Асосӣ Мақолаҳо Ташаббуси созандаи пешвои миллат амалӣ мешавад

Ташаббуси созандаи пешвои миллат амалӣ мешавад

Ташаббуси созандаи пешвои миллат амалӣ мешавад
2018-04-26
3176

Ҳар соле ба худ файзу барор дорад. Ҳикмат он аст, ки ҳамасола дар ҳар як Паёми худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси судмандеро роҳандозӣ менамоянд. Инак имсол «Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шуд. Баробари унвон гардидани чунин соли пурфайз ҳамаи табақаи ҷомеаро лозим аст, ки бо пуштибонӣ аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар амал чораандешӣ намоянд. Дар заминаи талошу заҳматҳои Президенти кишварамон давоми 26 соли соҳибистиқлолиамон мардуму халқиятҳои зиёд моро ба некӣ шинохтанд ва донистанд, ки тоҷикон соҳибтаъриху соҳибтамаддун буда, дар кишвари ободу биҳиштосо умр ба сар мебаранд. Манзараҳои зебо ва дилкаши Тоҷикистон, расму оин ва хислати меҳмондӯстиамон таваҷҷуҳи хориҷиёнро ҷалб менамояд. Ва ҳамин аст, ки марҳила ба марҳила баробари ободу зебо гардидани ватанамон ташрифи сайёҳон меафзояд. Ноҳияҳои дурдасти вилояти Хатлон, ба монанди Муъминободу Балҷувон, Шаҳритузу Носири Хусрав ва маркази вилоят шаҳри Бохтар, ки мавзеҳои таърихиву сайёҳӣ доранд, барои ҳар як сайёҳ писанд аст. Инак, бо назардошти ин мавзӯъ, мо сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят кӯшиш менамоем, ки пеш аз ҳама ба масъалаи ободу зебо ва тозагии муҳити зист таваҷҷуҳ дошта, баҳри ҷалби сайёҳон мавзеъҳои таърихиро омода созем.

Дар яке аз ҳадисҳои ҳикматбори Пайғамбари Худо зикр шудааст, ки «Сафар кунед, саломат мешавед». Албатта мазмуни ҳадис баланд аст, чунки сафар намудан барои инсон пурманфиат буда, дар рушди ҷаҳонбинии  ӯ таъсири мусбат мерасонад. Дар баробари ин, мушоҳидаи манзараҳои дилфиреби табиат, шиносоӣ бо фарҳанг, урфу одат, касбу ҳунар ва амсоли он бохабар мешавем. Ин омилҳо боиси дуруст дарк намудани масъалаҳои сиёсивуи иҷтимоӣ, мавқеи шаҳрвандӣ ва густариши робитаҳои маънавӣ, дӯстӣ мегарданд. Ба ин мазмун ҳадиси дигаре  низ мавҷуд аст: «Сафар кунед, саломат мешавед ва аз ризқ баҳравар мегардед». Дарвоқеъ, баъд аз сафар инсон дар вуҷуди худ солимиро бештар эҳсос мекунад, ки инро дар асри кунунӣ олимони соҳаи тиб низ муайян кардаанд. Мо борҳо мушоҳида мекунем, ки баъзе аз беморон ҳангоми иваз намудани ҷойи зист, муҳити атроф ва зебогиҳои оламро дарк намудан шифо меёбанд. Сафар намудан ба кишварҳои гуногун ва шинос шудан бо тарзи омода намудани маҳсулоти гуногуни дар рӯзгор муҳим ва ҷорӣ намудани он дар кишвар боиси беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ мегардад. Ин ҳадафҳоро мо дар тамоми суханрониҳои Пешвои миллат низ мешунавем.

Худованд ҳар кишварро бо иқлиму обу ҳаво ва табиати хос офаридааст, ки аз ин неъмати бебаҳо мо низ бархӯрдорем. Бо ҳукмфармоии чор фасли сол табиати мо аз тағйирёбии боду ҳаво ба худ зебогиеро касб намуда, ба ин васила нозу неъмати дастархони мо аз заҳмати кишоварзон боз хам ғанӣ мегардад. Хулосаи ин ҳама гуфтаҳо он аст, ки барои миллати мо соҳаи сайёҳӣ як навъ василаи муаррифии кишвар ва манбаи хуби даромад хоҳад буд.

Бароталӣ Ҳошимов,

имомхатиби масҷиди ҷомеи

ҷамоати деҳоти «Сарвати Истиқлол»-и

ноҳияи Кӯшониён

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:33
Пешин12:40
Аср17:45
Шом19:44
Хуфтан21:14
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Муфассалтар