Асосӣ Мақолаҳо ИСРОФКОРӢ АЗ НИГОҲИ ҚУРЪОНИ КАРИМ

ИСРОФКОРӢ АЗ НИГОҲИ ҚУРЪОНИ КАРИМ

ИСРОФКОРӢ АЗ НИГОҲИ ҚУРЪОНИ КАРИМ
2018-02-20
3378

Худованд дар чандин оятҳои Қуръони карим дастур медиҳад,ки аз исрофкорӣ ва зиёдхарҷкунӣ худро дур нигоҳ дорем. Вожаи исроф танҳо ба маънои зиёдаравӣ ва харҷи аз ҳад зиёд дар мавриди хӯрдану нӯшидан  нест, балки исроф дар вақт, исроф дар умр ва исроф дар мол ҳам бахше аз исрофкорӣ мебошад. Худованд мефармояд: «Бихӯред ва бинӯшед, вале исрофкорӣ накунед, зеро ки Худованд исрофкорҳоро дӯст намедорад» (сураи Аъроф, ояти 31). Пас маълум гардид, ки набояд дар хӯрдану нӯшидан зиёдравї намуд, чунки ин амал боис мегардад мо аз раҳмати Худованд дур гардем. Муфассирон дар тафсири ин оят мегӯянд, ки бар асари исрофкорӣ хатари аз байн рафтани неъмати Худованд ба миён меояд, зеро дар тӯли таърих касоне, ки дар зиндагӣ исрофкор буданд, ниҳоятан фақиру тангдаст шуданд. Дар мавриди касоне,ки дар умри худ ва нафси хеш зиёдаравӣ намуданд, Худованд мефармояд: “Бигу эй Муҳаммад (с) эй бандагоне, ки бар ҷони худ исроф намудед, аз раҳмати Аллоҳ ноумед нашавед, зеро Худованд тамоми гуноҳонро меомурзад (сураи Зумар, ояти 53).  Пас, аз ин оят маълум мегардад, ки исроф дар умр ва нафс ҳам ҳаром мебощад, зеро умри инсон бузургтарин неъматест, ки Парвадигор насиби ӯ гардондааст ва як  амонати бузургест, дар дасти инсон, бояд дар корҳое машғул созадаш, ки бар манфиати худ ва ё ҷомеа бошад. Дар ривояте аз Пёмбар (с) омадааст: Ду неъматест, ки аксари мардум нисбат ба ин неъматҳо беаҳамиятанд, ки дар натиҷа фиреб мехӯранд: яке сиҳату саломатӣ ва дигаре фароғат, яъне вақтҳои холӣ. Набояд инсон вақтҳои худро холӣ гузаронад, ҳатман барномарезӣ дар зиндагиаш дошта бошад, то нашавад, ки вақти гаронбаҳои худро дар беҳудагӣ ва роҳҳои нодуруст сарф намояд .

Хулоса мо шукронаи онро мекунем, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии мардум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид ва мардум аз исрофии беҳуда озод гардид, тӯю маъракаҳо низ ба танзим дароварда шуд ва исрофкорӣ аз байн рафт.

Роҳатшо Ҳабибзод,

мудири кафедраи ањодиси набавии Донишкадаи исломии Тоҷикистон

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:31
Пешин12:40
Аср17:47
Шом19:45
Хуфтан21:15
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Муфассалтар