Асосӣ Мақолаҳо Даъвоҳои бемъниву бемантиқ

Даъвоҳои бемъниву бемантиқ

Даъвоҳои бемъниву бемантиқ
2018-09-15
3149

 Дар рўзи дувуми ҷаласаи САҲА Кабирӣ мақомоти Тоҷикистонро танқид карда чунин гуфтааст. «амалкардӣ мақомоти Тоҷикистон рушди терроризм аст». Бо ин суханаш фикр кунам Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш мехоҳанд, ки барои ҷурмҳои кардаашон ҷазо таъйин карда нашавад, ё ин ки дар назди Кабирӣ ҷазо таъйин кардан барои муҷрим ин рушди терроризм маҳсуб мешавад?. Банда дар ин бора чуноне ки вазъияти қонун дар Тоҷикистон ҳаст, гуфтаниам. Мо миллати тоҷик аз амалкардӣ қонунгузориҳои Тоҷикистон дар тараққӣ ва рушд ҳастем. Ҳатто он чизҳое, ки мо дар амлкардӣ қонунҳои Тоҷикистон дар замони истиқлолият ба даст овардаем ба мо пўшида нест. Инро худи  мухолифон ба хусус Кабирӣ хуб медонад. Чунончи дар 27 соли истиқлолият Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ шинохтанд ва ҳатто баъзе аз давлатҳои ҳамсоя таҷрибаи неки ин қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро мехоҳанд дар кишварашон амалӣ созанд. Аммо дарди Кабирӣ ва ҳаммаслаконашон дигар аст. У фақат ва фақат мехоҳад, қудрати Тоҷикистонро ба дасти худ гирад ва он маблағҳое, ки аз хоҷагони хориҷиаш дар ин роҳ сарф кардааст, ҷавоб гўяд.

       Возеҳтар гўям бояд хоҳишоти он хоҷагони беруниашро бароварда кунад. Ман дар ҳайратам, ки Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш намедонанд, ки имрўз тамоми ҳиллаву найранги ўро мардуми ин кишвар ба пуррагӣ омўхтаанд. Вақтҳое, ки ҳизби наҳзати ислом дар Тоҷикистон фаъолият мекард, Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш ба мардуми камсаводи ин кишвар мегуфтанд: «таъсиси ин ҳизб аз ояти Қуръон гирифта шудааст». Ин фақат ба он хотир буд, ки мардумро дар ҳизби худашон ҷалб намоянд. Ҳоло он ки барои таъсиси ягон ҳизби исломӣ дар ягон ояти Қуръон ишора нашудааст. Дар Қуръони карим ду ҳизб вуҷуд дорад, ҳизби Худо ва ҳизби шайтон, ки ҳизби Худо ба ростгўию покию инсондўстӣ ва итоати султон даъват мекунад. Вале ҳизби шайтон ба тафриқаву хиёнату хунрезӣ, ки Кабирӣ ва ёронаш дар кори ин ҳизб фаъолият мекунанд.

       Савол ин ҷост. Чаро Кабирӣ номи ҳизбашро иваз кард. То дирўз менавишт, ки таъсиси ҳизби ман аз ояти Қуръон гирифта шудааст, танҳо дар ин ивазкуниҳо ду омил аст. Якум: Кор ва фаъолияташ дар Аврупо осон гардад. Дувум: Ў хуб фаҳмид, ки ҷавонони даврони истиқлолият аз илму тамаддуну фарҳанг бисёр бархурдор шудаанд. Бинобар ин гуё ҳизбашро ҳуввияти миллӣ дода аз ҲНИ ба «Паймони миллии Тоҷикистон» иваз кард, то ҷавонони моро ба дому фиреби худ кашад, лекин ман ба Кабирӣ ва ёронаш ба тамоми масъулият гуфта метавонам, ки он ҷавононеро, ки Шумо як бор оби чашми падарону модарони онҳоро рехтед ва мактабу боғчаву хонаҳои онҳоро ба харобазор табдил додед, ҳаргиз аз пушти шумо нахоҳанд рафт. Дар охир боз маҷбур мешавед, ки номи ин созмонатонро ҳам иваз кунед. Лекин дониста бошед, ки агар ҳазор номи дигар ҳам гузоред, мардуми ин кишвар ба доми фиреби шумо намеафтанд ва мардуми ин Тоҷикистони  азиз аз сиёсатҳои хирадмандонаи Пешвои миллату бузургони мазҳаби ҳанафӣ рўй нахоҳанд гардонд.  

         Хулоса ман аз забони шоир ба Кабирию ҳаммаслаконаш хитоб карда, мегўям:

         Ҷуз ризқи муқаддар нест, ҳосили комат,

         Агар чун анкабутон ришта ба сад дому дар бандӣ.

 

Сангалиев Маҳмуд

Сармутахассиси Раёcати фатво

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:44
Пешин12:40
Аср15:12
Шом17:08
Хуфтан18:38
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар