Асосӣ Мақолаҳо Ёрони сапедадам

Ёрони сапедадам

Ёрони сапедадам
2015-06-18
3997

Ёрони сапедадам

      Гурӯҳе муваффақ, рӯйҳояшон сапед, пешонияшон дурахшон ва соатҳояшон бобаракат аст…

Агар ҷузви онҳоӣ, Парвардигоратро ба хотири ин тавфиқ ва ин бахшиш сипосгузорӣ кун…

Агар аз зумраи онҳо нестӣ, аз ту мехоҳам, ки бо онҳо бипайвандӣ.

Оё онҳоро мешиносӣ?

Онҳо ёрони сапедадаманд.

Гурӯҳе, ки бар адои ин фариза иштиёқи фаровон доранд ва ба он таваҷҷуҳи хоссе мабзул медоранд.

Бо он ба истиқболи рӯз мераванд ва рӯзи худро бо он оғоз мекунанд.

Касоне, ки намози субҳро барпо медоранд, фариштагон барои онҳо гувоҳӣ медиҳанд, ҳар кас намози субҳ ва намози хуфтанро ба ҷамоат бихонад, савобаш монанди касе аст, ки тамоми шабро намоз хонда бошад.

Худованди Мутаъол намози субҳро «қуръон» номидааст ва дар ояти 78-уми сураи «Исро» мефармояд:

«Ва (инчунин) Қуръон хондани фаҷрро (лозим гир)! Ба дурустӣ ки дар Қуръон хондани фаҷр (фариштагон) ҳозир мешаванд».

Мудовамат дар анҷоми он сабаби дохил шудан ба биҳишт мешавад ва вузӯ кардан барои барпо доштани он дараҷотро меафзояд, рафтан ба сӯйи он ҷузви некиҳо маҳсуб мешавад ва соатҳое, ки пас аз он сипарӣ мешавад, баракати бисёр дорад. Пайғамбар акрам (с) фармудааст:

«Парвардигоро! Дар фароизе, ки уммати ман онро дар аввали вақт анҷом медиҳанд, баракат қарор бидеҳ». (Ривояти Аҳмад, Абӯдовуд, Тирмизӣ ва Ибни Моҷа).

Ёрони сапедадам.

Касоне ҳастанд, ки ба даъвати Аллоҳ лаббайк гуфтаанд, ҳангоме ки мефармояд: «Ҳайя алас-салоҳ», «Ҳайя алал-фалоҳ».

Салому дуруд бар ин гурӯҳ аз мардум, ки аз «Ас-салоту хайрум-минан-навм» илҳом гирифтанд ва маънои убудият ва бандагиро эҳсос кардаанд ва ба истиқболи рӯзҳое рафтанд, ки ба онҳо башорат дода шудааст. Пайғамбар (с) фармудааст:

«Башорат бод мардумонеро, ки дар торикӣ ба масоҷид мераванд ва дар рӯзи қиёмат нури комил хоҳанд дошт». (Ривояти Абӯдовуд ва Тирмизӣ).

Эй ёрони сапедадам!

Гувороятон бод дидани рӯйи мубораки Аллоҳ таъоло дар биҳишт, ки Расули Худо (с) фармуд:

«Шумо ҳамон тавре ки ин моҳро ошкоро мебинед, Парвардигоратонро хоҳед дид ва аз дидани ӯ сер намешавед, Агар тавонистед, пеш аз тулӯъи хуршед ва гуруби он намозеро қазо накунед, онро анҷом диҳед». Сипас ин ояти Қуръонро тиловат карданд:

«…Ва саббиҳ биҳамди Раббика қабла тулӯъиш-шамси ва қабла ғурубиҳо».

«Ва ба ситоиши Парвардигори хеш пеш аз баромадани офтоб ва пеш аз фурӯ шудани он тасбеҳ гӯ; ва баъзе соатҳои шаб ва атрофии рӯз тасбеҳ гӯ, бувад ки хушнуд шавӣ!». («Тоҳо»; 130). (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).

Эй ёрони сапедадам!

Оё хушнуд нестед, ки мардум бо занону амвол раҳсипор мешаванд ва шумо бо нишоту хотири болида ва ҳадяҳои гуногун ва нузули раҳмат ба боғҳои биҳишт ворид мешавед. Пайғамбар (с) фармуданд:

«Ҳар кас намози субҳ ва намози асрро бихонад, вориди биҳишт мешавад». (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).

Ҳамчунин Пайғамбар (с) фармудааст:

Оташи дӯзах ба касе, ки пеш аз тулӯъи офтоб ва пеш аз ғуруби он намоз хондааст, наздик намешавад». (Ривояти Муслим).

Манзури Пайғамбар (с) аз ин ду вақт намози субҳ ва аср мебошад.

Эй ёрони сапедадам!

Шумо ба хотири ҳифзи шаъоири илоҳӣ зери ҳифозат қарор мегиред, нафсҳоятон пок ва ҷисматон бонишот аст. Расули Худо (с) фармудааст:

«Ҳар кас намози субҳро бар ҷой оварад, дар амони Аллоҳ қарор мегирад». (Ривояти Муслим).

Ҳамчунин мефармояд:

«Ҳангоме ки яке аз шумо ба хоб рафт, шайтон бар пушти сараш се гиреҳ мезанад ва рӯйи ҳар як аз гиреҳҳо дамида мегӯяд: Шаби дарозе дар пеш дорӣ, бихоб. Агар бедор шуд ва Худоро ёд кард, яке аз гиреҳҳо боз мешавад, Агар вузӯ бисозад, гиреҳи дувум ва агар намоз бихонад, гиреҳи севум низ кушода мешавад. Агар чунин шуд, бонишот ва хушкирдор хоҳад шуд ва дар ғайри ин сурат танбалу зишткирдор хоҳад шуд». (Муттафақун алайҳ).

Эй зокирони сапедадам!

Ҳамин бас, ки фариштагон гувоҳи шумо ҳастанд. Расули Худо (с) мефармояд:

«Гурӯҳе аз фариштагон шабҳо ва гурӯҳе аз фариштагон рӯзҳо муроқиби шумо ҳастанд ва дар намозҳои субҳу аср дар як ҷо гирди ҳам меоянд, сипас он дастае, ки бо шумо буданд, ба осмон мераванд, Парвардигорашон аз онҳо мепурсад: Ҳангоме ки аз бандагонам ҷудо шудед, дар чӣ ҳоле буданд? (ва ҳол он ки худ аз аҳволашон беҳтар огоҳ аст). Фариштагон посух медиҳанд: Дар ҳоле ки ба намоз истода буданд, аз назди онон омадем». (Муттафақун алайҳ).

Пайғамбари акрам (с) мефармояд:

«Оё мехоҳед бидонед, ки Худованди Мутаъол ба кадом амале гуноҳонро мебахшад ва манзилатҳоро баланд мегардонад?». Гуфтанд: Оре эй Расули Худо. Фармуд: «Ҳамеша бовузӯ будан ва рафтуомади зиёд ба масоҷид ва ба интизори намозҳо мондан, ин муҷоҳадат аст, ин муҷоҳадат аст». (Ривояти Муслим).

Худованди Мутаъол мефармояд:

«Дар хонаҳое, ки Худо иҷозат додааст, ки онҳо баланд карда шаванд ва он ҷо номи ӯ ёд карда шавад – он ҷо Худоро субҳу шом ба покӣ ёд мекунанд –

мардоне, ки савдогарӣ ва харидуфурӯш онҳоро аз ёд кардани Худо ва барпо доштани намоз ва додани закот бознамедорад, аз он рӯзе метарсанд, ки дилҳо ва дидаҳо дар он дигаргун шаванд,

то Худо беҳтар аз он чи карданд, ба онҳо подош диҳад ва аз фазли Хеш ба онҳо зиёда кунад. Ва Худо ҳар киро хоҳад, ба ғайри шумор рӯзӣ медиҳад». («Нур»; 36-38).

Аммо он касоне, ки намозро намехонанд, дар он сустӣ нишон медиҳанд ва онро ба таъхир меандозанд, эй кош медонистанд, ки муртакиби чӣ миқдор гуноҳ шудаанд ва чӣ қадар аҷру савобро аз даст додаанд. Худованди Мутаъол мефармояд:

«Вой бар ҳоли намозгузорон, ҳамон касоне, ки намози худро ба дасти фаромӯшӣ месупоранд». («Моъун»; 4-5).

Ҳамчунин Худованд мефармояд: «Пас, баъд аз онҳо касоне чанд ҷонишин шуданд, ки намозро тарк карданд ва хоҳишҳо(-и нафс)-ро пайравӣ карданд; пас ҷазои гумроҳии худро хоҳанд ёфт,

магар касе, ки тавба кард ва имон овард ва кори шоиста ба амал овард. Онҳо ба биҳишт дароянд ва бар онҳо ҳеҷ ситам карда нашавад». («Марям»; 59-60).

Пайғамбари Худо (с) мефармояд: «Аввалин чизе, ки дар рӯзи қиёмат аз банда пурсида мешавад, дар бораи намоз аст, агар посух дод (ки ба ҷой оварда буд), растагор мешавад ва агар намозро зоеъ карда бошад, зиён мекунад». (Ривояти Тирмизӣ ва онро ҳасан донистааст).

Дӯстони динии ман! Агар то кунун ба ин майдон по наниҳодаем, акнун биёем ва ба мардони саҳар бипайвандем, то он ки дар паноҳи Худованди Мутаъол қарор гирифта, бо бандагони неки Парвардигор ҳамроҳ шавем, хушбахтию саодатро насиби худ созем ва номи худро аз феҳрасти мунофиқон пок кунем.

Расули Худо (с) мефармоянд: «Ҳеҷ намозе ба андозаи намозҳои субҳу хуфтан бар мунофиқон сахту сангин нест, агар медонистанд, ки дар ин намозҳо чӣ аҷру подоши азиме нуҳуфтааст, ҳатто агар ба сурати синахез ба сӯи он меомаданд». (Муттафақун алайҳи).

Он Ҳазрат (с) боз мефармоянд: «Се гурӯҳ аз мардум ҳастанд, ки агар зинда бошанд, Худованд зомини рӯзӣ ва ҳимояти онон аст ва агар аз дунё бираванд, Худованд ононро вориди биҳишт мекунад: Яке онҳое ҳастанд, ки ба масҷид мераванд, Худованд зомини онон аст». (Ривояти Абӯдовуд ва Ибни Ҳиббон).

Умедворам, ки Худованди Мутаъол ману шуморо ба он амале, ки сабаби хушнудии ӯст, роҳнамоӣ кунад ва аз ӯ хосторам, ки ба мо ихлос иноят фармуда, дар пойбандӣ ба аҳкоми шариат ва адои фароизу воҷибот ёриамон кунад.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:28
Пешин12:40
Аср17:51
Шом19:48
Хуфтан21:18
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Муфассалтар