Асосӣ Мақолаҳо Хиёнат. Хиёнате, ки ҳаргиз бахшида намешавад!

Хиёнат. Хиёнате, ки ҳаргиз бахшида намешавад!

Хиёнат. Хиёнате, ки ҳаргиз бахшида намешавад!
2018-09-20
2763

Новобаста аз он ки амалҳои хоинонаву ҷинояткоронаи роҳбарони ТЭТ ҲНИ-ро давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон як маротиба  бахшид, аммо ин нафарон аз фурсат истифода карда, дар байни мардуми кишвар худро мусичаи бегуноҳ љилвагар менамуданд, аммо дар асл нисбат ба давлату Ҳукумати Тоҷикистон ниятҳои шумашро амалӣ кардаву интизори фурсати аз пушт ханҷар задан буданд. Зеро ин гурӯҳи ифротӣ ободиву оромии мардуми Тоҷикистонро дида наметавонист. Бо маблағгузории  хоҷагони  хориҷӣ даст ба корҳои  пасту ношоиста заданд. Кори пасту нобахшиданиашон  ин хиёнат ба ВАТАН, МИЛЛАТ, ДАВЛАТ, ПАДАРУ МОДАР ва ОБУ ХОКИ МУҚАДДАСИ ВАТАН буд.

Баъди ошкор шудани амалҳои пасташон ба хориҷа гурехта рафтанд, то ки касе дасти онњоро гирад. Мутаассфиона, ҳастанд кишварҳову созмонҳое, ки бо сиёсатҳои духӯраи худ аз чунин ҷараёнҳои ифротиву ватанбезор ҳамчун васила истифода мекунанд ва бо маблағгузории онҳо роҳбарону аъзои ТЭТ ҲНИ ҳамеша кушиш мекунанд, ки дар кишвари азизи мо як нооромиро сабаб гарданд.

Далели ин гуфтаҳо нишастҳои навбатии САҲА дар Варшабуда метавонад. Бо дастгирии ҷонибҳои ба ҳама маълум наҳзатиён ба дар ин ҷаласаҳо ҳузур ёфтанду минбар гирифтанд ва худро ҳақ хонданд. Аз чизе нашармиданд. Хиёнату ҷиноятҳояшонро гӯё мардум фаромуш карданд. Дар Варшава бо ҳазорон нағма мехоҳанд, ки худро “як ҷараёни муътадил” ҷилва дињанд, аммо ҳеҷ кас бадро хуб намегӯяд, албатта ба истиснои ҷонибҳои манфиатхоҳе чун созмонҳои маълуми ба гурӯҳҳои ифротӣ минбардиҳанда. 

ТЭТ ҲНИ ба сифати як ҳизби террористӣ ҳамеша дар нооромии ҷомеа кӯшиш кардааст. Ин гурӯҳ ва аъзоёнаш танҳо хиёнатро  метавонанду халос. Дар нишасти САҲА аслан аъзоёни ин гурӯҳ набояд бошанд. Кабирӣ агар ватану миллатро дӯст медошт, ба чунин амалҳои паст даст намезад ва оромии ҷомеаро мехост!  ТЭТ ҲНИ  бо маблағ гирифтан аз хоҷагони хориҷиаш ба Ватану миллат хиёнат кард. Хиёнате, ки ҳаргиз бахшида намешавад!

Бурҳониддин Аминов,

корманди Кумитаи дин

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:44
Пешин12:40
Аср15:12
Шом17:08
Хуфтан18:38
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар