Асосӣ Мақолаҳо Талошҳои бесамар ва барҳадар

Талошҳои бесамар ва барҳадар

Талошҳои бесамар ва барҳадар
2018-07-26
2326

Чанд андешае роҷеъ ба мусоҳибаи Қамар Нурулҳақов бо Агентии «Ховар»

Бо вуҷуди ҳизби тундгарову зиддимиллӣ эътироф шудани ҲНИ, ба ҷуз Эрону чанд сарпарасти дигар такягоҳ надоштанашон роҳбарони фирории ин созмони манъшуда дар хориҷи мамлакат охирин неруяшонро гӯё барои эҳё шудан ҷамъ мекунанд. Маълум аст, ки шахси дар варта қарордошта аз ҳама воситаҳо истифода мекунад. Аз ҷумла роҳбари гурезаву дарбадари ҲНИ – Кабирӣ низ дар хориҷа мехоҳад аз ҳама усулу воситаҳои дастрас истифода карда, дар мафкураи мардуми ҷаҳон он фикрро талқин кунад, ки гӯё онҳо гуноҳе надоранд ва ҳизбаш низ ҷурме надорад. Бо ҳамин мақсад онҳо дар шаҳри Дортмунди Олмон нишасте доир намуда, кӯшиши таъсиси эътилофи наверо кардаанд.

Баъди мутолиаи мусоҳибаи мутахассиси Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа Қамар Нурулҳақов ба Агентии «Ховар» кас ба хулосае меояд, ки Муҳиддин Кабирӣ барои ёфтани такягоҳ тайёр аст, ки дигар аз вожаҳои «ислом» ва «наҳзат» даст бикашад.  Қамар Нурулҳақов дуруст мегӯяд, ки «ин маънои онро дорад, ки «муқтазои табиат»-и Кабирӣ чунин аст: ҳадафи асосии ӯ қудрат ва ҷоҳу ҷалол аст ва дар роҳи расидан ба ин ҳарду тайёр аст  супориши дилхоҳ хоҷагони аҷнабияшро ба ҷо биёрад ва на танҳо аз халқу Ватани худ, балки аз дину мазҳаб низ рӯ гардонад».

То ин дам Кабирӣ бо ҳизбаш, ки номи «наҳзати исломӣ»-ро дошт, ифтихор мекард, акнун, ки дар ҷомеаи байналмилалӣ кирдорҳои ғайриқонунӣ ва ба табаддулоти як кишвари ҳуқуқбунёд даст доштани ҳизбаш ошкор шуд, дигар намехоҳад, ки худро бо ин номҳо пойбанд гардонад. Ҳадафаш маълум, созмоне бошад, ки на ном, балки амалу нияташ барои афкору пиёда сохтани мақсадҳои ғаразнокаш мувофиқ бошад. Инро дар асл дурӯягӣ мегӯянд, мунофиқӣ ба хотири манфиатҳое, ки ӯ ва пайравонаш доранд.

Таърих ҳама чиро ҷобаҷо мекунад, ҳама дурустиву нодурустии ҳама падидаву ҳодисот бо мурури замон маълум мегарданд. Воқеан, ин ҳизбе, ки худро бо номи поки ислом як замоне маълум кард, бо гузашти вақт аниқ гардид, ки аз аввал ҳадафҳои нопоки зиддимардумӣ доштааст. Қ. Нурулҳақов комилан дуруст мегӯяд, ки аз ибтидо ин гурӯҳ мақсади барҳам додани сохти давлатиро дошта, мазмуни амалиёташро вобаста ба вазъиятҳо тағйир медодааст.

Дар аён намудани баъзе паҳлуҳои фаъолияти наҳзатиҳо филми мустанади «Решаҳои ноаён» нақши муҳим бозид. Дар ин филм «қаҳрамон»-и асосӣ - Қиёмиддини Ғозӣ аст, ки як замоне дар авҷи бедодгариҳо унвони «генерали мардумӣ»-ро гирифта буд. Дар ин намоиш ба хубӣ маълум мегардад, ки мақсади ниҳоии ин бедодгарон мардумро барои хунрезӣ бархостан будааст. Дар ин кор идеологияи шиа басо мувофиқ меомад, чунки дар мазҳаби ҳанафӣ муносибат ба ҷиҳод тамоман дигар аст. Ҷомеаҳои исломие, ки таълимоти Имоми Аъзамро асоси фаъолият доранд, таҳаммулгароянд ва ин таҳаммулгароӣ рушди ин ҷомеаҳоро таъмин кардааст, мисли Малайзия ё Туркия. Чун наҳзатиён дақиқ карданд, ки дар ҷомеаи ҳанафибунёд имкони зуд расидан ба табаддулот нест, домани Эронро доштанд, чунки Эрон таҷрибаи ғании интиқоли инқилобро дорад. Дар ин мусоҳиба дуруст нигошта шудааст, ки ҲНИ нақши «Ҳизбуллоҳ»-ро иҷро мекард. Аввалин таҷрибаҳо – оғози маъракаи сиёҳпӯшиҳо ва «Ошӯро» буд.

Ин ҳама таҳлилҳо касро ба хулосае меорад, ки агар ҷомеаи Тоҷикистон хостори ваҳдату ҳамбастагӣ ва бо ин роҳ рушди ҳама соҳаҳои ҳаёт бошад, ягон қувва, ягон неруи дигар, ягон эътилофи нав наметавонад суботи онро барҳам занад. Ин ҳама кӯшишҳое, ки Кабирӣ дар хориҷа мекунад, ба хотири намоиш аст: яъне мо ҳастем ва ғами миллатамонро мехӯрем. Аммо киҳо ғами миллат ва ободии Тоҷикистонро мехӯранд, мардуми шарифи Тоҷикистон хуб медонад.

Раёсати Маркази исломӣ

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:45
Пешин12:40
Аср15:12
Шом17:07
Хуфтан18:37
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар