Асосӣ Мақолаҳо Роҳ ба сӯи зулмат

Роҳ ба сӯи зулмат

Роҳ ба сӯи зулмат
2018-09-07
2703

Ҳанӯз дар давраи фаъолияти қонунии ТЭТ ҲНИ як гурӯҳ аз роҳбарону пайравони ба ном “ҷонфидои Ватан”-и он аз минбарҳои баланд овоз баровардаву сухан аз боби ватандорӣ, эҳтироми он, ҳувияти миллӣ мегуфтанд.

Солҳои фаъолияти кориам чун як масъули кор бо ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо узви фаъоли ин гурӯҳи террористӣ сари минбари сухан баҳсу мунозираҳои зиёде кардаам.

Мақсаду маром ва вазифагузориҳои ин ҳизби ба ном “созандаю ободкор” ба ғайр аз сиёҳкорию ҳадафҳои расидан ба минбари дастгоҳи марказӣ дигар чизе набуд.

Қаблан бо як нафаре, ки хуб мешинохтам ва чун аз боби ба кадом мақсад ба ин ҳизб шомил шуданро аз ӯ пурсон шудам, шарҳ дод, ки шавҳараш маҷбур карда, вагарна ман дар бораи мақсаду мароми ин ҳаракат чизеро намедонам.

Баъдан чун суханони он нафар ба ёдам омад, дар тасаввур рамаи гӯсфандонеро монд, ки аз паси чӯпони роҳгумкардае ба куҷое равонанд.

Ва он чӯпон чун нақшаҳо ва ҳадафҳои худро аз сарчӯпоне, ки раҳгумзадааст, мегирифт, оқибат он шуд, ки рама парокандаву маҳв гашт.

Ба назари ман, ҳамеша роҳ ба сӯи равшанӣ аз андешаи тоза сарчашма мегирад, вале чун ақоиди ин сиёҳдилон торику бемунтаҳост, роҳи эшон низ ба сӯи зулмат хоҳад буд.

Шаҳло Ҳасанзода

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:34
Пешин12:40
Аср17:43
Шом19:42
Хуфтан21:12
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Муфассалтар