Асосӣ Мақолаҳо Қудрати некӣ надорӣ? Бад макун!

Қудрати некӣ надорӣ? Бад макун!

Қудрати некӣ надорӣ? Бад макун!
2018-07-26
2388

Кишвари мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози рӯзҳои истиқлолият бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ гардид, ки аксари ин мушкилот ба сабаби фаъолиятҳои баъзе ҳизбу гурӯҳҳо ба вуҷуд меомад. Аз ибтидои ба даст гирифтани роҳбарии мамлакат Пешвои миллат барои барқарории сулҳу субот дар кишвар ва аз байн бурдани хушунату куштори мардум талош менамуд. Ин талошҳо аз самими қалби ӯ сарчашма мегирифт ва то ҷое пеш рафт, ки ҳатто ба ҷони ӯ хатарҳои ҷиддӣ таҳдид мекард.

Ин сиёсатмадори худодод, ки неъмати бузурге барои миллати тоҷик ба ҳисоб меравад, ҳамеша аз тариқи гуфтугӯи мусолиматомез ва дасти дӯстӣ дароз кардан ба мухолифон орзуи якпорча намудани Тоҷкистонро, ки хатари парокандагиву нобудӣ онро таҳдид мекард, дар дил мепарварид. Ин ният аз қаъри дил ва холисона буд ва ба ҳамин хотир, ӯ ба орзуяш расид. Бо мухолифон дасти дӯстӣ дод, онҳоро дар кишвар пазируфт, то дар канори давлату ҳукумат барои рушду тараққии кишвари азизамон саҳмгузор бошанд. Ин рафтори Пешвои миллат айнан тибқи дастури Худову расул (с) аст, ки ҳатто бо бадхоҳону душманони худ некӣ кунед, шояд аз душманӣ даст кашанд.

Аммо таҷриба нишон дод, ки бархе гурӯҳҳо дар мисоли ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзат бо ҳимояти неруҳои хориҷӣ, аз ҷумла кишвари ба мо ҳамзабони Эрон ба қадри ин хайрхоҳиҳо нарасиданд ва дар сар ҳавасҳои нопокеро мепарвариданд. Дигар ҳидоятҳову гузаштҳои Роҳбари дилсӯзи давлат ба онҳо таъсир надошт ва онҳо чеҳраҳои ҳақиқии худро, ки саршор аз кинаву адоват буд, ошкор сохтанд. Амалкардҳои разилона ва ғайриинсонии ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзат бозгӯкунандаи ин ҳақиқат аст, ки дигар намешавад бо ин гурӯҳ созиш намуд. Шоир мегӯяд:

Чандин чароғ дораду бероҳа меравад,

Бигзор то бияфтаду бинад сазои хеш.

Зарурати ҳифзи амният ва якпорчагии кишвар тақозо намуд, ки бо чунин гурӯҳи саркашу ифротӣ аз роҳи қонуну қудрати давлатӣ муомила карда шавад. Ин як амри табиӣ аст, зеро амнияти давлат, осоиштагии мардум ва сулҳу субот барои ҳар давлате дар дараҷаи аввал меистад ва ҳар хатаре, ки ба ин арзишҳо таҳдид намояд, бояд пешгирӣ ва ҳатто аз байн бурда шавад. Дар ғайри ин сурат на давлате дар дунё барқарор мемонаду на миллате ва мо чунин амалкардро ҳар рӯз аз тарафи давлатҳои гуногуни дунё мушоҳида мекунем.

Аммо гӯё давлати мо дар ин замина аз дигарон фарқ дошта бошад, ки хоинони миллат ва ошӯбгарони ошкор зери ниқоби ҳизби террористии наҳзат дар хориҷи мамлакат аз дастгириҳову кумакҳои молиявию дипломатӣ бархӯрдор шуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаргиз дар корҳои дохилии кишварҳои дигар дахолат накардааст ва бо ҳамаи давлатҳо бар асоси меъёрҳои ахлоқиву эҳтироми тарафайн муомила мекунад. Лекин аз чӣ бошад, ки бархе давлатҳо ин меъёрҳоро, ки алифбои дипломатия ба ҳисоб меравад, риоя намекунанд ва ҳимоят шудани ташкилоти экстремистӣ террористии Ҳизби наҳзати исломӣ аз тарафи давлати ҳозираи Эрон ва бархе давлатҳои аврупоӣ далели ошкори гуфтаҳои боло мебошад.

