Аз фитнаҳои тэт ҳнит

Пӯшида нест, ки тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ чӣ дар минтақа ва чӣ дар миқёси ҷаҳон барои мавҷудияти кишварҳо хатарҳои ҷиддӣ эҷод намуда, садди роҳи рушди босуботи ҷомеаҳо мегардад. Ҳамин аст, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар аз ҷумла таъкид намуданд: “Терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд”.
Мусаллам аст, ки фазо ва муҳити муосири глобалӣ рӯз ба рӯз вазъи куллии сиёсию иҷтимоии қисмати зиёди мамолики Шарқи мусулмониро бар асари ҷаҳолат ноҳамвор сохтааст. Дар ҳақиқат тавассути ВАО маълум мегардад, ки мутаассифона, зуҳури гурӯҳҳои ифротӣ ва амалҳои террористӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ зиёд гардидааст.
Тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгарову созмонҳои террористӣ ҳамчун як хатари бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, имрӯз амнияту суботи аксари кишварҳои мусулмоннишинро зери таҳдиди ҷиддӣ қарор додаанд. Таҳдиди ин зуҳуроти номатлуб аз сатҳи минтақавӣ боло рафта, хусусияти глобалӣ ё умумиҷаҳонӣ касб кардааст. Ин гурӯҳҳои ифротгаро бештар тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавононро ба худ ҷалб карда, ҳаёти онҳоро барҳам мезананд. Бинобар ин, дар шароити пешомада, танҳо сафарбарсозии тамоми имкониятҳои моддиву маънавӣ ва ба роҳ мондани набарди умумимиллӣ метавонад, ҳамчун мубориза бо ин тафаккур бошад.
Раванди ба гурӯҳҳои ифротӣ пайваст шудани ҷавонон дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон нишон медиҳад, ки насли нави ифротгароён ва хусусан пайравони гурӯҳи экстремистиву террористии ба ном «Давлати исломӣ» ва ТЭТ ҲНИТ бо роҳҳои наву пуртаъсир таблиғу ташвиқ намуда, андешаҳои худро дар байни ҷавонон ба роҳ мондаанд. Бояд қайд намуд, ки ҳамин равиши таблиғотии содаву таъсирнок ва истифодаи васеъ аз воситаҳои муосири иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз омилҳои шомил шудани бештари ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ба шумор меравад. Ҷавонон бояд аз даъватҳои фитнаангезонаи ин ташкилоту созмонҳо ҳамеша эҳтиёт намоянд ва фирефтаи даъватҳои бардурӯғи онҳо нагарданд.
Агар вазъияти кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус кишварҳои муслумонии Шарқро, ки ғарқи гирдоби терроризму экстремизм гардидааст, хуб назар кунем, мебинем, ки «афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта, ба вусъатёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои террористиву экстремистӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд».
Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат, аст ки аз минбари баланди СММ баён карда буданд, «террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад».
Лозим ба ёдоварӣ аст, ки мардуми шарифи кишвар чӣ будани ҷангу низоъ ва даргириҳои қавмию гурӯҳӣ ва мазҳабиро дар ибтидои солҳои навадуми асри бист хуб дарк кардааст ва аз нӯшобаи заҳрогини дурӯғ, дасиса, найранг, ҳилабозӣ, кинатӯзӣ, фурсатталабӣ, авомфиребии ТЭТ ҲНИТ бехабарона нӯш карда, то имрӯз таъсири бади он боқӣ мондааст.
Шаҳрвандони нисбатан солдидаи кишвар хуб дар ёд доранд, ки оғози солҳои навадум ба хотири ақида ва мафкураи бегона бародар гулӯи бародарро дарид ва бар асари низоъҳои бемаънӣ ва даргириҳои гӯшношунид зарарҳои зиёди моддиву маънавӣ дидем. Ин имтиҳони шадиди таърих барои ҳазорсолаҳо ба миллату фарҳанги мо басанда аст ва аз касофатзадагии сарони ТЭТ ҲНИТ ва тарроҳону дастандаркорони он ҷанги хонамонсӯз, ки ҳазорон ҳазор нафарро ба хун оғӯшта, бехонаву дар, ятиму бепарастор ва маъюб сохт.
