Асосӣ Мақолаҳо НАВРӮЗ БО ҲЕҶ ДИНЕ ИРТИБОТ НАДОРАД

НАВРӮЗ БО ҲЕҶ ДИНЕ ИРТИБОТ НАДОРАД

НАВРӮЗ БО ҲЕҶ ДИНЕ ИРТИБОТ НАДОРАД
2018-03-27
4130

Боди навруз вазидааст, ба куҳу саҳро,

Ҷомаи ид бипушанд, чӣ шоҳу чӣ гадо.

Наврӯз рўзи аввали соли шамсӣ аст, ки бо 21-уми март баробар меояд ва иди соли нав аст. Иди Наврӯз  ин ҷашни оғози баҳор ва соли нави мардуми форсу тоҷик мебошад. Наврӯз дар луғатҳо ба маънои рӯзи нав ва тоза, рӯзи нахустин, аввали рӯзҳои сол, яъне рӯзе, ки соли нав аз он оғоз мегардад, омадааст. Ин ҷашн таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад ва куҳантарин ойини миллӣ  дар ҷаҳон ба шумор меравад. Дар баъзе аз матнҳои куҳан, аз ҷумла «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ, Таърихи Табарӣ, «Ат-тафҳим»,  «Осор-ул-боқия»-и Абӯрайҳони Берунӣ ва «Наврӯзнома»-и  Умари Хайём, шоҳ Ҷамшед ё ин, ки Каюмарс ба унвони поягузори Наврӯз муаррифӣ шудаанд. Падидоварии Наврӯз  дар Шоҳнома ба ин гуна ривоят шудааст, ки Ҷамшед  дастур дод, то дар он ҷо барои ӯ тахте бигузоранд ва худаш бо тоҷи заррин  бар  рӯи тахт бинишаст ва он рӯз рӯзи аввали сари соли нав буд. Бо расидани нури хуршед ба тоҷи заррини ӯ, ҷаҳон нуронӣ шуд ва мардум шодмонӣ карданд ва  он рӯзро Наврӯз номиданд. Шоҳиди ин гуфтаҳо қавли Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ мебошад, ки дар «Шоҳнома»-аш чунин гуфтааст:

Ба Ҷамшед бар гавҳар афроштанд,

Мар он рӯзро Рӯзи нав хонданд.

Сари соли нав Ҳурмузи фарвардин,

Баросуда аз ранҷ рӯи замин.

Наврӯз яке аз  ҷашнҳои қадимтарини мардуми тоҷик ба  ҳисоб меравад. Инчунин ҷашнҳои миллӣ мо тоҷикон аз фавоид холӣ нестанд, чунончи аз ҷашни Сада то Наврӯз панҷоҳ шаб ва панҷоҳ рӯз деҳқонон оташ афрӯхта асбобу олоти кишту корро омода мегардониданд, мисли юғу сипор, оҳани сипор, каланду бел ва дигар олоти киштукори деҳқонӣ, ки бе оташ онҳоро омода кардан имкон надорад. Дар иди Наврӯз бошад, деҳқонон ба кишту кори саҳроӣ мебароянд. Маҳз маҳсули меҳнати деҳқон аст, ки мардум ба хотири ҷамъ ва осоишта умр ба сар мебаранд. Чунон ки шоире гуфтааст:

Ҷаҳонро хуррамӣ аз  деҳқон аст,

Аз  ӯ гаҳ заръ, гоҳе бӯстон аст.

Бояд хотиррасон намоем, ки иди Наврӯз ба ҳеҷ дину оине рабт надорад ва омехта кардани он бо дину оинҳо метавонад боиси сар задани нофаҳмиҳо гардад.

Яке аз анъанаҳои қадимии наврӯзӣ  ин  тозаву озода намудани хонаву кошона,  кӯчаву маҳалла, хиёбону майдонҳои диёр мебошад. Аҷдодони мо бо фарорасии айёми баҳор ба истиқболи Наврӯзи хуҷастапай омодагӣ дида, гирду атрофро обод мекарданд, аз аҳволи калонсолону ятимон,  муҳтоҷону барҷомондагон  хабар мегирифтанд, ки чунин амалҳои хайр барои ҳар яки мо низ лозиму зарур мебошад.

Абдуҷалил Нозимов,

имомхатиби масҷиди ҷомеи ҷамоати

Қалъаи Сурхи ноҳияи Рашт

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:32
Пешин12:40
Аср17:46
Шом19:44
Хуфтан21:14
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Муфассалтар