Як масъала хеле аламовар аст, ки ин кишварҳо чаро як бор фикр намекунанд, ки ташкилоти экстремистӣ террористии ҲНИ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли солҳои фаъолияташ чӣ хизмате ба халқу Ватан кардааст? Дар бораи ҳалли проблемаҳои иҷтимоиву иқтисодиву сиёсӣ мо сухан намегӯем, балки мепурсем, ки ҳатто барои ҳалли мушкилоти диниву мазҳабии ҷомеа ва барқарор намудани фазои андешаи динии солим оё ин ташкилот саҳме гузоштааст? Баракс, бо ташвиқи ғояҳои инқилоби исломӣ дар заминаи тарғиби шиаи имомӣ ҳамеша хостори ба роҳ мондани нооромиҳо дар кишвари мо гардидааст. Натиҷаи фаъолияти Ҳизби террористии назҳат бо дастирии кишвари ҳамзабони Эрон ба мо ҷанги дохилӣ ва дар баъзе ҳолат ихтилофоти мазҳабӣ “армуғон” овард.

Ҳар инсони боинсоф бо мутолиаи таърихи баъди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкоро инро дарк мекунад, ки чӣ касе ва чӣ гурӯҳе барои таъсиси давлати навини тоҷикон ва рушду тараққии он саҳмгузор будааст. Дар замоне, ки мухолифон ва махсусан ташкилоти террористии ҲНИ аз марзҳои Афғонистон фақат ба фикри ҷангу муборизаҳои бемаънии мусаллаҳона буданд, Пешвои миллат онҳоро ба сулҳ даъват менамуд. Онҳо дар даст силоҳ барои ҷангу куштор талош мекарданд, аммо Пешвои миллат барои ҳифзи ҷону молу номуси мардум ҷони худро ба хатар гузошт ва ба самти онҳо қадами оштӣ бардошт. Агар ин иқдоми холисона ва фидокоронаи ин марди бузург набуд, тақдири миллати тоҷик такрори тақдири миллати афғон мегашт ва имрӯз тоҷикон на давлате доштанду на оромиву осоиштагие.

ТЭТ ҲНИ фақат номи худро ба ислом пайваст дода буд ва мехост аз ин ном барои пайдо намудани мавқеияти хуби иҷтимоӣ дар байни мардуми мусулмони тоҷик истифода намояд, аммо ҳеҷ амалкарду фаъолияте, ки ба ислом ва мусулмонони кишвар муфид бошад, анҷом дода натавонист. Ин аз он сабаб буд, ки ҳадафҳои аслии онҳо бо ҳадафҳо ва барномаҳои созандаи дини мубини ислом ҳамоҳангу мувофиқ набуд. Ислом аз мо дасту дили покро талаб мекунад, ислом якрангиву садоқатро мепазирад ва аз чандрӯиву мунофиқӣ безорӣ мекунад. Ислом гузашту таҳаммулпазириро меписандад ва аз фитнаву ошуб безорӣ меҷӯяд. Ислом ободиву кору талошро шиори худ медонад ва аз вайрониву ҷангу ақибмондагӣ дурӣ мекунад. Агар инсон ё гурӯҳе тибқи ин дастуроти ислом нияту амал дошта бошад, муваффақ мешавад, вагарна поёни кораш шармандагиву расвоӣ хоҳад буд.

Аммо Пешвои миллат ва умуман Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сояи роҳбарии ин марди бузург барои ин Ватану ин миллат корҳое анҷом додаанд, ки ҳар сиёсатмадори варзидаро ба тааҷҷуб меорад. Тааҷҷуб аз ин ки чунин дастовардҳо дар ин муддати кӯтоҳи таърихӣ дар як давлати тоза ба истиқлол расида ва бо шароити зерсохтории хеле заиф имконпазир набуд. Вале нияти нек, вафодорӣ ба халқу Ватан, гузашту таҳаммулпазирӣ, манфиати давлату миллатро аз манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳӣ боло донистан Пешвои миллатро дар расидан ба ин натиҷаҳо муваффақ намуд. Мо дар бораи дастовардҳои иқтисодиву сиёсиву иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хеле равшану ошкоранд, сухан намегӯем, балки дар бораи ташаббусҳо ва дастовардҳои Пешвои миллат дар самти дин ва эҷоди фазои андешаи солими динӣ дар ҷомеа ишорае мекунем.

Баъд аз истиқлолият ва ҷорӣ шудани сиёсати дарҳои боз мардуми мусулмони тоҷик дар маърази иттилооти гуногун ва фарогири диниву мазҳабӣ қарор гирифтанд. Мардуме, ки шинохти лозимӣ аз дину мазҳаб надоштанд, мумкин буд ба ҳар самту равияе кашида шаванд. Барои ҳифзи якпорчагии миллати мусулмони тоҷик Пешвои миллат барномаи баланд бардоштани сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии динии мардумро амалӣ намуданд. Чопи китобҳои бузургони дин, ки намояндагони миллати тоҷиканд, тарҷумаи Қуръони карим ба забони тоҷикӣ, муаррифии шахсиятҳои барҷастаи динӣ аз қабили Имом Абӯҳанифа, Имом Бухорӣ, Имом Ғаззолӣ ва ғайраҳо тибқи ин барнома амалӣ шуданд. Агар аз рӯи инсоф сухан гӯем, пеш аз истиқлолият ё дар аввалҳои истиқлолияти давлатӣ мардуми мусулмони тоҷик маълумоти лозимӣ дар бораи дину мазҳаб надошт. Кам касе дар бораи Имоми Аъзам чизе медонист ё дар бораи дигар бузургони дину мазҳаб. Иҷро шудани ин барномаи маърифатӣ бо ташаббуси Пешвои миллта боис гардид, ки дар муддати кӯтоҳ мардуми тоҷик аз ин маълумот бархӯрдор шаванд ва дар гӯшаву канори кишвари азизамон шахсиятҳои барҷастаи олами ислом ва ҳатто дар бораи осори онҳо маълумот пайдо намоянд. Ин барнома бо ҳадафи ҳифзи ваҳдати миллӣ, якпочагии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шинохти дурусти дину мазҳаб, ҳифзи дини ислом аз ҳар гуна фикру андешаҳои носолим ва муаррифии мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ буд.

Ин барнома боис гардид, ки мардуми шарифи Тоҷкистон бо доштани маърифати динии солим то ҳадди зиёде аз таъсири афкори носолими динӣ ва назарияҳои ифротиву террористӣ дар амон бимонад.

Ташаббуси дигари Пешвои миллат ин буд, ки таҳсилоти олии диниро дар ҷумҳурӣ ба таври расмӣ ташкил намояд ва Донишкадаи исломии Тоҷикистонро таъсис диҳад, ки аллакай зиёда аз даҳ сол аст фаъолият мекунад. Иқдоми нави Пешвои миллат ин буд, ки ба сохтмони бинои нави Донишкадаи исломӣ оғоз бахшид ва саҳифаи наве дар корномаи пурифтихори худ дар ин самт илова намуд. Ин бино, ки дар охирҳои соли 2020 ба истифода дода мешавад, беҳтарин шароити таҳсиливу маишатиро барои фарогирандагони илм фароҳам менамояд. Дар натиҷа дар ин Донишкада тибқи супориши Пешвои миллат донишҳои омӯзгорӣ, технологияи компютерӣ, иқтисодӣ ва дигар ихтисосҳои коромади муосир дар канори илмҳои исломӣ фаро гирифта хоҳад шуд.

Бузургтарин масҷид дар минтақа бо ташаббуси Пешвои миллат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда истодааст. Ин масҷид дар оянда агар аз як тараф ҳамчун як маркази бузурги тарбияи фарҳангӣ ва динии мардуми мусулмон хизмат кунад, аз тарафи дигар ҳамчун макони ҷамъомадҳои сатҳи байналмилалӣ истифода хоҳад шуд, ки фарҳангу одобу русуми мардуми шарифи Тоҷикстонро ба дунё муаррифӣ хоҳад намуд.

Ҳимоятҳои Пешвои миллати тоҷикон аз дини мубини ислом дар арсаи байналмилалӣ ба касе пӯшида нест. Бо боварии комил метавонем бигӯем, ки дар миёни роҳбарони кишварҳо, ҳатто роҳбарони кишварҳои исломӣ, касе ба андозаи Пешвои миллати тоҷикон дар минбарҳои баланди байналмилалӣ аз покии дини мубини ислом, исбот намудани ҷудоии терроризму экстремизм аз ин дин ва муаррифӣ намудани моҳияти хайрхоҳона ва тарбиятгари дини ислом сухан нагуфтааст. Пешвои миллат дар мулоқоти худ бо намояндагони ҷомеаи кишвар рӯзи 12-уми майи соли равон иброз намуданд: “Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ имрӯз ба як зуҳуроти бисёр нангин ва ташвишовар мубаддал гардидааст. Назари қотеъонаи мо ин аст, ки ислом набояд бо ғаразҳои сиёсӣ омехта карда шавад. Ислом дини мо, эътиқоди мо ва манбаи покизагии ҳаёти мо мебошад. Ислом бояд барои ташаккули рӯҳи инсон ва покизагии рӯзгори ӯ хизмат намояд.”

Дар канори ин, Пешвои миллат дар ҳама ҷо чеҳраи манфур ва зишти терроризму экстремизмро, ки мехоҳанд бо истифода аз ниқоби дин ниятҳо ва амалҳои шуми худро ба иҷро расонанд, равшану ошкор муаррифӣ намудааст. Назари қатъии пешвои миллат дар бораи террористон ин аст, ки онҳо ватан, дин ва миллат надоранд, ки одилонатарин баҳогузорӣ нисбати онҳо мебошад.

Муборизаи беамони Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо терроризму экстремизм ва дар ин замина тарафдори мардуми зарардидаи дунё будан ва аз сиёсатҳои духӯра безорӣ кардан, намунаи дигари ташаббусҳои ин марди бузург аст. Дар арсаи сиёсати байналмилал кам сиёсатмадоре пайдо мешавад, ки мисли Пешвои миллати тоҷикон ошкоро равишҳои ғалат ва духӯраи бархе кишварҳоро нисбат ба терроризму экстремизм зери танқиди оқилона ва одилона қарор диҳад ва аз манфиатҳои мардуми осебдидаи дунё холисона ҳимоят намояд.

Ба таври умумӣ бояд гуфт, ки дар ин ҷо фақат ишорае ба бархе аз ташаббусҳои Пешвои миллат дар самти дин ва хизматҳои шоёни он кас ба мардуми мусулмони тоҷик ва умуман мардуми мусулмони ҷаҳон шудааст. Аммо агар бихоҳем ба таври тафсилӣ ба ин масъала бипардозем, бояд китоби бузурге навишта шавад.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло изҳор менамоем, ки:

  1. Мо аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, ки шаффоф, хайрхоҳона ва сулҳҷӯёна буда, барои ҳимояти манфиатҳои миллат ва осоишу оромии ҳамаи мардуми дунё равона шудааст, қотеона ҳимоят мекунем.
  2. Терроризму экстремизмро дар ҳар чеҳрае, ки набошад, маҳкум мекунем.
  3. Ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ аз қабили ҲНИ ва “Гурӯҳи 24” муроҷиат карда мегӯем, ки аз туҳмату буҳтон ва амалҳои ноҷавонмардона нисбати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даст кашанд ва беш аз ин худро дар назди мардуми тоҷик шарманда накунанд.
  4. Бо муроҷиат ба ҷониби Ҷумҳурии исломии Эрон иброз менамоем, ки агар воқеан хостори дӯстиву рафоқат бо кишвари мо ҳастед, пас аз ҳимояи террористони наҳзатӣ даст кашед ва мавқеи худро дар роҳи мубориза бо ташкилоти террористии ҲНИ равшан намоед.
  5. Ба кишварҳои аврупоӣ муроҷиат карда мегӯем: шумо худро маҳди демократия меномед, ки маънояш таслим шудан дар баробари хостаи мардум аст, пас ба хосту иродаи мардуми тоҷик эҳтиром гузоред, на ба ҳавову ҳавасҳои ҳизбу гурӯҳе, ки мардуми тоҷик онҳоро рад кардааст.
  6. Ба ҷаҳониён муроҷиат карда мегӯем: Пешвои миллати тоҷикон дар сафи пеши мубориза бо терроризму экстремизм қарор дорад ва сиёсати шаффофу хайрхоҳонаро дар ин самт ба роҳ мондааст. Ӯ дар канори манфиатҳои давлату миллати худ манфиатҳои ҳамаи мардуми дунёро дар назар мегирад ва хоҳони сулҳу суботу хушии мардуми дунёст. Чунин инсонҳо дар дунё хеле кам пайдо мешаванд. Биёед қадри ин марди бузургро бидонем ва бо ниятҳову нақшаҳои неки ӯ ҳамроҳу ҳамнаво бошем.

Тоҷиддин Асомуддинзода,

Ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:45
Пешин12:40
Аср15:12
Шом17:07
Хуфтан18:37
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар