Асосӣ Мақолаҳо ҲИКМАТИ ИЗДИВОҶ

ҲИКМАТИ ИЗДИВОҶ

ҲИКМАТИ ИЗДИВОҶ
2018-04-03
2918

Издивоҷ ва бунёди оила ин на танҳо иборат аз ақди никоҳ, хешутаборӣ, таваллуди фарзандон аст, балки он боиси  ба ҳам омадани ду рӯҳ аст, ки дар натиҷаи он қуввае ба вуҷуд омада, сабаби пешравӣ ва пойдории миллатҳо мегардад. Ҳамин баҳамоии рӯҳҳост, ки олами ҳастӣ ранг мегирад ва парастуҳои саодати зиндагӣ ба парвоз меоянд.

Башарият аз ибтидо то ба ин дам барои пойдорӣ чӣ басо иқдомҳо анҷом додааст. Вале муҳимтарини он барои идомаи насли банӣ Одам ҳамин издивоҷ аст, ки сабабгори ба миён омадани қавму миллатҳо ва дар маҷмуъ насли башарият мебошад.

Худованд дар Қуръони карим мефармояд: «Ва аз ҳар чиз ҷуфт офаридем, то шумо пандпазир шавед» (Зориёт. 49).

Ҳамчунин Парвадигор дар ҷойи дигари Қуръони карим доир ба оромиши рӯҳ ва созгории муҳаббату раҳмат миёни ҷонибҳо дар оила мегӯяд:  «Аз нишонаҳои қудрати мост, ки барои Шумо ҷуфтҳо аз ҷинси худатон офаридем ва миёнатон муҳаббату раҳмат эҷод намудем, ки дар ин далоили қудрати мост, барои касоне, ки тафаккур доранд» (Рум. 21)

Бешак дар ин нишонаҳост, барои дарк намуданди фалсафаи издивоҷ, ки Худованд ба он ишора мекунад. Ҳар нафаре, ки ба фазли Ӯ аз ин ҳикмат огоҳ мегардад, бешубҳа дар зиндагӣ содатманд мебошад.

Инсоният тӯли мавҷудияти хеш барои муҳофизат аз таъсироти гармӣ ва сардӣ, ҳамчунин ба хотири зинат ва ороиш либосу пӯшишро кашф намуд. Худованди Маннон зану шавҳарро барои якдигар либосу пӯшиш номида фармуда аст:

«Занҳо либоси шумо ва шумо либоси ононед» (Бақара, 187)

Ҳамин аст, ки ин ду ҳамеша ба ҳамдигар эҳтиёҷ доранд, сабаби оромиши рӯҳи ҳамдигар мегарданд.

Албатта давраи издивоҷ муҳимият ва шартҳои ба худ хос дорад. Барои самаранокии ин даврон аз оғози он омодагӣ бояд гирифт. Вазифаи падару модар аст, ки қабл аз ҳама навҷавононро барои ин омода намоянд. Риояти шартҳо барои тарафайн боиси саодат дар оила мегардад, ки мақсади аслӣ аст.

Паёмбари акрам (с) заҳмати зан даруни хонаашро, ки аз пушти хидмати шавҳар ва тарбияи солими фарзандонаш мекашад, бо набард дар майдони ҷанге, ки барои ҳимояи Ватан ва сарбаландии дину умматаш аст, баробар намудаанд.

Зани хубу бомаърифат ба монанди чароғе бошад, ки ба хона ва атрофашро нур мебахшад ва дӯстдориву муҳаббати шавҳару эҳтирому виқор ба худ касб менамояд.

Мард низ бо табиати хоси худ дар ҳифзу нигаҳдошти оила ва таъмини ҳамаҷонибаи он масъул аст.

Барои муҳайё гаштани саодат бошад, дини Ислом вазифаҳое дар ҳар ҷуфт муайян намудааст, ки ҳарду ҷониб агар хоҳанд хушбахтиву лаззати ҳаётро бичашанд, мебояд дар он вазоиф кӯтоҳӣ надошта бошанд.

Дини мубини Ислом барои зан низ чизҳоеро арзишҳои аслӣ,  зинати асосӣ ва ҳам кафили устувориву бардавомии хушбахтӣ муаррифӣ намудааст, ки саодатмандии ҳар оила ба мавҷуд будани он авсофи занона вобаста аст.

Дар адабиёти саҳеҳи динии мо омада, ки зан барои хушбахтиаш мебояд сароғоз дини комил, ақлу хиради кофӣ ва кирдору ахлоқи нек дошта бошаду аз ҳама муҳим бояд дар тарбияи фарзандон чун меваи умр кӯтоҳӣ надошта бошад.

Аз ин фалсафаву ҳикматҳо ва ин хубиву манофеъ пайдост, ки Ислом бар издивоҷ тарғиб намуда, барои саодати ҳар афродаш ҳидояту раҳнамоиҳо дорад.

Мансур Назаров,

сармутахассиси Кумита

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:32
Пешин12:40
Аср17:46
Шом19:44
Хуфтан21:14
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Муфассалтар