Асосӣ Мақолаҳо СИЁСАТИ СУЛҲОФАРИНЕ, КИ ТАШНАГИИ ДИЛҲОИ СӮЗОНРО ШИКАСТ

СИЁСАТИ СУЛҲОФАРИНЕ, КИ ТАШНАГИИ ДИЛҲОИ СӮЗОНРО ШИКАСТ

СИЁСАТИ СУЛҲОФАРИНЕ, КИ ТАШНАГИИ ДИЛҲОИ СӮЗОНРО ШИКАСТ
2018-03-29
3415

Осоиши  ду гети  тафсири ин  ду ҳарф аст,

Бо дӯстон муруват, бо душманон  мадоро.

(Ҳофиз)

     Оре  муруват бо  дӯстону  мудоро  бо душманон саодати  дорайн буда  ва  гӯяндаи калом намояндаи тоҷикзабононест, ки аҳли оламро ба баробарҳуқуқӣ даъват намудааст.

Идеяи асосии дини мубини Ислом ҳамин аст, ки агар манфиате ё осудаҳолие  барои худ мехоҳӣ, барои дигарон низ ҳамонро бихоҳ. Ин фармудаи  Худованду Расулаш (с) мебошад.              

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,

Душмани орад ба мардум рӯзи сахт.

Ба юмни ташаббусҳои созандаи Пешвои миллати мо Тоҷикистон обрӯ ва нуфузу эътибори худро дар миқёси байналмилалӣ афзун намуда истодааст. Масъалаҳои глобалии «Об барои ҳаёт», «Об барои  рушди устувор» масоили мубориза  бар зидди маводи  мухаддир  борҳо  аз  минбари СММ бо забони ширини тоҷикӣ изҳор карда шуд. 

Қалби  моро аз муҳаббат сохтанд,

Пок ӯро аз шақоват сохтанд.

Ривоҷи  дӯстии таърихии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон нишонаи сиёсати хирадмандони Пешвои муаззами миллати мо ва иродаи сиёсии роҳбарияти олии кишвари ҳамсоя мебошад, ки ба хотири шод гардонидани рӯҳи Ҷомиву Навоӣ ва таҳкими сулҳу  субот дар манотиқ  ин амали бузургро  анҷом доданд.

Сиёсати некбинонаи сарони  давлатҳои  Тоҷикистон  ва Ӯзбекистон   нишон дод, ки  онҳо  мардони Худоянд ва ҳукми Худоро, ки  «Ҳаққи ҳамсоя воҷиб аст»  дар  асоси  фармудаи Худо  ва  Расулаш  ба ҷой  оварданд. Аз тарафи дигар густариши дӯстӣ равобит ва амнияти  ҳамсоякишварҳоро наздик ва маҷрои зиндагониро гуворотар ва ширинтар месозад. Ин сиёсати сулҳофарини Пешвои миллати мо ташнагии дилҳои сӯзонро шикасту орзуи дидагонро ҷомаи висоли дӯстӣ пўшонд.

Умедворем, ки чунин равобит ҳамеша ба манфиати ду кишвари дӯст ва омили рушду густариши онҳо хоҳад гардид.

Нуриддин  Файзуллоев,

имомхатиби  масҷиди  ҷомеи

ба номи домуло Насирдини

деҳаи  Шулмаки Ҷамоати

деҳоти Боқӣ Раҳимзодаи н. Рашт

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:32
Пешин12:40
Аср17:46
Шом19:44
Хуфтан21:14
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Муфассалтар