Насли миёнсол ва солманд хуб дар хотир доранд, ки муҳаррикони асосии ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои 1991 дар ҷумҳурӣ маҳз роҳбарону пайравони ТЭТ ҲНИТ бо ёрии хоҷагони хориҷии худ буданд.
Бозичаи дасти бозигарони бузурги минтақавӣ будани ТЭТ ҲНИТ имрӯз аз чашми ақли солим пинҳон нест. Маълум аст, ки сарпарастони лоиҳаи ТЭТ ҲНИТ чӣ мехоҳанд: шӯрангезӣ, ҷангандозӣ, тафриқаандозӣ ва ғайра...
Ба хотири сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ тамоми ҷиноёти то соли 1997 аз ҷониби ТЭТ ҲНИТ ва аъзоёни он бавуқуъпайвастаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшид ва ин ҳизбро дубора ба таври расмӣ иҷозати фаъолият дод. Бояд тазаккур дод, ки дар миқёси фазои пасошӯравӣ собиқ ҲНИТ ягона ҳизби сиёсии диние буд, ки озодона дар қаламрави ҷумҳурӣ фаъолият мекард ва аз ин имтиёз сӯистифода намуда, ахиран ибтидои сентябри соли 2015 даст ба исёни сиёсию низомӣ дар қолаби амалкарди Абдуҳалим Назарзода зад, ки паёмади он ба ҳама маълум аст. Пас аз амалиёти Назарзода якчанд саркардагони наҳзатӣ, ки дар исёни сиёсӣ-низомӣ бевосита ё бавосита даст доштанд, аз сӯи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ боздошт шуданд.
Қатлу ғорати солҳои навадуми асри бист басанда набуд, ки ТЭТ ҲНИТ ба «иқдом»-и навбатӣ – омода кардани кудатои сиёсӣ-низомӣ даст зада, дар фазои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва мадании ҷумҳурӣ батамом шарманда шуд. Амалҳои террористии содирнамудаи сарони ин ҳизб ошкор шуд ва сабаби баста шудани ин ҳизб гардиданд.
Вале сарони ин ҳизб махсусан Кабирӣ мардумро бо роҳи дурӯғу фиреб алайҳи давлату миллат шӯронид ва онҳоро дар нимароҳ монда худ фирор кард ва акнун дар хориҷи кишвар аз қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ пӯшиши молиявӣ гирифта, мехоҳад боз фазои кишварро буғранҷ кунад ва ҳамчун як муҳра бар манфиатҳои бегонагон хизмат намояд.
Кабирӣ бо даъвоҳои дурӯғини худ ба ҳар роҳу восита мехоҳад хешро аз қабзаи террорист будану ба ҷиноят даст задан орӣ нишон диҳад. Мо мутмаинем, ки дер ё зуд Муҳиддин Кабирӣ аз аъмоли террористиаш, ки боиси марги чандин нафар гардиданаш дар назди Қонун ва миллати тоҷик ҷавоб хоҳад гуфт.
Мутаассифона, тарафдорони ТЭТ ҲНИТ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ баромад карда мехоҳанд, андешаи солими ҷавононро вайрон кунанд. Онҳо чун курдилон дастовардҳои кишвари азизамонро нодида гирифта, пайваста тавассути шабакаҳои интернетӣ ба танқиду таҳқир даст мезананд. Аз ҳамаи устодон, сарпарастону ҷавонон хоҳиш карда мешавад, ки фирефтаи дасисаҳову иғвоҳои тамоми гуруҳҳои ифротиву террористи махсусан ТЭТ ҲНИТ нагарданд ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Роҷеъ ба ҳимоят аз арзишҳову дастовардаҳои кишвар бетарафӣ зоҳир накунанд ва дар тарбияи ватандӯстии донишҷӯён камари ҳиммат бандад.
Х. Матинов
мудири шуъбаи ҷавонони Донишкадаи исломии Тоҷикистон
Суханронии Президент
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
Муфассалтар