Асосӣ Мақолаҳо Дастгирӣ аз пешниҳодҳои пешвои миллат

Дастгирӣ аз пешниҳодҳои пешвои миллат

Дастгирӣ аз пешниҳодҳои пешвои миллат
2018-06-01
3328

Рӯзи 12  майи соли  2018 дар арафаи  фарорасии  моҳи  шарифи  рамазон  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ  -Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  дар  Кохи Борбади  шаҳри  Душанбе  бо  масъулини  мақомоти  марказӣ ва  маҳалии  ҳокимияти  давлатӣ, намояндагони  фаъоли  соҳаҳои  иҷтимоӣ,  олимон,  зиёиёни  эҷодкор,  ходимони  дин  мулоқот  баргузор  намуданд.          

Ҷаноби  олӣ  дар   мавзуъҳои мубрами  рӯз  аз   қабили  терроризм  ва ифротгароӣ,  шомил  шудан  ба  ҳизбу  ҷараёнҳои ифротии ба  ном  динӣ,  пешгирӣ аз бемории   ВИЧ – СПИД ва дигар  масоили  доғи  рӯз   бо  шарҳи  равшан   ибрози андеша сурат гирифт. Пешвои миллат хеле бамаврид таъкид доштанд, ки  дар ҳоле ки   ҷаҳон  аз  назари  мушоҳида  ноором  аст,  мебояд  баҳри  таҳкими  ваҳдати  мардум,  дифоъ  аз  арзишҳои  миллӣ, раҳнамоӣ намудани  ҷавонон  ба  таълими   фарогир ва умуман андешаи  солим  чораҳои бетаъхир андешем.

Пешниҳоди  бунёди  мактабу   китобхона, бунгоҳҳои  тиббӣ,  ҳамому  сартарошхонаҳо ё ба   маҳалҳо  овардани  оби   ошомиданӣ ва  дигар   анвои садақоти   ҷория,  хусусан  дар  ин  моҳи   муборак,  ки  моҳи   иҷобати   дуо  ва  ҷамъи  савобу   хайрот   барои  ояндаи   пурсаодат   мебошад, аз ҳар ҷиҳат қобили достгирии мост.

Аз   мулоқоти   пурмуҳтавои   Пешвои    миллат   дар  арафаи  фарорасии   моҳи  шарифи  Рамазон,  ки  саросар  саршори  муҳаббати   ватандорӣ ва  ғамхории  миллати  тоҷику  фарҳанги  тоҷикӣ  буд,  илҳоми  масъулият  дар  саҳмгузорӣ нисбат  ба  Ватан   дар   дили  ҳар  як   шунаванда  ҷӯш  мезад.

Баҳри  расидан ба ҳадафҳои волое, ки Пешвои миллат дар мулоқоти худ баён доштанд, мо  ходимони  дин  низ дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа кӯшиш  мекунем, то  сулҳи   пойдору   амнияти    мардум   ва  ҳифозати   Ватанро   аз  хавфу  хатарҳои  иттилоотӣ  ва  диниву мазҳабӣ   тариқи  суҳбату   нишастҳову   ҳамоишҳо   дар   муссисаҳои   таълимӣ,    масҷидҳои   хурду   калони   расмӣ   баррасӣ  намоем.

Б.  Раҳимзода,

имомхатиби масҷиди ҷомеи н. Рашт

 

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:33
Пешин12:40
Аср17:44
Шом19:43
Хуфтан21:13
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Муфассалтар