Боз симои аслии тэт ҳни ошкор гашт
Ҳуҷуми ноҷавонмардона ва мудҳиши гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткорони ташкилоти экстремистию террористии ҲНИ дар ҳудуди деҳаи Сафобахши дуҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара, ки санаи 29 июли рух додаст ва бо ҳалокати сайёҳони ҳориҷӣ анҷом ёфт, боз як бори дигар симои аслии ҳизби террористии наҳзати исломиро барои ҳамагон кушода, мақсаду мароми душманонаи онҳоро ифшо ва тасдиқ намуд, ки ин ҳизб дар ҳақиқат ташкилоти экстримистӣ ва террористӣ мебошад.
Маълум гаштааст, ки роҳбари гурӯҳи мазкур Абдусамадов Ҳусейн Абдусамадович дар солҳои 2014-2015 чор маротиба ба шаҳрҳои Қум ва Мозандарони Ҷумҳурии Исломии Эрон рафта, таълими идеологӣ ва ҳарбӣ диверсионӣ гирифта, бо роҳи байъат ба ТЭТ ҲНИ шомил гардидааст. Натиҷаи таълими гирифтаи ӯ дар ш. Қум ва таъсиру ибрати бародараш Абдусамадов Бахтиёр Абдусамадович, ки ҳоли ҳозир барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористӣ-экстримистидошта адои ҷазои ҷиноятӣ дорад, ба он оварда расонид, ки ин шахс ба халқу миллаташ хиёнат намуда, бо гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ даст ба ҷинояти вазнин занад. Бар замми ин, чандин ҷавонони синнашон 20-21, ки хешу табораш мебошанд, ба доми фиреби худ андохта, онҳоро низ гумроҳ ва ҷавонмарг намуд. Ин аст таълимоти ТЭТ ҲНИ ва хоҷагони онҳо.
Президенти мо бесабаб такрор ба такрор таъкид намекунанд, ки мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, вагарна душманон мехоҳанд ва мақсад доранд, ки замини муқаддаси моро боз як бори дигар хунолуд гардонида, ҳаёти тинҷу осоиштаи ҷомеаро ноором созанд ва барои ин ба ҳама кор тайёр ҳастанд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ вазъу ҳаёти Тоҷикистони имрӯзаро хуб медонад, ки сулҳу салоҳ пойдор аст ва мардуми мо ҳама вақт меҳмондӯсту меҳмоннавоз буданд ва мебошанд. Дарҳои мо ҳамеша барои меҳмонон кушода аст ва ин ҳодиса наметавонад, он меҳру муҳаббати самимона ва поку софи мардуми тоҷикро дар дилҳои меҳмонон ва зоирони Тоҷикистон коста гардонад ва моро зарур аст, ки ҷиҳати рушду пешравии кишварамон дар самти татбиқи босамари сиёсати одилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсаф ва ҳамқадам бошем.
Аз номи намозгузорон ва ходимони масҷиди ҷомеи «Нури Ислом» ба аҳли хонавода ва наздикони ҷонбохтагон изҳори тасаллият намуда, аз даргоҳи парвардигори олам барои онҳо сабри ҷамил таманно менамоем.
Ибодулло Калонзода,
имомхатиби масҷиди ҷомеи «Нури ислом»-и ш.Хуҷанд
Як бор ҷастӣ, малахак…
Ахиран мусоҳибаи коршиноси масоили сиёсӣ, корманди масъули маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатовро роҷеъ ба нақшаҳои ташкилоти экстримистию терорристии ҲНИ аз сомонаи АМИТ “Ховар” мутолиа намудам. Баъди мутолиаи ин матлаб ба хулосае расидам, ки ин ташкилоти террористӣ эътибори худро гум карда мехоҳад боз найрангу дасисаи дигареро эҷод кунад. Халқи Тоҷикистон дигар ба Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ бовар надоранд, зеро аз нақшаҳо ва ҳадафҳои сиёсии ин ҳизб хуб бохабаранд, ки мақсадашон табаддулоти давлатист ва он ҳам дар Тоҷикистоне, ки имрӯз аз чиҳати неруи зеҳнию ҳарбию фарҳангӣ пуриқтидор гардидааст ва ин тоифа ҳосидон мехоҳанд дигарбора онро ноором созанд. Аз зоҳиран дигар кардани номи ҳизб соқит кардани калимаи “ислом” аз он ҳадафҳои нопоки ин ташкилоти терорристӣ – эктримистӣ пинҳон намемонад, чунки ҳизби мазкур боварии худро дар Тоҷикистон тамоман гум кард ва ҳатто собиқ аъзоёни ин ҳизб низ дигар ба нақшаҳо ва барномаҳои аз нав таҳрезикардаи сарвари ТЭТ ҲНИ – Кабирӣ ва пайравони он ҳам ба он итминон надоранд.
Чӣ хуш пандест ба мо аз Шайхурраис Абӯалӣ Сино:
Бо душмани ман чу дӯст бисёр нишаст,
Бо дӯст набоядам дигар бор нишаст.
Парҳез аз он шакар ки бо заҳр омехт.
Бигрез аз он магас, ки бар мор нишаст.
Тоҷикистониён, ки акнун шаҳди чоряк асри сулҳу амниятро дар кишвари азизи худ чашидаанд, дигар ба ягон дасисаву иғвои ватанфурӯше бовар нахоҳанд кард. Хоҷагони беватану ба нафрати Ватан гирифторро дигар роҳе нест, ҷуз пушаймонӣ ва узри бадтар аз гуноҳ. Зеро Ватан аз онҳо безор аст.
Зоир Устоев,
имомхатиби масҷиди ҷомеи н. Мастчоҳ
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар