Офтобро ба домон пӯшонида намешавад
Дар филми ҳуҷҷатии “Бозгашт аз ҷаҳаннам” Сатторов Аёмиддин яке аз муассисони ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати ислом, ки дар шабакаи телевизионии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд, хиёнати наҳзатиҳо ва тамоми ҳаммаслаконашро эътироф ва ифшо намуд, ки ин боиси ибрати тамоми шахсони соҳибхирад ва ҷавонон мебошад.
Фаромӯш набояд кард, ки мо мардуми Тоҷикистон пайравӣ аз мазҳаби ҳанафӣ мекунем. Ба мо ягон мазҳабу равияи наве, ки мақсадашон тафриқаву фитнаангезӣ бошад, лозим нест.
Вақте кас гӯш ба гуфтори Сатторов Аёмиддин, яке аз муассисони ташкилоти террористӣ-экстремисии Ҳизби наҳзати ислом медиҳад, нафраташ нисбат ба амалҳои ноҷавонмардона ва мунофиқонаи ин ташкилоти ба ном исломӣ, ки на гуфтору на рафторашон ба дини поки ислом иртиботе надорад, бештар мегардад.
Агар ин ташкилоти террористӣ-экстремисӣ зархарид ва дастпарвари хадамоти пасипардагии махсуси охундҳои шиамазҳаби Ҷумҳурии исломии Эрон намебуд, аз куҷо ин қадар маблағҳо ба хазинаи ин ҳизби террористӣ ворид мегардид?
Саркардагони ташкилоти мазкур, ки худро ҳамчун пайравони мазҳаби ҳанафӣ дар зоҳир нишон медоданд, агар хизматгорони равияи шиа намебуданд, пас манбаи дастгирии молиявии онҳо аз куҷо сарчашма мегирифт?
Хушбахтона ба фаъолияти ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати ислом аз забони ҳамнишинонашон баҳои объективона дода шуда истодааст. Барои ҳар инсони мусалмони ин ватани тинҷу ором, он қадар амалҳои террористӣ ва қатлу куштори мардуми бегуноҳ. аз сӯи наҳзатиён, аз ҷумла қатли сарбозон дар водии Рашт (дараи Камароб) гуноҳест, нобахшиданӣ.
Инсони боимон вақте ки филми «Бозгашт аз ҷаҳаннам» - ро тамошо намояд, ба ҷуз лаънат ва нафрат нисбат ба саркардагони ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати ислом чизи дигаре ба ёд намеорад.
Роҳбарони ташкилоти террористӣ-экстремистӣ, ки дар интихобот муваффақ нагардиданд, нақшаҳои табаддулоти давлатиро пеш гирифтанд, вале Худованд, ки аз нияти ифлосашон огоҳ буд, онҳоро ба мақсади нопокашон нарасонид.
Ба мо тоҷикистониён лозим аст, ки фирефтаи ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои ба ном исломӣ нагардида, аз сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумат, алалхусус гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ки “Тоҷикистон мазҳаби худ ва пири худро дорад, он ҳам Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит мебошад”, ҷонибдорӣ намуда, илму маърифат омӯхта, тавассути он Тоҷикистони азизамонро ба як кишвари мутараққӣ ва ободу зебо табдил гардонем.
И. Музаффарӣ,
устоди Донишкадаи исломии Тоҷикистон
ба номи Имоми Аъзам
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар