Носипосӣ заволи неъмат
Инсони солиму солеҳро таҷрибаи рӯзгор, баландиву пастиҳои зиндагӣ, хатогии дигарон дарси ибрати бузурге мегардад ва инсони комил аз хатогии дигарон барои худ сабақи зиндагӣ мегирад ва дар ислоҳи камбудии гузашта мекӯшад, вале афсӯс аъзоёни ТЭТ ҲНИ аз ин дур рафта ва барояшон ягон муқаддасот боқӣ намондааст. Даст ба қатл заданд, миллат ва мазҳаби худро фурӯхтанд ва душмани халқу миллат гардида, барои насли оянда ва барои фарзандони худ доғеро гузоштанд, ки шустани он хеле ва хеле душвор ва ё чунончи гӯянд амри маҳол аст. Пас аз баста шудани сулҳ аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон бо Иттиҳоди неруҳои мухолифин, аъзоёни ИНОТ соҳиби мансаб гардиданд ва ҳатто “генерали мардумӣ” – Қиёмиддини Ғозӣ соҳиби мукофоти давлатӣ шуда буд, аммо ният ва мақсаду ҳадаф нопок, ки буд, Худованди мутаъоли аз ғарази онҳо бохабар аст онҳоро ба ҳоли худашон гузошт ва дар натиҷа роҳгум зада, равияи ботилро пайравӣ намуданд ва дар охир “генерали мардумӣ” маҳбасӣ шуд ва ин барои дигар аъзоён бояд намунаи ибрат мегардид, аммо афсӯс...
Ва боз... Баъди нобарории табаддулот як қисми аъзоёни ТЭТ ҲНИ ба муҳлатҳои дароз зиндонӣ шуданд ва ҳатто ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуданд, боқимонда фирорӣ шуданду дур аз ватан дар мулки ғарибӣ зиндагиро ихтиёр намуданд ва ҳамаи ин боз дарс нашуд, ки имрӯзҳо ниҳоят ошкоро дар шабакаҳои интернетӣ бо тамоми қувва даст ба заҳролудкунии афкори ҷавонон ва ҷудоиандозӣ мезананд ва ҷавононро бо ҳар роҳу восита ба шиашавӣ даъват мекунанд ва санги маломат ба сари миллат мезананд ва барои пулу моли дунёро ба даст овардан ҳамаро сарфи назар мекунанд ва аз ягон чӣ рӯй намегардонанд. Наход пул ҳамин қадар ширину боло бошад, ки дар муқобили он мазҳаб, давлату мардуми он ва аз ҳама асос ақидаи солиму солиҳро як сӯ гузошта, аз дунболи ақидаи ботил рафта истодаанд.
Ҳамаи раҳбарон ва аъзоёни ТЭТ ҲНИ марҳилаи то замони истиқлолиятро хеле нек дар хотир доранд, ки мардуми мо дар хонаҳои худ дарвозаро қулф зада намози таровиҳ мегузоштанд ва ё бобоёни мо ба умеди зиёрати хонаи Худо дунёро бо ҳасрат тарк намуданд. Пас аз ба даст овардани истиқлолият ҳаёт маҷрои дигар гирифт. Неъмати бебаҳои истиқлолият, ки ба сабаби он дарҳои ҳазорҳо масҷид кушода, дар як муддати муайян садҳо ҳазор зоирон хонаи Худоро зиёрат карданд, садҳо ҳазор Қуръон ба забони тоҷикӣ тарҷума шуда ройгон дастрасӣ ҳамагон шуд ва ҳазорҳо-ҳазор тарҷумаи китобҳои мазҳабӣ ва дигар неъматҳои фаровоне, ки ба шарофати истиқлолият насиби миллати тоҷику тоҷикистониён гардид, имрӯз вақти он расидааст, ки ба фазои ороми кишвар шукргузорӣ намуда, дар атрофи Пешвои миллат сарҷамъ бошем ва чун як тан Ватанро обод кунем, тоҷи миллати тоҷикро боз ҳам дурахшандатар намоем ва бояд донем, ки баракоти махсуси илоҳӣ дар муттаҳидӣ буда, носипосӣ сабаби аз даст рафтани ин ҳама неъматҳои бебаҳо мебошад.
Суханони воизони шиагаро ва роҳгумзанандаи ҷавононро мебинему қиссаи вохӯрии марде бо шайтон ба хотир меояд:Марде бо нияти гузоридани намоз машғули таҳораткунӣ мешавад, ки ин ҳангом шайтон дар симои марди фозиле меояду аз мақсади мард пурсон мешавад. Дар ҷавоб мард мегӯяд, ки таҳорат мегирад ва мехоҳад намоз гузорад, амри Худоро ба ҷо оварад. Шайтон мегӯяд, ки ту чӣ хел мусалмонӣ? Фармони Худоро тарк мекунӣ? Оё намедонӣ Худованд дар каломаш чӣ мефармояд? “Эй муъминон, эй он нафароне, ки ба Худои ягона имон овардаед ба намоз надикӣ накунед....(давоми оят:Агар шумо сархуш бошед(ҷузъе аз ояти 43-и сураи Нисо)”.
Ман ба умедам, ки чун ҳар нафаре чанд сатре дар ин боб рӯи қоғаз меоварад, дар охир барои огаҳ кардани ҷавонон аст, то душманони миллатро шиносанд ва аз қафои ақида ва равияҳои ботил нараванд, ҳақро шиносанд ва ба воситаи ҳақ мардони ҳақро шиносанд ва албатта дар ин асос пирӯзӣ ва саодатманиву сарбаландӣ ва некиҳои дорайн насиб аст.
Нурулло Ҳидоятов,
имоми масҷиди Тезгузари ш. Конибодом
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар