Асосӣ Мақолаҳо ДУО ДАР ҲАҚҚИ СОҲИБМАЪРАКА БИДЪАТ НЕСТ

ДУО ДАР ҲАҚҚИ СОҲИБМАЪРАКА БИДЪАТ НЕСТ

ДУО ДАР ҲАҚҚИ СОҲИБМАЪРАКА БИДЪАТ НЕСТ
2018-02-20
3363

Борҳо шудааст, ки пайравони равияи салафия пас аз истеъмоли таом аз маъракаҳо бо ақидаи он ки дуо бидъат аст, баромада рафтаанд ва он нафаронеро, ки дар ҳаққи соҳиби маърака ва гузаштагони он хонадон дасти дуо мебардоштанд, ба бидъаткориву хатокорӣ гунаҳкор мекарданд. Ин ҳама ақидаҳое, ки амалҳои неку солеҳи мазҳабӣ ва урфу одате, ки дар байни ҷомеа ба ихлос ба ҷо оварда мешавад, аз тарафи таълимгирифтаҳои мадориси ғайри расмии хориҷӣ ба бидъат ҳукм карда мешуд ва бехабар аз асли далелҳо ҷомеаро ба гумроҳӣ бурда буданд ва албатта бозгардонидани онҳо аз хориҷи кишвар сабаби муттаҳидӣ буда ва метавон гуфт, ки яке аз сабабҳои оромии ҷомеа ба шумор меравад. Агар таърихи чанд сол пешро варақгардон кунем, ба таҳқиқ дармеёбем, ки яке аз омилони асосии он нофаҳмиҳое, ки дар байни мардум дар тамоми масъалаҳои фиқҳӣ ё вобаста ба маъракаҳо буд, маҳз ана ҳамин таълимгирифтаҳои хориҷа буданд, ки ҳатто иддае аз калонсолҳо низ ҳисоби худро гум карда ва ба мазҳаби ҳанафӣ ва урфу одатҳои анъанавӣ бо чашми дигар назар карда буданд.

Аз Ҷобир (Худо аз эшон розӣ бод) ривоят аст, ки Абулҳайсам ибни Тайҳон ғизое таҳия кард ва Расули Акрам ва ёрони ӯро даъват кард ва чун ҳама ғизо хӯрданд ва аз ғизо фориғ шуданд, Расули Акрам (дуруду салом ба руҳи покашон) фармуданд:”Бародари худро подош диҳед”. Арз шуд:Ё Расулаллоҳ! Чӣ подош диҳем? Ҳазрат фармуданд:”Ҳар гоҳ ба хонаи яке рафтед ва он ҷо хӯрдед ва нӯшидед, барои ӯ дуои хайр ва баракат кунед, ин аз ҷониби бандагон подоши он аст" (ривояти Абудовуд).

Аз Абдуллоҳ ибни Буср ривоят аст, ки Расули Акрам меҳмони падарам Бусри Асламӣ шуданд. Падарам ба маҳзари эшон ғизо ва фатир оварданд. Он ҳазрат тановул намуданд, сипас ба эшон хурмо оварда шуд, онро хӯрда ва донаи хурморо бо ду ангушти саббоба ва вусто (ишоратӣ ва мобайн) меандохтанд. Он гоҳ ба маҳзари эшон шарбат оварда шуд, онро нӯшиданд. Сипас он ҳазрат қасди ҳаракат карданд, пас падарам лаҷоми маркаби эшонро гирифта, арз кард:Барои мо дуо кунед. Он ҳазрат чунин дуо карданд:”Худоё! Дар ризқи онҳо баракат ато кун ва онҳоро мавриди мағфират ва раҳмати хеш қарор бидеҳ” (ривояти Муслим).

Аз Анас ривоят аст, ки Расули Акрам ба хонаи Саъд ибни Убода ташриф оварданд. Вай нон ва равғани зайтун ба ҳузури ҳазрат овард. Паёмбари гиромиқадр тановул карданд, сипас барои Саъд ибни Убода чунин дуо карданд:”Бандагони рӯзадори Аллоҳи бузург ба назди ту ифтор кунанд ва некон ва солеҳон ба назди ту таом хуранд ва фариштагон барои ту дуои хайр кунанд” (ривояти Абудовуд).

Пас дуо кардан баъди ба охир расидани маъракаҳо нафақат бидъат нест, балки амали солеҳе аст, ки Паёмбари бузургвор онро ба ҷо овардаанд.

Нурулло Ҳидоятов,

имомхатиби масҷиди ҷомеи Тезгузари ш. Конибодом

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:31
Пешин12:40
Аср17:47
Шом19:45
Хуфтан21:15
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Муфассалтар