Асосӣ Мақолаҳо Истиқбол аз дастурҳои Пешвои миллат

Истиқбол аз дастурҳои Пешвои миллат

Истиқбол аз дастурҳои Пешвои миллат
2018-05-25
3190

«Сиёсӣ намудани дини мубини ислом ва ба номи он анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ имрӯз ба як зуҳуроти бисёр нангин ва ташвишовар мубаддал гардидааст. Имрӯз ҳазорҳо нафар мардуми мусулмон бинобар ноамнии диёрашон хонаву ватани худро тарк карда, дар орзуи як гӯшаи ором ҷони худро дар роҳҳо, сарҳади давлатҳои дигар ва баҳрҳо аз даст медиҳанд».

Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон иброз намуданд.

Дар охири қарни 20 ва ибтидои асри 21 инсоният ба хатари ҷиддие мисли ифратгароӣ ва терроризм рӯбарӯ шуд, ки ба бақои одаму олам таҳдид мекунад.

Имрӯз масъалаи «муносибати ислом ба терроризм» масъалаи актуалӣ буда, ба худ муносибати ҷиддиро талаб мекунад. Оид ба ин масъала ақидаю гуфтугузорҳои зиёде баён гашт. Ташхиси ин ақидаҳо исботи он аст, ки «терроризм» эҷоди шуур буда, берун аз ислом аст.

Шуури халқии исломӣ мусалмононро аз терроризм ва ифротгароӣ ҳифз менамояд. Мафҳуми «ислом» аз калимаи арабӣ «салом» реша гирифта маънояш «сулҳ» мебошад. Дар ислом ҳаёт ва озодии инсон муқаддасанд.

Асос ва моҳияти исломро нияти неки муслимин ташкил медиҳад. Имрӯз тамоми мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол талош бар он доранд, ки дар роҳи таҳкими истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар чи бештар саҳм гузоранд. Аммо баъзе нохалафон чунин пешравӣ ва шукуфоии мамлакати азизамонро ин ҳамаро дида наметавонанд ва ҳаддалимкон кӯшиш доранд, ки онро халалдор созанд.

Бояд ёдовар шуд, ки роҳбари собиқ Ҳизби наҳзати ислом олими беамал Муҳиддин Кабирӣ, ки барои ин Ватан ягон кори хайре накардааст, боз мехоҳад ба сари ин миллати ҷафодида нохушиҳо биёрад, зеро ба гуфтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ ин аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ин зуҳуроти фалокатвор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла ба дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ, содир карда мешавад. Аз ин рӯ, маърифату таъриху дину мазҳаби худ ба ҷомеаи мо, махсусан ҷавонону донишҷӯён, ки меросбари фарҳанги гузаштагон ҳастанд, дар чунин шароиту вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон ҳатмист.

Гуфтан бамаврид аст, ки яке аз сабабҳои шомил гардидани ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав огоҳии комил надоштани онҳо аз моҳият ва таълимоти ахлоқиву фикрии дини мубини ислом, хусусан мазҳаби ҳанафӣ ба шумор меравад, ки онро гурӯҳҳои ифротгаро ба манфиати худ истифода бурда истодаанд. Аз ин рӯ мо бояд ба қадри осудагӣ расем, соҳибистиқлолии ватанамонро дӯст дорем ва дар пешрафти он саҳми худро гузорем.

Пешвои миллат дар мулоқоти худ бо намояндагони аҳли ҷомеа вобаста ба тарбияи насли наврас дар роҳи хештаншиносию ватандӯстӣ, бунёди муассисаҳои муосири таълимӣ, китобхонаву ҳаммомҳо, сартарошхонаву кошонаи ҳусн, боғу гулгаштҳо ва ҷойҳои сайру истироҳати оммавӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳҳои дӯзандагӣ, истеҳсоли маснуоти ҳунарҳои мардумӣ дар ҳар як ҷамоату деҳоти кишвар, бо оби босифат ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии деҳаҳо, таъмири роҳи байни деҳаҳо, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастуру супоришҳо доданд, ки воқеан боиси дастгирист. Мо ходимони дин низ ин супоришҳои Пешвои миллатро саривақтӣ меҳисобем ва баҳри амалӣ гардидани он онҳо дар байни аҳолӣ корҳои ташвиқотию тарғиботӣ анҷом медиҳем.

Ҳар як суханронии Пешвои миллат моҳиятан барои шукуфоии давлату миллат равона гардидааст. Чунонки Пешвои миллат қайд намуданд: «Тавре мушоҳида мекунем, дар арафаи иду айём, алалхусус, идҳои Рамазону Қурбон баъзе ҳамватанони мо барои оростани дастурхони намоишкоронаи идона аз бозору мағозаҳо маҳсулотро чунон зиёд мехаранд, ки гӯё фардо дунё ба охир мерасида бошад. Такроран таъкид месозам, ки чунин рафтор ғайр аз зоҳирпарастӣ, зиёдравӣ ва исроф чизи дигаре нест. Чунин шахсон бояд донанд, ки ба андозаи зарурат муҳайё кардани маводи ғизоӣ, худдорӣ кардан аз исрофкорӣ ва оростани дастурхони камхарҷи маънавӣ барои аҳли хонаводаву хешу табору ҳамсояву дӯстон савобу манфиати зиёд доранд». Ин таъкидҳои Пешвои миллат ҳамагӣ қобили қабул буда, барои ҷомеа нафъи зиёд дорад.

Мо ходимони дин баъд аз иштирок ва шунидани андешаҳои хирадмандонаи Пешвои миллат дар масъали пешгирии ҷиноятҳо, аз ҷумла масъалаи шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ бояд бетараф набошем, ба қадри тавон пеши роҳи ҷинояткориро гирем. Бояд ҷавононро ба роҳи дуруст, ақидаи солим илму маърифат ва меҳнати ҳалол даъват кунем.

Абдулҳақ Обидов,

сархатиби ноҳияи Шоҳмансур

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:33
Пешин12:40
Аср17:44
Шом19:43
Хуфтан21:13
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Муфассалтар