Асосӣ Мақолаҳо Хизматҳои таърихии Пешвои миллат

Хизматҳои таърихии Пешвои миллат

Хизматҳои таърихии Пешвои миллат
2018-05-02
4236

То вақте, ки як фарди миллат дур аз ватан ва дар ғурбат қарор дорад, ман худро орому хотирҷамъ намеҳисобам (Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон). 

Дар ҳар давру замон барои рушду пешрафти ҳар миллат фарзандони барӯманду фарзонааш нақши мондагоре аз хеш боқӣ мегузоранд. Эмомалӣ Раҳмон чун шахсияти барҷаста вақте ба майдони сиёсат ворид шуд, ки миллати тоҷик парешон ва кишвар дар вартаи ҳалокат қарор дошт.  Паёми  нахустини  мавсуф аз Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки 19-  уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд барпо гардида буд, сарҷамъсозии миллат ва берун овардани Тоҷикистон аз ҷанги шаҳрвандӣ буд.

       Мардуми кишварамон  суханони таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки гуфта буд: «То вақте, ки як фарди миллат дур аз Ватан ва дар ғурбат қарор дорад, ман худро орому хотирҷамъ намеҳисобам» хуб дар хотир доранд.

     Солҳои 1993-1996 муҳоҷирони иҷборӣ, ки бар асари муноқишаҳо Афғонистону кишварҳои пасошӯравӣ ба cap мебурданд, пурра ба марзу буми  аҷдодӣ  баргаштанд  ва шахсан бо кӯмаки бевоситаи  Роҳбари давлат бо мақсади обод гардонидани  хисороти ҷанги шаҳрвандӣ маблағҳои  зиёде  ҷудо намуданд.

       Билохира  27 июни соли 1997  имзои Созишномаи  Сулҳи тоҷикон дар шаҳри Маскав ба вуқуъ пайваст. Ин натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Роҳбарияти мухолифини тоҷик ба хотири қатъи оташи  ҷанги бародаркуш бо ҳукумат пайваст, барои барқарории харобаҳои ҷанг ва рушду иқтисоди миллат гомҳои боварибахшу устувор гузошта шуд.|

      Бояд хотиррасон кард, ки Тоҷикистон бо ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуда аз империяи бузурги собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мероси ночизе гирифт, ҷанг беш аз сад миллион долларро ташкил дод, бештар аз 120 ҳазор одамон ҷонҳои ширини хешро аз даст дода, иқтисод ва буҷети мамлакат ба сифр баробар шуда буд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути сиёсати сулҳофару созанда ва дарҳои кушод таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба Тоҷикистон ҷалб сохт. Эълони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси кишвари демократӣ, дунявӣ ва ягона имкон дод, ки сиёсати дохилию берунии мамлакатро таҳти раҳнамоии ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аксар кишварҳои абарқудрату нерӯманд лаббайк гӯянд.

     Дар баробари муваффақиятҳои бадастомада мушкилотҳои мавҷуда низ сол то сол аз байн рафта, сокинони Тоҷикистон дар атрофи Президенти интихобкардаи хеш Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам муттаҳидтар гашта, барои шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол фидокоронаю аз сидқи дил заҳмат мекашанд. Хуб медонанд, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон чун шахсияти барҷастаю эътирофшудаи сиёсии ҷаҳонӣ баъди пирӯзӣ дар интихоботи навбатии президентии соли 2013, ҳангоми савгандёдкунӣ, бори дигар иброз дошт, ки ӯ барои шукуфоию сарсабзии Ватани соҳибистиқлоламон ҷоннисорӣ хоҳад кард. Бале, ӯ яке аз фарзандони сарсупурда, шуҷоу далер ва Қаҳрамони Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Миллати мо барҳақ бо фарзанди абарқудрати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлат аст, ифтихор мекунад.

     Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун мунодии сулҳу ваҳдат ва бунёдкорӣ, халқу миллат ва ватанашро чун фарзандонаш аз дилу ҷон дӯст медорад. Баҳри беҳбудии некӯаҳволии халқ ва ободии Ватани азизаш ҷонашро фидо мекунад. Ҳамеша дастгири бечорагону бенавоён, камбизоатону ятимон ва дармондагон мебошад. Аз ин ҷост, ки ӯро халқ дӯст медорад ва чун Роҳбари давлат эътироф мекунад.

    Тӯли зиёда аз бисту  ҳафт соли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлат будани мавсуф кишварамон рушд ёфта, симояшро ба куллӣ дигар намуд. Аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфтем. Садҳо корхонаю муассисаҳои истеҳсолӣ бунёд гардиданд. Пулу нақбҳо ва роҳҳои ҳамвор чор тарафи ватанамонро ба ҳам пайвастанд. Рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ овард, ки ин ҳама шаҳодати соҳибназарӣ, ақли гиро ва заковати худододаи ӯст.  

Аз ин рӯ миллати тоҷик Пешвои миллатро ҳамчун қаҳрамони Тоҷикистон эътироф намуда, хизматҳои шоистаи ӯро қадр менамоянд.

Диловар Сафаров,

мутахассиси пешбари Кумитаи дин

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:33
Пешин12:40
Аср17:45
Шом19:44
Хуфтан21:14
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Муфассалтар