Паймони миллии Тоҷикистон”-ро чун ниҳоди ифротӣ бишносем
«Ба инсон хос аст, ки хато кунад, аммо нодон ба хатои худ пофишорӣ менамояд» (Сисерон).
Ахиран гурӯҳе ба ном мухолифини Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳошияи анҷумани ҳуқуқи башари САҲА дар Варшава як эътилофи наве бо номи «Паймони миллии Тоҷикистон»-ро таъсис додаанд. Ба ин паймон ТЭТ ҲНИ, Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд ва Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо дохил шуда, раиси он М.Кабирӣ интихоб гардидааст. Даъвоҳои онҳо нав нестанд, фақат бо лафзи “демократия”, “озодӣ”, “интихоботи озод” ва ғайра, ки бо ин роҳ мехоҳанд таваҷҷуҳи ба қавли худашон «кишварҳои ғарбӣ, ки кафили демокросӣ ҳастанд»-ро боз як бори дигар ҷалб намоянд. Онҳо дар баромадҳои худ эътироф ва қоил ҳастанд, ки «кишварҳои ғарбӣ, ки кафили демокросӣ ҳастанд, барои рушди ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистон маблағҳои ҳангуфте ҷудо мекунанд». Бале, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба чашми худ дида истодааст, ки Тоҷикистон дар роҳи демократия ва озодӣ собитқадам ва устувор ба пеш рафта истодааст. Азбаски ҳама гуна пешрафти Тоҷикистон ба чашми ин гурӯҳҳои тангназар чун хор мехалад, пешниҳод мекунанд, ки «фаъолияти созмонҳои демократӣ, ки дар Тоҷикистон ба такмили демокросӣ машғуланд, маҳдуд карда шавад ва аз кумакҳои башариву сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногун худдорӣ шавад”. Бубинед, ки дар давоми баромади худ онҳо чӣ гуна туҳмати маҳз мекунанд: «Вале мақомоти Тоҷикистон аз ин пулҳо барои мубориза бо мухолифин ва нобудии онҳо дар дохилу хориҷ истифода мебаранд».
Ҳар як шахси солимфикр қазоват карда метавонад, ки давлатҳое, ки маблағ медиҳанд, дар ин самт таҷрибаи бой ва таҳлилҳои амиқ доранд ва он қадар содда нестанд, то маблағҳои худро ин тарафу он тараф пош диҳанд. Бо ин роҳ онҳо мақсад доранд, ки низоми демократияро, ки то имрӯз дар Тоҷикистон ба дастовардҳои бузург ноил гашт, суст намоянд. Ин талабу назари онҳо боз як бори дигар исбот менамояд, онҳо рушду пешрафти демократиро дар Тоҷикистон намехоҳанд ва бо ҳар роҳ ҳаракат намуда истодаанд, ки давлати озоду ҳуқуқбунёди тоҷиконро ба низоми исломӣ баргардонанд.
Бо ин асосҳо мо мардуми тоҷик ва минҷумла ходимони дин аз ҳамаи давлатҳо ва ташкилотҳое, ки тарафдори демократия ҳастанд, даъват менамоем, ки ба ин эътилофи «Паймони миллии Тоҷикистон» на ҳамчун сохтори тарафдорӣ демократия, балки ба сифати як гурӯҳи зиддидемократӣ ва ифротгаро баҳо диҳанд. Далелест, кифоя, ки ТЭТ ҲНИ дар ин гурӯҳ шомил аст.
Муовини аввали вазири хориҷаи Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидзода дар баромади худ дар анҷумани Варшава ин масъаларо кушоду равшан баён карданд: "Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ширкат дар ҳамоишҳо оид ба ченакҳои ҳуқуқи инсон ва нишастҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ буд, чунин мемонад. Аммо, мо ғайри қобили қабул медонем, баъзе аз гурӯҳҳои ифротгарое, ки бо даст задан ба амалҳои террористӣ айбдор шудаанд ва кишварҳои узви САҲА ҳамчун созмони терористиву экстремистӣ шинохтаанд, дар ин нишаст роҳ ёбанд. Ба ин даъво метавонад ҳизби экстремистӣ ва терористии Наҳзати исломӣ мисоли равшан бошад, ки дар амалҳои терористиву экстремистии дар Тоҷикистон рухдода даст дорад. Даст доштани ин ҳизб бо далелҳои зиёди радношаванда, тасдиқи худро ёфтааст”.
Илова бар ин, муовини аввали Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров дар анҷумани Варшава чунин таъкид кард: «Мо омадаем изҳор кунем, ки мавқеи мо муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароист. Мо талошҳоямон барои баргардондани шаҳрвандонамон ба Ватанро ҳамчун талоши таъмини ҳуқуқи онҳо баррасӣ мекунем. Чунки бисёрии онҳо раҳгум задаанд, онҳо ҷавонанд ва намедонанд, ки ин Ҳизби Наҳзати Исломӣ чӣ созмонест».
Бале, мақсади Пешвои муаззами миллат ва давлату ҳукумати Тоҷикистон он аст, ки шаҳрвандонамон ба Ватан бозгарданд ва дар роҳи ободониву пешрафти он дар баробари мардуми тоҷик саҳмгузор бошанд.
Ибодулло Калонзода,
имомхатиби масҷиди ҷомеи “Нури ислом”-и ш.Хуҷанд
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар