Пешвои миллат баҳри сулҳу суботи Ватан аст! Шахсе ки ватанашро дӯст надорад, чизи дигареро дӯст дошта наметавонад. Воқеан, ватан ягона арзише ҳаст, ки дар ҳеҷ давру замон ва бо мурури тағйир хӯрдани дунё ва сохти кишварҳо волоият ва маҳбубияту маъруфияти худро аз даст нахоҳад дод. Тамоми таълимотҳои диниву дунявии ҷаҳонӣ мафҳуми ватанро дар мавқеи аввал мегузоранд, зеро инсон бидуни муҳаббати он қобили пазироии дигар анвои меҳру муҳаббат буда наметавонад. Меҳри ватанро бузургони андеша беҳуда бо меҳри модар дар як саф нагузоштаанд. Агар модар инсонро ба вуҷуд оварад ва тарбия карда, ба муҳит ва оила ҷазб намояд, пас, ватан рӯҳия ва камолоти инсониро парвариш дода, дигар арзишҳои волои инсониро ба онҳо зам мекунад.

Дар роҳи некбахтӣ ва корҳои нек ҳамкорӣ кардан маънои барои тинҷиву амонӣ ва сулҳу субот, дастгирии ҳамдигар муттаҳид будани мардумро дар назар дорад. Тинҷиву амонӣ аз ҷумлаи бузургтарин неъматҳои Худованд буда, нигоҳ доштани он вазифаи бузург ва аввалиндараҷаи ҳар як инсони оқилу комил мебошад, зеро дар Қуръони карим омадааст:

«Эй касоне, ки имон овардаед, ҳама дар итоати Худованд дароед ва ба роҳи шайтон наравед, албатта шайтон барои шумо душмани ошкораст».

Ҳамчунин дини мубини Ислом ба халқу ватан садоқат доштанро бисёр қадр мекунад. Ҳар як инсон, хусусан ҷавонон барои дӯст доштани ватани азиз бояд корҳои неку аъмоли барои ҷомеа манфиатбахшро анҷом бидиҳанд. Фаромӯш набояд кард, ки инсон дар мафҳуми шаҳрванд дар назди ватан баробари доштани ҳуқуқ ва озодиҳо, инчунин ӯҳдадориҳо ва масъулиятҳои бузурге дорад. Яке аз ҳикматҳои ибратомӯзи дини Ислом чунин аст: «Дӯст доштани ватан аз гӯшаи имон аст».

Инсони некбахт нафақат ватанашро дӯст медорад, балки барои ободонӣ ва аз фитнаҳо нигоҳ доштани он саъю талош ба харҷ медиҳад ва бо душманони он муборизаи беамон мебарад. Паёмбари Худо (с) мефармоянд: «Ду чашмест, ки ҳаргиз дар оташи дузах намесӯзад, яке аз тарси Худо гиря мекунад, дигаре дар роҳи дӯст доштани ватан мижа назада хидмат мекунад».

Дар ин сухани Расули Худо (с) ҳеҷ шакку шубҳае нест, пас ҳар касе барои ҳифзи Ватан ва ободии он камари ҳиммат бастааст, аз оташи дӯзах дар амон хоҳад буд. Ба ҳамин мазмуну маънӣ бузургон гуфтаанд: «Вафодории инсон дар дӯст доштани ватан, мардум ва хидмат барои онҳо зоҳир мешавад».

Пайғамбар (с) дар хутбаи Ҳаҷҷату-л-вадоъ ба тамоми мардум хитоб карда гуфтанд: «Эй мардум, Парвардигори шумо яктост, падари шумо яктост, ҳамаи шумо аз Одам (а) ҳастед ва Одам аз хок офарида шудааст». Дар ин ҳадиси муборак иттиҳоду ҳамбастагии мардум ва аз як сарчашма будани башарият таъкид шудааст. Модом ки чунин аст, пас ягона роҳи пешрафт хидмати содиқона ба ватан ва сокинони ватан ва ҳамчунин дӯстиву мадоро бо мардумони дигар кишварҳост.

Ватандӯсти асил ҳам зодгоҳ ва ҳам ватани бузургашро як хел дӯст медорад. Онҳоро аз ҳам ҷудо намекунад. Ҳар қадар мо зодгоҳамонро дӯст дорем, ҳамон қадар ватани бузургамон – Тоҷикистонро бояд дӯст дорем. Як хислати инсони ватандӯст ҳамин аст, ки ӯ зодгоҳашро аз маҳалҳои дигар боло намегузорад. Касе, ки зодгоҳашро аз Тоҷикистон боло гузорад, маҳалгарост. Маҳалгароӣ бадтарин хислати инсон аст, зеро он давлатро пора-пора карда, миллатро рахна месозад. Набояд фаромӯш кард, ки яке аз  сабабҳои ҷанги шаҳрвандӣ маҳалгароӣ буд. Оқибат ин маҳалгароӣ мардумро хонавайрон кард. Таърих барои он аст, ки аз он сабақ омӯзанд. Бояд аз таърих сабақ омӯзем ва ба ҷои маҳалгароӣ ватанпарварӣ кунем. Он гоҳ Тоҷикистон обод мешавад.

Имрӯз дар масъалаи ватандӯстӣ ба он хотир сухан мекунем, ки мо бояд ба қадри ватан, ба қадри сулҳу субот, оромиву амнияти кишвар бирасем.

Шумо боре ба ҳоли баъзе кишварҳои ҳамсоя назар кунед, мебинед, ки одамон дар орзуи сулҳанд. Мардуми Сурия чанд сол мешавад, ки ба хоку хун ғӯтавар шудааст. Ҳар рӯз садҳо нафар мардуми осоишта, пиру кӯдак кушта мешавад, ба сари мардум аз тамоми силоҳҳои мавҷудбуда тиру тӯп холӣ карда мешавад, шаҳрҳо вайрон, хонаҳо валангор гашта, фарзандон ятим мегарданд. Ин воқеа аз куҷо сар зад? Аз ношукрии одамон, зеро онҳо ба қадри тинҷиву оромӣ нарасиданд.

Онҳое ки аз номи ислом сухан мегӯянд, ояту ҳадис меоранд, мехоҳанд ба ин васила ба ғаразҳои худ ноил шаванд. Зеро дар асл, ҳар иғвоангез фитнагар ва шайтон аст, шайтони инсӣ, ки мехоҳад дар рӯи замин фасод кунад, мехоҳад кишвари моро ноором созад, зеро бадхоҳ ва душман пешрафту тараққӣ, сулҳу салоҳро дида наметавонад. Мисли Сурияву Ироқ, Яману Афғонистон ба воситаи ҷангу хунрезӣ мехоҳад дунё ба даст орад. Эй мардум, огоҳ бошед, ки оромиву амнияти ватан дар дасти худи мост! Агар мо ба қадри ин неъмат нарасем, куфрони неъмат кардаем ва дар пешгоҳи Худованд носипос мегардем!

Ҳифзу ҳимояи ватан дар ислом ҷойгоҳи хосе дорад ва Худованди таъоло мусулмононро ба ҳифзи марзу буми ватани худ амр кардааст. Ҳар яки мо вазифадорем, бароямон фарзу суннат аст, ки нигаҳбони сулҳу субот, тинҷиву оромӣ бошем, фарзандони худро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намуда, ба хизмати ҳарбӣ барои ҳимояи марзу буми Ватан ҳидоят ва равон намоем.

Фазилати хизмати ҳарбӣ ва ҳимояи марзу буми Ватан то ҳадде бузург аст, ки дар ояти охирони сураи «Оли Имрон» Парвардигор мефармояд:

Эй муъминон, сабр кунед ва дар сабр қадам устувор доред ва омода бошед ва аз Худо битарсед, бошад ки растагор шавед!

Муфассирон мегӯянд, ибораи «ва робиту» - омода бошед, дар ҳаққи марзбонон аст, ки Парвардигор мегӯяд, шумо дар ҳимояи марзу буми ватан омода бошед.

Дар ибтидо «работ» хоначаеро мегуфтанд, ки дар он марзбонон иқомат мекарданд ва баҳри ҳимояи ватан шабу рӯз машаққат мекашиданд. Баъдтар калимаи «работ» ба худ маъноҳои дигарро низ касб кард.

Аз ин ояти раббонӣ бармеояд, ки ҳар кас вазифадор аст, ватани худро  ҳимоя кунад, чи дар сарҳад, чи дар хона, чи дар деҳа. Вазифаи аввалини ҳар яки мо – ҳимояи ватан тариқи фаҳмондадиҳӣ, огоҳонидани мардум аз макру ҳиллаи душманон, тарбияи фарзандон дар руҳияи баланди ватанпарварист. 

Ҳимояи ватан савоби беандоза дорад. Уламо мегӯянд, як шаб ҳимояи ватан беҳтар аз тамоми некиҳост ва манзалати ҳомии ватан мисли фариштагони нигаҳбон аст.

Дар ҳадисе аз Паёмбари акрам (с) омадааст: Фариштагон се овозро ба таъҷил ба осмон мерасонанд:

1.       Овози қалами нависандагон (агар хайр нависанд ва агар шарр нависанд, Худо аз онҳо безор аст).

2.       Овози чархресии занон дар хона (яъне, фазилати меҳнати ҳалол)

3.       Овози қадами марзбонон (чун дар гармову сармо ватани худро аз душманон ҳизф мекунанд)

Ҳомиёни Ватан шабҳо бедорӣ мекашанд, то дигарон дар амонӣ бихуспанд, ҷони худро дар хатар мемонанд, то мардум осудаҳол бошанд.

А.Мавлонов

Сардори Раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносӣ

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:31
Пешин12:40
Аср17:47
Шом19:45
Хуфтан21:15
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Муфассалтар