Асосӣ Мақолаҳо ВАРШАВА-ОИНАИ СИМОНАМОИ ТЭТ ҲНИ

ВАРШАВА-ОИНАИ СИМОНАМОИ ТЭТ ҲНИ

ВАРШАВА-ОИНАИ СИМОНАМОИ ТЭТ ҲНИ
2018-09-19
2813

Мегӯянд, ки инсонҳоро ё дар сафар ва ё дар вазъи мушкил мешиносанд. Ҷаласаи САҲА дар пойтахти Лаҳистон, ки аз рӯи ченакҳои инсонӣ ҳамасола вазъи кишварҳои аъзоро баррасӣ мекунад, ба хубӣ нишон дода истодааст, ки мавқеи кадом тарафҳо аз рӯи ақли солим ҳақ буда ва киҳо чӣ гуна манфиатҳоро ҷонибдор мебошанд. Аз васоити ахбор мебинем, ки ҳама ҳушу гӯши ҷараёнҳои тундгарое, ки худро “мухолифин” муаррифӣ мекунанд, бо сарварии Кабирӣ ба он равона шудааст, ки САҲА чораҷӯиҳое бар зарари Тоҷикистон анҷом диҳад. Боз ҳамон гапҳои кӯҳнаи обшуста дар бораи озодии инсонҳо, вазъи молии мардум, маҳбусон ва ғайра… Ҳоло шахсе дар бораи ҳуқуқу озодии инсон сухан мегӯяд, ки сабабгори қатли садҳо инсони бегуноҳ гардидааст. Кабирӣ бо ба забон овардани таъбири “зиндониёни сиёсӣ” онҳоеро дар назар дорад, ки қонунро вайрон карда, ҷурму ҷиноятҳои вазнин содир намудаанд. Аммо аз чӣ бошад Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш то дами марг гуноҳашонро савоб медонанд.

Як “мухолиф”-и дигаре бо номи Шарофиддин Гадоев, ки худро ҳамоҳангкунандаи Ҷунбиши ислоҳот ва рушд муаррифӣ мекунад, мегӯяд, ки кишварҳои ғарбӣ аз расонидани кумак ба Тоҷикистон даст кашанд ва ҳатто таҳримҳо ҷорӣ карда шаванд. Инро душманӣ ва бадкории рӯирост меноманд. Чӣ гуна мешавад, ки аз хориҷа истода ба намояндагони созмонҳои байналмилалӣ даъво пеш биёрӣ, ки ба Тоҷикистон – ватани падару модарат ёрӣ нарасонанд… Боз шарм надошта, дар бораи баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон ва аз меҳру муҳаббат ба ватан аз минбарҳои баланд сухан мегӯянд.  

Даъвоҳои Ёқубов ва Шерзамонов, ду фирории беватани дигар низ беасос ва танҳо манфитаҳои худро мадди назар доштанд. Агар ҳама фикру ақидаи “мухолифин”-ро дар ин ҷаласа хулоса кунем, ҳамин аст, ки онҳо умуман пешрафти Тоҷикистон ва беҳбудии мардуми онро намехоҳанд. Қонун ва риояи қонуният барои онҳо эътиборе надорад. Бо ин гуна афкори заҳролуд мусаллаҳ шуда, дар ин ҷаласаи муътабар зидди Тоҷикистон баромад кардан маънои дар ҳақиқат душмани Ватан буданро дорад.

Хулоса, мардуми кишвар бахусус ҷавонони баномуси Тоҷикистон бояд бисёр ҳушёру зирак бошанд, то аз он сӯрохе, ки газида шуданд, дубора газида нашаванд. Зеро ин амр паёми Расули Худо ба умматон маҳсуб мешавад.

Маҳмуд Сангалиев,

сармутахассиси Раёсати фатво

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:44
Пешин12:40
Аср15:12
Шом17:08
Хуфтан18:38
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар