Асосӣ Мақолаҳо Пешгирӣ аз терроризм ва экстремизмро масъулияти худ донем

Пешгирӣ аз терроризм ва экстремизмро масъулияти худ донем

Пешгирӣ аз терроризм ва экстремизмро масъулияти худ донем
2018-09-07
2496

Экстремизм (ифротгароӣ) ва терроризм (даҳшатафканӣ) падидаҳое мебошанд, инсонро дар тӯли таърих ҳамроҳӣ намудаанд. Дар асрҳои миёна ва давраи нав шахсони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи ваҳму ҳарос, даҳшат мехостанд мақсади нопоки худро бар дӯши дигарон бор карда, одамони бегуноҳ қурбон менамуданд.

Аз ибтидои асри ХХ1 амалҳои террористию экстремистӣ бештар характери сиёсӣ гирифта, фаъолияти террористон васеъ гардид. Бо истифода аз техникаву технологияи муосир роҳҳои нави фаъолиятҳои террористӣ ба вуҷуд омаданд...

Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани Истиқло­ли­яти давлатӣ дар ҷумҳуриамон низоъҳои дохилӣ бархоста, бархе аз манфиатҷӯён ба гурӯҳҳо тақсим шуданд. Ташкили ин гурӯҳҳо бар сари мардуми сарбаланди тоҷик даҳшати зиёд овард. Бародар хуни бародарро мерехту писар аз гиребони падар медошт. Ҳамаи ин ноадолатиҳо ба халқи мо зарари бештар оварду ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид. Ҳар яке аз гурӯҳҳо мехост, ба сари қудрат омада, зимоми давлатро ба даст гирад. Хуллас ин ҷанги шаҳрвандӣ як фоҷеаи бузурге барои миллати тоҷик буд.

Танҳо хиради азалӣ, сиёсати сулҳҷӯёна ва инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки бо дарки амиқи зарурати сулҳу субот алангаи оташи ҷанг хомӯш гардид. Манфиати миллату давлат ва ватанро аз ҳама боло донист ва ин буд, ки дар муддати кӯтоҳ дар кишвари мо сулҳу субот аз нав пойдор ва Истиқлолияти давлатӣ комил гардад.

Тибқи нишондодҳои оморӣ зиёда аз 65% аҳолии кишварро ҷавонони синнашон то 30-сола ташкил медиҳанд. Яке аз мушкилоти имрӯзаи мо ин гароиши ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ мебошад. Буданд омилҳое, ки барои шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву тундгаро мусоидат карданд. Аз фазои холии идеологӣ. надоштани маълумоти ибтидоӣ, маърифати динӣ, бесаводӣ, надоштани ихтисос, истифода бурда, фирефтаи суханҳои бардурӯғи шахсони ифротӣ гардиданд.

Мисоли ин, амали зишту нанговаре, ки рӯзи 29 июли соли 2018-ум дар шоҳроҳи Душанбе-Данғара, ки аз ҷонибе як гурӯҳ ҷавонони гумроҳи пайрави ТЭТ ҲНИ ба анҷом расид, буда метавонад. Ин ҳодисаи мудҳиш мо аҳли ҷамоатчигии деҳаи Ҳосилободи Ҷамоати шаҳраки Кировро бетараф гузошта наметавонад. Ин амали ноҷавонмардонаи ТЭТ ҲНИ-ро маҳкум намуда, намегузорем, ки 4-5 гумроҳе теша бар решаи мо зананд. Вақти он расиааст, ки мо сари он андеша намоем, ки як сохтор ё мақоми давлатӣ наметавонад, ки дар танҳоӣ алайҳи зуҳуроти номатлуби терроризму ифротгароӣ мубориза баранд. Ин масъулиятро мо бояд ба хубӣ дарк намоем. Барои мо лозим аст, ки ба ҷавонон маърифтаи созандаро омӯзонем, на сӯзанда.

Аҳли зиё, аҳли ҷомеа, ҳар як фарди дилогоҳу ватандӯстро лозим аст, ки даст ба дасти ҳам диҳем ва дар ҳамбастагӣ ҷавонони гумроҳро аз ин зулмот раҳо дода, то шоҳроҳи Истиқлолияту Ваҳдат раҳнамоӣ кунем. Муборизаро дар ин роҳ бо баргузории вохӯрию сӯҳбатҳо, корҳои таблиғотӣ, тарбиявӣ, фаҳмондадиҳӣ, сӯҳбатҳои инфиродӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ бештар созем.

Ҳамаи мо вазифадорем, ки худ намунаи ибрати дигарон бошем. Нангу номуси ватандорӣ дошта бошем, ҷавонони кишварро баҳри ободу зебо гардонидани ватани маҳбубамон ҳидоят созем. Пеши роҳи шомилшавии ҷавононро ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои бегонапараст ва хиёнаткор бигирем. Пос доштани арзишҳои миллиро ба онҳо фаҳмонем, то воло будани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро пайваста эҳсос карда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту меҳанпарвар бошанд.

Бо итминони комил гуфта метавонам, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвоои миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони шарафманди тоҷик дар ободӣ ва шукуфоии Ватани азизамон саҳми арзандаи хешро гузошта, баҳри таҳкими сулҳу Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти комили Ватан хидматҳои шоиста хоҳанд кард.

Аслиддин Раҷабов,

имомхатиби масҷиди ҷомеи

ноҳияи Вахш

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:45
Пешин12:40
Аср15:12
Шом17:07
Хуфтан18:37
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар