Паймоне барои манофеи гурӯҳӣ
Раиси ташкилоти экстремистию террористии ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ, ки дар чанд соли охир дар ҷаласаву нишастҳои гуногун сухан аз боби эътилофи нав мезад, ниҳоят бо дастгирии хоҷагони худ чанд гурӯҳакеро бунёд гузоштаву худ бо онҳо эътилоф барпо сохт. Зеро ҳоло ба кишварҳо ва ҷомеаи Ғарб сӯистифода аз дин, ки асли фаъолияти ТЭТ ҲНИ-ро ташкил медиҳад, ошкор гардидаву дигар ин ташкилоти террористӣ бо ин роҳ наметавонад фаъолиятҳои тахрибкоронаро ба роҳ монад. Аз ин хотир, ТЭТ ҲНИ бо чанд гурӯҳи муфтхӯри дигар муттаҳид гардида, барои эътилофи худ номи “нисбатан дунявитар” гузоштанд.
Дар ҳақиқат, аз натиҷаи фоъолиятҳои тахрибокронаи ТЭТ ҲНИ ва роҳбари хоини он Кабирӣ мардуми сарбаланди Ватани азизамон хуб медонанд. Барои миллати мо чеҳраи манфури Темури Варқӣ, ки гӯё шахси зиёӣ буду замони Шӯравӣ ҳамчун нависандаю шоир ва рӯзноманигори русзабон фаъолият дошт, ошкор гардид, ки дар асл аз Кабрии ифротӣ ҳеҷ фарқе надорад. Зеро ҷараёни воқеаҳо нишон доданд, ки онҳо дар асл, нафарони бадхоҳ, дурӯя ва манфиатҷӯ будаанд ва ҳамеша омодаанд, ки барои расидан ба ҳадафи ғаразнокашон аз баҳри тамоми арзишҳои милливу динӣ гузаранд.
Маълум аст, ки ҳамкории Муҳиддин Кабирии террорист ва Темур Варқии манфиатҷӯю беҳувият ба душмании халқ равона гардида, мақсади онҳо ба даст овардани қудрат ва пулу мол буда, душманона бар зидди Ватану миллат мубориза бурдан аст.
Аз ин рӯ, мо бояд ҳамеша кӯшиш ба харҷ диҳем, ки ба ваъдаҳои дурӯғини душманони ватани тинҷу оромамон, аз қабили Муҳиддин Кабирии ватанфурӯш ва дасисаҳои ӯ гирифтор нагардем.
Мардуми Тоҷикистон бояд ин хатаҳорро эҳсос намоянд, ҳушёр бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Дигар ҳеҷ вақт фирефтаи ҳизбу ҳаракатҳои бегона нашаванду хонаи ободи худро насӯзанд. Инчунин ба доми фиребу тазвири бегонагон наафтанд.
Қиёмиддин Насриддинов,
сармутахассиси Кумитаи дин
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар