Нахустин гурӯҳи ҳоҷиёни тоҷик ба арабистони саудӣ сафарбар гардиданд
Субҳи рӯзи 5-уми август нахустин гурӯҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади адои маносики ҳаҷ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафарбар гардиданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе гурӯҳи нахустини зоиронро Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода, Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Муҳаммад Абдулазиз ал-Бодӣ, директори Авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода ва дигар масъулон гусел намуданд.
Нахуст, Раиси Кумита Сулаймон Давлатзода ҳозиринро ба муносибати оғози сафари ҳаҷ муборакбод намуда, таъкид намуд, ки зиёрати хонаи Худо дар марҳилаҳои баъдии зиндагӣ масъулияти шуморо дар ҷомеа афзунтар мегардонад. “Шахсе, ки мушаррафи зиёрати хонаи Худо мегардад, бояд бо кору кирдораш дар ҷомеа намунаи ибрати дигарон бошад”-афзуд Раиси Кумита Сулаймон Давлатзода.
Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Муҳаммад Абдулазиз ал-Бодӣ низ дар навбати худ бо қаноатмандӣ аз вазъи кунунии равобити дипломатии кишвараш бо Тоҷикистон иброз намуд, ки ҷониби Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар мавсими ҷории ҳаҷ ҳама талоши худро ба харҷ хоҳад дод, то тамоми шароити лозимаро барои ҳоҷиёни кишварҳои мусулмоннишин, махсусан Тоҷикистон фароҳам созад.
Зимнан, имсол зиёда аз 6 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои адои зиёрати маносики ҳаҷ сафарбар мегарданд.
Бознашр аз сомонаи Кумитаи дин
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар