Асосӣ Мақолаҳо 70 роҳ аз роҳҳои хайру некӣ дар Рамазон

70 роҳ аз роҳҳои хайру некӣ дар Рамазон

70 роҳ аз роҳҳои хайру некӣ дар Рамазон
2015-07-01
6182

70 роҳ аз роҳҳои хайру некӣ дар Рамазон

Сипос Худойро ва дуруду салом ба ҳазрати Муҳаммад (с) – охирини паёмбарон ва ба тамоми хонадону ёронаш бод.

Ин мақола дар ростои барпо доштани тоату ибодат дар моҳи Рамазон - моҳи хайру баракат ва моҳи бахшишу хурсандии Парвардигор аст. Худованди Мутаъол дар боби он мефармояд:

Моҳи Рамазон он аст, ки дар вай Қуръон – [ҳамчун] раҳнамо барои мардумон ва суханони равшан аз ҳидоят ва ҷудокунандаи ҳаққу ботил фуруд оварда шуд. Ва ҳар ки аз шумо он моҳро дарёбад, пас, албатта, дар он рӯза дорад». («Бақара»; 185).

Дар ин мақола муносиб дидем, ки бо истифода аз оёти қуръонӣ ва ҳадисҳои набавӣ далелҳоро дар мавзуъи хайру некӣ дар ин моҳи муборак гирдоварӣ намуда, пешкаши хонандагони арҷмандамон гардонем, то дар ин моҳи сабқат тӯшае барои охирати худ фароҳам оваранд.

1. Ихлос. Худованди Мутаъол мефармояд:

«Ва ба онҳо фармуда нашуд, магар он ки парастишро барои Худо холис сохта, Худоро чун бозгаштагон аз кешҳои бад парастиш кунанд ва намозро барпо доранд ва закотро бидиҳанд. Ва ин аст (аҳкоми) дини дуруст». («Баййина»; 5).

2. Тавбаи самимӣ ва бозгашти содиқона ба сӯи Худованди Мутаъол. Абӯҳурайра (р) ривоят кардааст, ки Ҳазрати Пайғамбар (с) фармудаанд:

«Ҳар касе пеш аз баромадани офтоб аз ҷониби мағриб тавба кунад, Худованд тавбаашро мепазирад». (Ривояти Муслим).

3. Дуо ҳангоми дидани ҳилол (моҳи нав). Аз Талҳа ибни Убайдуллоҳ (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) чун моҳи навро медиданд, мегуфтанд:

Худовандо! Ин моҳро барои мо моҳи амну имон ва тандурустию ислом гардон. (Эй моҳ!) Парвардигори ман ва Парвардигори ту Аллоҳ аст, моҳи ҳидояту хайр бош». (Ривояти Тирмизӣ).

4. Рӯза доштани моҳи Рамазон бо имону ихлос. Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Пайғамбар (с) фармуданд:

«Касе, ки Рамазонро аз рӯи имон ва ихлос рӯза гирад, гуноҳи гузаштааш омурзида мешавад». (Муттафақун алайҳ).

5. Рӯза доштани шаш рӯз аз моҳи Шаввол. Аз Абӯайюб (р) ривоят шудааст, ки Расули Худо (с) фармуданд:

«Касе, ки Рамазонро рӯза гирифта, аз паси он шаш рӯз аз Шавволро ба он пайваст кунад, монанди он аст, ки ҳамеша рӯза доштааст». (Ривояти Муслим).

6. Барпо доштани шабҳои Рамазон бо имон ва ихлос. Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд:

«Касе, ки қиёми Рамазонро аз рӯи имон ва ихлос ба ҷой оварад, гуноҳони гузаштааш омурзида мешавад». (Муттафақун алайҳ).

7. Барпо доштани шаби Қадр бо имон ва ихлос. Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд:

«Ҳар касе шаби Қадрро аз рӯи имон ва ихлос зинда дорад, гуноҳони гузаштааш омурзида мешавад». (Муттафақун алайҳ).

8. Ҷаҳду кӯшиш дар тӯли даҳ рӯзи охири моҳи Рамазон. Аз Оиша (р) ривоят аст, ки фармуд:

«Вақте ки даҳаи ахири Рамазон фаро мерасид, Расулуллоҳ (с) шабро бо ибодат зинда дошта, хонаводаашро бедор мекард ва изорбанди хешро муҳкам мекард (яъне аз занон дурӣ меҷуст ва худро комилан барои ибодат омода месохт)». (Муттафақун алайҳ).

9. Ҳаҷҷи умра. Аз Ибни Аббос (р) ривоят шуда, ки Пайғамбар (с) фармуданд:

«Умра дар Рамазон бо ҳаҷ баробар аст, ё бо ҳаҷҷе, ки ҳамроҳи ман гузорида шавад, баробар аст». (Муттафақун алайҳ).

10. Эътикоф нишастан. Аз Ибни Умар (р) ривоят аст, ки фармуд:

«Расули Худо (с) дар даҳаи охири моҳи Рамазон дар масҷид эътикоф менишаст». (Муттафақун алайҳ).

11. Додани ифтор ба рӯзадор. Аз Зайд ибни Холиди Ҷуҳанӣ (р) ривоят шуда, ки Пайғамбар (с) фармуданд:

«Ҳар ки рӯзадореро ифтор диҳад, ба андозаи он ба вай подош мерасад, бе он ки аз подоши рӯзадор чизе кам шавад». (Ривояти Тирмизӣ).

12. Қироат ва тиловати Қуръон. Абӯумомаи Боҳилӣ (р) ривоят кардааст, ки Расули акрам (с) фармуданд:

«Қуръонро тиловат кунед, зеро Қуръон дар рӯзи қиёмат барои ёронаш шафоат мекунад». (Ривояти Муслим).

Мурод аз ёрони Қуръон касоне ҳастанд, ки Қуръонро хонда, ба дастуроти он пойбанданд.

13. Ёдгирӣ ва омӯзиши Қуръон. Аз Усмон ибни Аффон (р) ривоят аст, ки он Ҳазрат (с) фармуданд:

«Беҳтарин шумо касе аст, ки Қуръон биёмӯзад ва онро ба дигарон биёмӯзонад». (Ривояти Муслим).

14. Зикр ва ёди Худои Мутаъол. Абӯдардо (р) ривоят мекунад, ки Расули Худо (с) гуфтанд:

«Оё шуморо аз беҳтарин ва поктарин аъмолатон дар назди подшоҳатон хабардор насозам? Аъмоле, ки аз ҳама бештар сабаби афзун шудани дараҷоти шумо гардида, аз харҷ кардани тилло ва нуқра ва аз ин ки бо душманатон рӯ ба рӯ шуда, гарданҳояшонро бизанед ва ё гарданҳои шуморо бизананд, беҳтар аст?». Гуфтанд: «Оре». Фармуд: «Зикр ва ёди Худованди Мутаъол». (Ривояти Тирмизӣ).

15. Истиғфор ва омурзиш хостан. Аз Ибни Аббос (р) ривоят аст, ки Пайғамбар (с) фармуданд:

«Касе, ки пойбанди истиғфор бошад, Худованд барои ӯ аз ҳар тангное роҳи баромаде ва аз ҳар ғамме раҳоӣ падид оварда, ӯро аз ҷое рӯзӣ медиҳад, ки гумон намебарад». (Ривояти Абӯдовуд).

16. Комил намудани вузӯ. Усмон ибни Аффон (р) ривоят мекунад, ки Ҳазрати Пайғамбар (с) фармуданд:

«Касе, ки вузӯ кунад ва некӯ вузӯ намояд, гуноҳонаш аз баданаш берун мешавад, ҳатто ин ки аз зери нохунҳояш мебарояд». (Ривояти Муслим).

17. Гуфтани калимаи шаҳодат баъд аз вузӯ. Аз ҳазрати Умар (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд:

«Ҳеҷ яке аз шумо нест, ки вузӯ бигирад ва онро комил намояд, сипас бигӯяд: «Ашҳаду алло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳу», магар ин ки тамоми ҳашт дарвозаи биҳишт боз мегардад, то аз кадомаш, ки бихоҳад, дохил гардад». (Ривояти Муслим)

Дар ривояти Тирмизӣ ин дуоро низ афзудааст: «Аллоҳуммаҷъалнӣ минат-таввобин ваҷъалнӣ минал-мутатаҳҳирин», яъне: «Худоё! Маро аз зумраи тавбакунандагон ва аз гурӯҳи покшавандагон бигардон!».

18. Ҳамеша бовузӯ будан. Аз Савбон ривоят аст, ки он Ҳазрат (с) фармуданд:

«Пойдорӣ намоед ва наметавонед ҳама аъмолро дарёбед ва бидонед, ки беҳтарин аъмоли шумо намоз аст ва ҷуз муъмин касе бар вузӯи хеш мувозабат намекунад». (Ривояти Ибни Моҷа).

19. Мисвок намудани дандонҳо. Абӯҳурайра (р) ривоят мекунад, ки Расули Худо (с) фармуданд:

«Агар бар умматам машақкат намешуд, ононро бп мисвок кардан дар вақти ҳар намоз амр мекардам». (Муттафақун алайҳ)).

20. Ду ракъат намоз пас аз вузӯ. Уқба ибни Омир (р) ривоят мекунад, ки Расули Худо (с) фармуданд:

«Ҳар касе аз шумо вузӯи некӯ гирифта, ду ракъат намоз ба ҷо оварад, ба тавре ки дилу рӯяш ба намоз бошад, бешубҳа биҳишт бар ӯ воҷиб мегардад». (Ривояти Абӯдовуд).

21. Дуои баъд аз азон. Аз Ҷобир ривоят шуда, ки Пайғамбар (с) гуфтанд:

«Касе, ки чун азонро бишунавад, бигӯяд: «Аллоҳумма Рабба ҳозиҳид-даъватит-томма вас-салотил-қоима оти Муҳаммаданил-василата вал-фазилата вабъасҳу мақоман маҳмуданиллазӣ ваъадтаҳу», яъне: «Худоё, Парвардигори ин даъвати комил ва намозе, ки барпо мешавад, ба Муҳаммад васила ва фазилат ато фармо ва ба ӯ манзилат ва мақоми некӯе, ки ваъда додаӣ, бидеҳ», дар рӯзи қиёмат шафоатам барояш лозим мешавад». (Ривояти Бухорӣ).

22. Дуои миёни азон ва иқомат. Анас (р) ривоят мекунад, ки Расули акрам (с) фармуданд:

«Дуои байни азону иқомат рад намешавад». (Ривояти Абӯдовуд ва Тирмизӣ).

23. Мудовамат ва пойбандӣ доштан бар намозҳои панҷгона. Аз Усмон ибни Аффон (р) ривоят шуда, ки Расулуллоҳ (с) мегуфт:

«Ҳеҷ мусалмоне нест, ки ҳангоми намози фариза фаро расад ва ӯ некӯ вузӯ намуда, хушуъу рукуъашро ба таври некӯ ба ҷой оварад, магар ин ки (ин корҳо) каффорат барои гуноҳони гузаштааш бошад, модоме ки гуноҳони кабира аз ӯ содир нашуда бошад, ин амр дар тамоми сол ҷорӣ аст». (Ривояти Муслим).

24. Мудовамат бар адои намоз дар аввали вақт. Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) ривоят карда мегӯяд: Аз Расулуллоҳ (с) пурсидам:

«Беҳтарин амал кадом аст?». Фармуданд: «Намоз дар сари вақт». (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).

25. Мудовамат бар адои намозҳои субҳ ва аср. Аз Абӯмӯсои Ашъарӣ (р) ривоят шуда, ки Пайғамбар (с) фармуданд:

«Ҳар касе, ки бардайн (намозҳои субҳу аср)-ро адо намояд, ба биҳишт дохил мешавад. (Муттафақун алайҳ).

26. Мудовамат доштан бар адои намози ҷумъа. Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд:

«Намозҳои панҷгона, ҷумъа то ҷумъа ва Рамазон то Рамазон сабаби бахшишу каффорати гуноҳоне мегардад, ки дар ин миён содир мешаванд, модоме ки аз гуноҳони кабира парҳез шавад». (Ривояти Муслим).

27. Ҷустуҷӯи вақти иҷобати дуо дар рӯзи ҷумъа. Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд:

«Дар он соате вуҷуд дорад, ки ҳар бандаи мусулмоне, ки истода намоз мегузорад, дар ҳоле ки аз Худованд чизеро металабад, бо он баробар шавад, он хостаашро ба вай медиҳад». (Муттафақун алайҳ).

28. Қироати сураи «Каҳф». Аз Абӯсаъиди Худрӣ (р) ривоят шуда, ки Пайғамбар (с) фармуданд:

«Ҳар кас дар рӯзи ҷумъа сураи «Каҳф»-ро бихонад, барои ӯ миёни ду ҷумъа нур партав меафканад ва равшан мегардад». (Ривояти Ҳоким).

29. Рафтан ба сӯи масҷид. Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд:

«Касе, ки аввали рӯз ё аввали шаб ба сӯи масҷид равад, дар ҳар субҳ ва ё ҳар шоме, ки меравад, Худованд барояш дар биҳишт меҳмонсарое омода месозад». (Муттафақун алайҳ).

30. Гузоридани намоз дар Масҷидул-ҳаром. Аз Абдуллоҳ ибни Зубайр (р) ривоят аст, ки Расули акрам (с) фармуданд:

«Намоз дар ин масҷиди ман аз ҳазор намоз дар ҳар масҷиде ба ҷуз Масҷидул-ҳаром бартар аст ва намоз дар Масҷидул-ҳаром аз сад ҳазор намоз дар ин ҷо бартар аст». (Ривояти Аҳмад).

31. Гузоридани намоз дар Масҷиди набавӣ. Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят мекунад, ки Расули гиромӣ (с) фармуданд:

«Намоз дар ин масҷиди ман аз ҳазор намоз дар ғайри он бартар аст, ба ҷуз Масҷидул-ҳаром». (Ривояти Муслим).

32. Гузоридани намоз дар Масҷиди Ақсо (Байтулмуқаддас). Аз Абӯсаъиди Худрӣ (р) ривоят аст, ки Пайғамбар (с) фармуданд:

«Бори сафар баста намешавад, магар ба ҷониби се масҷид: Масҷидул-ҳаром, ин Масҷиди ман, Масҷиди Ақсо». (Ривояти Тирмизӣ).

33. Гузоридани намоз дар Масҷиди Қубо. Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят мекунад, ки аз Расули Худо (с) шунидам, ки мегуфт:

«Касе, ки дар он (Масҷиди Қубо) намоз гузорад, барояш баробари як умра аст». (Ривояти Ибни Ҳиббон).

34. Мудовамат бар намози ҷамоат. Аз Расули Худо (с) фармуданд:

«Савоби намози ҷамоат бар намози танҳоӣ бисту ҳафт дараҷа бартар аст». (Муттафақун алайҳ).

35. Ҳирс ва иштиёқ ба ҳузур дар саффи аввал. Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд:

«Агар мардум бидонанд, ки дар азон ва саффи аввал чӣ мазият ва бартарие вуҷуд дорад ва барои расидан ба он ҳеҷ роҳе ҷуз қуръаандозӣ наёбанд, ҳатман барои он қуръа меандозанд». (Муттафақун алайҳ).

36. Мудовамат бар намози чоштгоҳ. Аз Абӯзар (р) ривоят шудааст, ки Расули Худо (с) фармуданд:

«Бар ҳар банде аз бандҳои шумо садақа лозим мешавад, пас ҳар тасбеҳ гуфтан садақа аст ва ҳар ҳамд гуфтан садақа аст, ҳар таҳлил (Ло илоҳа иллаллоҳ) гуфтан садақа аст ва ҳар такбир гуфтан садақа аст, амр кардан ба корҳои писандида садақа аст ва наҳй аз аъмоли бад садақа аст, кифоят мекунад аз он ду ракъате, ки дар чоштгоҳ адо намояд». (Муттафақун алайҳ).

37. Пойбандӣ бар суннатҳои ротиба. Аз Умми Ҳабиба (р) ривоят аст, ки он Ҳазрат (с) фармуданд:

«Ҳар бандаи мусулмоне, ки рӯзона дувоздаҳ ракъат намози нофила ғайр аз фариза барои Худои таъоло бигузорад, Худованд барояш дар биҳишт хонае месозад». (Ривояти Муслим).

38. Адои намозҳои нофила дар манзил. Аз Ибни Умар (р) ривоят аст, ки Пайғамбар (с) фармуданд:

«Баъзе аз намозҳоятонро дар хонаатон гузоред ва хонаи худро гӯристон масозед». (Муттафақун алайҳ).

39. Бисёр саҷда кардан. Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд:

«Наздиктарин ҳолати банда ба Парвардигораш ҳолати саҷда аст, пас дар он бисёр дуо кунед». (Ривояти Муслим).

40. Нишастан дар маҳалли намоз пас аз адои намози субҳ барои зикр. Аз Анас (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд:.

«Касе, ки намози субҳро бо ҷамоат бигузорад, сипас нишаста ба зикри Худо машғул шавад, то ин ки офтоб тулуъ кунад, он гоҳ ду ракъат намози нофила бигузорад, подоши як ҳаҷ ва як умра барояш хоҳад буд. (Фармуданд:) Ба таври комил, ба таври комил, ба таври комил». (Ривояти Тирмизӣ).

41. Намоз гузоридан бар майит ва ташйеъи ҷаноза. Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд:

«Касе, ки ба ҷаноза ҳозир шавад, то бар ӯ намоз гузорида шавад, барои ӯ як қирот савоб аст ва касе, ки ҳозир шавад, то ин ки дафн карда шавад, барои ӯ ду қирот аст». Гуфта шуд: «Ду қирот чист?». Гуфт: Мисли ду кӯҳи бузург». (Муттафақун алайҳ).

42. Дуруду салом фиристодан бар Пайғамбар (с). Аз Абдуллоҳ ибни Амр (р) ривоят шуда, ки Расули гиромӣ (с) фармуданд:

«Ҳар касе бар ман як бор дуруд бифиристад, Худованд дар баробари он бар вай даҳ бор дуруд мефиристад». (Ривояти Муслим).

43. Тарғиб ба гузоридани намози ид дар намозгоҳ. Аз Абӯсаъиди Худрӣ (р) ривоят аст, ки фармуд:

«Пайғамари Худо (с) дар рӯзи иди Фитр ва Қурбон ба сӯи мусалло (намозгоҳ) хориҷ мешуданд». (Ривояти Бухорӣ).

44. Одат додани фарзандон ба намозгузорӣ. Аз Амр ибни Шуъайб, аз падараш, аз бобояш ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд:

«Фарзандони худро дар ҳафтсолагӣ ба намоз амр кунед, дар даҳсолагӣ онҳоро ба хотири тарки намоз танбеҳ диҳед ва хобгоҳашонро ҷудо кунед». (Ривояти Абӯдовуд).

45. Одат додани фарзандон ба рӯзадорӣ. Аз Рубаййиъ бинти Муаввиз (р) ривоят шуда, ки гуфт:

«Мо рӯза мегирифтем ва фарзандони хурдсоли худро низ водор ба рӯза доштан мекардем, барои онҳо аз пашми рангӣ бозича месохтем, то ҳар гоҳ яке аз онҳо барои ғизо гиря мекард, ӯро бо он бозича саргарм мекардем, то ин ки вақти ифтор фаро мерасид». (Ривояти Бухорӣ).

46. Зикр ва ёди Худованд аз паси намозҳои фарз. Аз Абӯҳурайра (р) ривоят шуда, ки Расулуллоҳ (с) фармуданд:

«Касе, ки баъд аз ҳар намоз сию се бор «Субҳоналлоҳ», сию се бор «Алҳамду лиллоҳ» ва сию се бор «Аллоҳу Акбар» бигӯяд, ки наваду нуҳ бор мешавад, сипас бигӯяд: «Ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу, лаҳул-мулку ва лаҳул-ҳамд, ва Ҳува ъало кулли шайъин Қадир», гуноҳонаш омурзида мешавад, ҳарчанд мисли кафи дарё бошад». (Ривояти Муслим).

47. Пойбандӣ бар намози таровеҳ. Аз Абӯҳурайра (р) ривоят шуда, ки Расулуллоҳ (с) фармуданд:

«Беҳтарин намозҳо пас аз фароиз намози шаб аст». (Ривояти Муслим).

48. Шитоб намудан дар ифтор. Аз Саҳл ибни Саъд ривоят шуда, ки Пайғамбар (с) фармуданд:

«Ҳамеша мардум ба хайранд, модоме ки дар ифтор шитоб намоянд». (Муттафақун алайҳ).

49. Ифтор намудан пеш аз намоз. Аз Анас ибни Молик (р) ривоят шудааст, ки гуфт:

«Расулуллоҳ (с) қабл аз хондани намоз ифтор менамуд». (Ривояти Тирмизӣ).

50. Кушодани рӯза бо хурмо, агар муяссар шавад. Аз Салмон ибни Омир (р) ривоят аст, ки он Ҳазрат (с) фармуданд:

«Чун яке аз шумо рӯзадор бошад, пас бояд бо хурмо рӯзаашро бикушояд, агар хурмо наёфт, бояд бо об ифтор намояд, зеро об поккунанда аст». (Ривояти Аҳмад, Абӯдовуд ва Тирмизӣ).

51. Пойбандӣ бар дуои ифтор. Аз Ибни Умар (р) ривоят аст, ки Расули акрам (с) дар вақти ифтор мегуфтанд:

«Ташнагӣ бартараф шуд, рагҳо сероб шуданд ва подош собит гашт». (Ривояти Абӯдовуд, Дорақутнӣ ва Ҳоким).

52. Дуо дар ҳама ҳол. Аз Абӯҳурайра (р) ривоят шуда, ки Расулуллоҳ (с) фармуданд:

«Ман дар назди гумони бандаам ба хеш мебошам ва ман бо ӯ ҳастам, он гоҳ ки маро ёд кунад». (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).

53. Саҳархӯрӣ. Аз Анас ибни Молик (р) ривоят аст, ки Паёмбари акрам (с) фармуданд:

«Саҳархӯрӣ кунед, зеро дар саҳархӯрӣ баракат аст». (Ривояти Бухорӣ, Муслим ва Тирмизӣ).

54. Ҳамду сипосгузорӣ ба Худованди Мутаъол пас аз хӯрдану нӯшидан. Аз Анас (р) ривоят аст, ки Пайғамбар (с) фармуданд:

«Ҳамоно Худованд аз бандае розӣ мешавад, ки чун луқмае бихӯрад, Ҳақ таъолоро бар он ҳамду сано гӯяд ва чун об бинӯшад, Ҳақ таъолоро бар он ҳамду сано гӯяд». (Ривояти Муслим).

55. Адо кардани закот. Худованди Мутаъол дар ин маврид мефармояд:

«Ва фармон наёфтанд, магар ин ки Худоро ба ихлоси комил дар дин парастиш кунанд ва аз ғайри дини ҳақ рӯй гардонда, намозро барпо доранд ва закотро бидиҳанд ва ин аст дини дуруст». («Баййина»; 5).

56. Садақаи фитр. Аз Ибни Аббос (р) ривоят аст, ки гуфт:

«Расули Худо (с) садақаи фитрро барои покии рӯзадор аз сухани беҳудаву дашном ва рӯзии мискинон фарз қарор дод. Касе, ки онро қабл аз намоз адо намояд, пас он садақаи мақбул аст ва ҳар кас онро баъд аз намоз адо кунад, садақае монанди дигар садақот хоҳад буд». (Ривояти Абӯдовуд).

57. Инфоқ дар роҳи Худо. Аллоҳ таъоло мефармояд:

«Ва ҳар гуна некӣ, ки барои хеш фиристед, онро назди Худо боз хоҳед ёфт, ҳамоно Худованд ба он чи мекунед, биност». («Бақара»; 110).

58. Садақа додан. Аз Муъоз ибни Ҷабал (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуданд:

«Садақа гуноҳро хомӯш мекунад, ҳамон гуна ки об оташро фурӯ менишонад». (Ривояти Тирмизӣ).

59. Садақаи тангдаст. Аз Абӯҳурайра (р) ривоят шуда, ки фармуд:

«Эй Расули Худо (с)! Аз ҳамаи садақаҳо кадом беҳтар аст?». Гуфт: Фармуд: «Дар тангдастӣ кӯшиш кардан ва аз касе, ки шуруъ кун, ки сарпарастии ӯ ба уҳдаи туст». (Ривояти Абӯдовуд, Ибни Хузайма ва Ҳоким).

60. Садақаи пинҳонӣ. Аз Абӯумома (р) ривоят аст, ки Расули гиромӣ фармуданд:

«Кирдорҳои нек аз гирифториҳои нохушоянд ҷилавгирӣ менамоянд, садақаи пинҳонӣ хашми Парвардигорро фурӯ менишонад ва силаи раҳм умрро меафзояд». (Ривояти Табаронӣ).

61. Фазилати коргузор дар додани садақа. Аз Абӯмӯсои Ашъарӣ (р) ривоят аст, ки Пайғамбар (с) фармуданд:

«Хизонадори амини мусулмоне, ки он чи ба он дастур дода шавад, иҷро мекунад ва онро комилу тамом ба касе, ки ба додани он ба ӯ амр шудааст, медиҳад ва бо ризояти хотир мепардозад, яке аз ду садақдиҳанда аст». (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).

62. Сохтани масҷид. Аз Усмон ибни Аффон (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд:

«Ҳар касе ба хотири ризои Худованд масҷиде бино кунад, Худованд барояш дар биҳишт хонае монанди он бино мекунад». (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).

63. Ошкор кардани салом ва додани таом. Аз Абдуллоҳ ибни Салом (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд:

«Эй мардум, саломро ошкор кунед ва таом диҳед, робитаи хешовандиро барқарор доред ва дар ҳоле ки мардум хоб ҳастанд, намоз бигузоред, то ба саломатӣ ба биҳишт дохил шавед». (Ривояти Тирмизӣ).

64. Дур кардани монеаҳо аз сари роҳ. Аз Абӯҳурайра (р) ривоят шуда, ки Расулуллоҳ (с) фармуданд:

«Мардеро дидам, ки дар биҳишт мегашт, зеро дарахтеро, ки аз болои роҳ сабаби озори мусулмонон мешуд, қатъ намуда буд». (Ривояти Муслим).

65. Некӣ бо падару модар ва итоат кардани онҳо. Аз Абӯҳурайра (р) ривоят шуда, ки Расулуллоҳ (с) фармуданд:

«Залилу бадбахт шуд, залилу бадбахт шуд, залилу бадбахт шуд. Пурсиданд: «Кадом касе, эй Пайғамбар?» Фармуд: «Касе, ки падару модари худро, яке ё ҳар дуро дар ҳангоми пирӣ дарёбад, вале дохили биҳишт нагардад».

66. Итоати зан аз шавҳари худ. Аз Абӯҳурайра (р) ривоят шудааст, ки Расули Худо (с) фармуданд:

«Ҳар зане, ки панҷ вақт намозашро ба ҷо орад, як моҳашро (моҳи Рамазонро) рӯза дорад, покдоманӣ пеша намуда, шавҳарашро итоат кунад, аз кадом дарвозаи биҳишт, ки бихоҳад, дохил шавад». (Ривояти Ибни Ҳиббон).

67. Касби рӯзии ҳалол ва кор бо дасту бозу. Аз Абӯбурда (р) ривоят шудааст, ки фармуд:

«Аз Расули Худо (с) суол карданд: «Аз байни касбҳо кадом покизатар ва беҳтар аст?». Фармуданд: «Кори инсон бо дасташ ва ҳар касбу кори мақбул». (Ривояти Ҳоким).

68. Додани нафақаи ҳамсару фарзандон. Аз Абӯмасъуди Ансорӣ (р) ривоят шудааст, ки Расули Худо (с) фармуданд:

«Ҳар гоҳ фарди мусулмоне барои ризои Худованд ба хонаводааш нафақае харҷ кунад, барояш садақа ба ҳисоб меравад». (Ривояти Бухорӣ).

69. Инфоқ ба бевагон ва тангдастон. Аз Абӯҳурайра (р) ривоят шудааст, ки Расули Худо (с) фармуданд:

«Касе, ки барои дастгирии бевагон ва мискинон талош кунад, монанди муҷоҳиди роҳи Худост». (Ровӣ мегӯяд:) Гумон мекунам, ки фармуд: «Ҳамчун намозгузоре, ки суст нашавад ва монанди рӯаздоре, ки ифтор накунад». (Ривояти Бухорӣ).

70. Сарпарастии ятим ва додани нафақаи ӯ. Аз Саҳл ибни Саъд (р) ривоят аст, ки Пайғамбар (с) фармуданд:

«Ману сарпарасти ятим дар биҳишт ин гуна ҳастем» ва ишора ба ангушти шаҳодат ва миёнаи худ намуда, онҳоро аз ҳам кушод. (Ривояти Бухорӣ).

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:28
Пешин12:40
Аср17:51
Шом19:48
Хуфтан21:18
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Муфассалтар