Асосӣ Мақолаҳо ЧУН БАСЕ ИБЛИСИ ОДАМРӮЙ ҲАСТ...

ЧУН БАСЕ ИБЛИСИ ОДАМРӮЙ ҲАСТ...

ЧУН БАСЕ ИБЛИСИ ОДАМРӮЙ ҲАСТ...
2018-08-03
2380

Барқарор гардидани сулҳу субот, ваҳдату якдигарфаҳмӣ дар байни мардуми фарҳангсолору сулҳпарвари тоҷик умеду ормони ҳазорон нафар дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон буд.

Оғози офтоби бахт, шодию нишот дар  дилу дида, субҳи пур аз нуру сафо дар хонадон, кушодани оғӯши пур аз меҳру муҳаббати бародар ба бародар, падар ба писар ва ҳамсоя ба ҳамсоя  мақсаду мароми ҳар як шахси ватандӯст дар он солҳо буд.

Ва ниҳоят ба шарофати фарзонафарзанди миллати тоҷик, хираду заковати мардуми тоҷик сарвари ҷумҳурии азизи мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 дар Маскав санади оштӣ - Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Сулҳ ба ҷанг, хирад ба ҷаҳолат, некӣ бар бадӣ пирӯз гашт.

Мардум бо умеду омоли нек ба оянда бо роҳбари Пешвои миллат ба бунёди ҷомеаи мутамаддин, обод кардани хонаю дар, таълиму тадриси фарзандон, барқарор намудани сохтори фалаҷгаштаи давлат оғоз намуданд.

Дар ҳақиқат, дар 21 соли пойдории Ваҳдати миллӣ дар кишвари мо як қатор дастовардҳо, дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ пешравию дигаргуниҳо ба мушоҳида мерасанд. Ва муҳимтар аз ҳама ҳадафҳои стратегии кишвар муайян  гардида, имрӯз  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳонидани кишвар ва таъмини амнияти озуқаворӣ гомҳои устувор гузошта истодааст. Он чи ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест. Барои ҳамаи он муваффақиятҳоро рӯйи когаз овардан  боварӣ дорам, ки чандин комус пур хоҳад шуд.

Вале мутаассифона, пас аз имзои санади таърихии миллат буданд нафарони одамсурату аҳримантабор, ки  ваҳдату якдигарфаҳмӣ, амнияту осоиштагӣ, пойдории сулҳу суботро намехостанд.

Мехостанд, ки вайронию валангорӣ, низоъю куштор  дар кишвар идома ёбанд.

Барои ноором намудани фазои ороми кишвар чӣ қадар талош намуданд, мардуми бегуноҳ, аз ҷумла намояндагони СММ-ро ба қатл расониданд, аммо ба мақсад нарасиданд. Зеро дар урфият беҳуда намегӯянд, ки нияти нек- ними давлат аст.

Бале, нияту ормони халқи бузургвори тоҷик нек буд, ки  бо мурури замон ҳамаи он гурӯҳҳои мухолиф несту нобуд карда шуда, дар кишвар сулҳу субот таъмин гардид.

Итминон дарам, ки мардуми мо дигар ин иштибоҳро содир нахоҳад кард, чунки кӯр асояшро як бор гум мекунад.

Бурҳониддин Аминов,

корманди Кумитаи дин

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:45
Пешин12:40
Аср15:12
Шом17:07
Хуфтан18:37
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар